Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Зеленский дар бораи ҷойгиршавии нерӯҳои Кореяи Шимолӣ


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Раисҷумҳури Украина ҳушдор дод, ки Русия ният дорад сарбозони Кореяи Шимолиро аз 27-уми октябр дар майдонҳои даргирӣ ҷобаҷо кунад.

Владимир Зеленский хоҳони фишори “воқеӣ”-и байнулмилалӣ ба Русия ва Кореяи Шимолӣ шуд, то ҳарду кишвар ба санадҳои Созмони Милали Муттаҳид эҳтиром бигузоранд.

Вай рӯзи 25-уми октябр дар шабакаи “X” навишт, “интизор меравад, Русия аввалин гурӯҳи сарбозони Кореяи Шимолиро рӯзҳои 27-28-уми октябр ба минтақаҳои даргирӣ барад.”

Хадамоти истихбороти низомии Украина рӯзи 24-уми октябр гуфт, ки ҳузури нерӯҳои Кореяи Шимолиро дар вилояти Курски Русия ошкор кардааст.

Нерӯҳои украинӣ дар моҳи августи имсол ба Курск ҳамла карда, гӯшаҳое аз ин вилояти Русияро зери назорат дароварданд. Курск бо Украина ҳамсарҳад аст.

Киев мегӯяд, ин қаламрав ҳамчун як минтақаи буферӣ алайҳи ҳамлаҳои Русия ба Украина истифода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG