Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабули қонуни баҳсбарангез. Идомаи эътирозҳо дар Гурҷистон


Тбилиси
Тбилиси

Бо вуҷуди мухолифатҳо, порлумони Гурҷистон лоиҳаи қонунро "Дар бораи шаффофияти таъсири берунӣ" қабул кард, ки мухолифонаш онро ба қонуни "агентҳои хориҷӣ"-и Русия шабеҳ медонанд.

Ба ҷонибдорӣ аз лоиҳаи қонун аз 150 вакил 83 кас, намояндагони Ҳизби "Орзуи гурҷӣ" ва ҳампаймонҳояшон раъй доданд. Мухолифон дар раъйгирӣ ширкат накарданд.

Ин қонун созмонҳоеро, ки аз хориҷа барои корашон пул мегиранд, маҷбур мекунад, ҳамчун агенти хориҷӣ сабти ном шаванд. Мухолифон қабули онро тақлид ба қонуни “агентиҳои хориҷӣ”- и Русия медонанд, ки ба гуфтаи онҳо, боис ба нақзи озодии баён ва монеи пайвастани Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо мешавад.

Саломе Зурабишвили, президенти Гурҷистон, гуфтааст, ин қонунро имзо намекунад. Дар сурати имзо нашудани қонун аз ҷониби президент порлумон имкон дорад, онро тасвиб ва мавриди амал қарор диҳад.

Эътироз дар Тбилиси (Тифлис) як моҳ боз идома дошт, вале рӯзи якуми май ва пас аз тасвиби қонун дар хониши дуюм хашми норозиён бештар шуд.

Зиёда аз 15 ҳазор нафар дар эътирози зидди қонун ширкат кардаанд. Пулис ба норозиёни хашмгин бо гази ашковар ҳамла карда, беш аз 60 нафарро боздошт намуд. Вазорати тандурустии Гурҷистон гуфт, 11 нафар, аз ҷумла шаш афсари пулис захмӣ шудаанд.

Гурҷистон дар соли 2008 ва пас аз як ҷанги кӯтоҳ бо Русия ва аз даст додани қисме аз қаламравҳояш, ҳамкориро бо Аврупо бештар карда буд. Ҳоло мухолифон мегӯянд, бо қабули ин қонун Гурҷистон худашро ба Русия наздик мекунад.

Зимни яке аз баррасиҳои қонун ду вакили порлумон бо ҳам занозанӣ карда буданд. Бо вуҷуди мухолифатҳои тӯлонӣ, аксари вакилон дар ду даври хониш онро қабул карданд.

XS
SM
MD
LG