Наҷмиддин Шарифов – сокини ноҳияи Рашт – барои иншои беҳтарин дар бораи духтараш ҷоизаи Бунёди нуфусшумории Созмони Милали Муттаҳидро соҳиб шуд. Шарифов дар иншои худ гуфтааст, аз духтаре, ки падараш то синфи ҳафт ва модараш то синфи панҷум таҳсил кардаанд, вале ӯ тавонист, дар Аврупо соҳиби маълумоти олӣ шавад, ифтихор мекунад. "Духтари ман дар минтақаи кӯҳистонии Тоҷикистон зода шудааст, аммо ҳамеша талош мекард ба орзуҳояш расад ва ҳамин тавр ҳам шуд", - нигоштааст Наҷмиддин Шарифов.
Ман хонаводаеро медонам, ки панҷ духтар дорад, вале писар надорад. Санги маломатро ба сари ҳамсараш мерезад, ки натавонист барояш писар ба дунё орад. Ҳоло кӯшиш дорад, ки оилаи дигар бунёд кунад.Фазлиддин Қурбонов
Бунёди нуфусшумории Созмони Милали Муттаҳид бо анҷоми озмуни "Ман бо духтарам ифтихор мекунам" исми падаронеро эълон кард, ки дар бораи духтарони худ иншо навишта, аз бартарӣ ва истеъдоди онҳо қисса кардаанд. Ин озмун моҳи июл эълон шуд ва шоми 14 октябр ҷамъбаст гардид.
Дар баробари Наҷмиддин Шарифов даҳҳо падари дигар низ аз хислату орзуҳои духтарони худ қисса карда ва онҳоро боис ба ифтихор донистаанд. Фазлиддин Қурбонов, аз ғолибони дигари ин озмун, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Қубодиён аст. Ӯ рӯзи 15 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин озмун иштирок кард, то қолабҳои шахшуда дар ҷомеи суннатии Тоҷикистонро шиканад ва барои хонаводаҳое, ки дар онҳо бартарии писарон эҳсос мешавад, намуна бошад.
Фазлиддин Қурбонов шаш духтар дорад ва мегӯяд, ҳатто боре эҳсос накардааст, ки писараш нест. "Зеро духтаронам дар мактаб бо баҳои аъло мехонанд, дар корҳои рӯзгор кумак мекунанд ва аз ин хотир набудани писар дар хонаводаи мо эҳсос намешавад", - афзуд ӯ.
Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, бо он ки дар чанд соли ахир назари ҷомеа ба духтардорӣ тағйир мехӯрад, вале ҳанӯз хонаводаҳое ҳастанд, ки ба хотири надоштани писар аз ҳамсарони худ ҷудо мешаванд: "Ман хонаводаеро медонам, ки панҷ духтар дорад, вале писар надорад. Санги маломатро ба сари ҳамсараш мерезад, ки натавонистааст барояш писар ба дунё орад, ҳоло кӯшиш мекунад, оилаи дигар бунёд кунад, то писардор шавад. Писару духтар муҳим нест, муҳим инки фарзанд аст ва чигуна тарбия дорад."
Масъулони озмун "Ман бо духтарам ифтихор мекунам" гуфтанд, бо интихоби ин мавзӯъ талош кардаанд, падарон ба духтарҳои худ ҳамон гуна арзиш гузоранд, ки ба писарҳои худ қоил ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки аксаран бо сабабҳои иҷтимоӣ, духтарон аз таҳсил ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ дур мешаванд. Парвиз Бобоев, масъули Бунёди нуфусшумории Созмони Милали Муттаҳид гуфт, давоми чаҳор моҳи эълони озмун, 78 иншо ва садҳо акс аз ҷониби падару модарон ба унвонии озмун ирсол шудааст.
Бобоев гуфт, онҳо бовар надоштанд, дар ҷомеаи Тоҷикистон падароне, ки бо доштани духтар ва аз истеъдоду бартариҳои онҳо ифтихор мекунанд, зиёданд. “Мақсади озмун ҳам нишон додани мавқеи назаррас ва мусбати падарон барои ҳимоят аз духтаронашон буд”, - гуфт Парвиз Бобоев.
Ҳакамони ин озмун таъкид доштанд, барояшон интихоби ғолибон мушкил буд, зеро қиссаҳои навиштаи ҳам падарон ва ҳам модарон ҷолибу хонданӣ ва гоҳе ғамангез буд. Маҳбуба Абдуллоева, намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон ва яке аз аъзои ҳакамон дар ин озмун, гуфт, “бо он ки падарон мисли модар нозукона аз зиндагиву хислати духтарони худ қисса накардаанд, вале аз навиштаҳои онҳо эҳсос мешуд, ки воқеан онҳо бо духтарони худ ифтихор мекунанд.”
Бар асоси омори расмӣ 51 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро занону духтарон ташкил медиҳанд. 48 дарсади коргарон дар Тоҷикистон занонанд ва наздики як миллион зани хонашин ба сар мебаранд, ки аз 25 то 54 сол доранд.