Ҳузури аз ҳади беши мардҳо дар китобҳои дарсии макотиби миёна Рисолат ва ҳамсабақони ӯро, ки дар мактаби рақами 24-и пойтахти Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ҳайрон кардааст. Онҳо баъзан аз устодон мепурсанд, ки чаро занҳо дар китобҳои дарсӣ танҳо дар нақши ошпазу дузандаву мураббӣ зикр мешаванд, дар ҳоле, ки Тоҷикистон садҳо шоиру муҳандису олими зан дорад? Устодон ба ин суолҳо посухи дақиқ намедиҳанд ва талабаҳо низ ба ин натиҷа мерасанд: "Эҳтимол ин бардоштҳо аз асри гузашта буда, занон он вақт ҳуқуқи зиёд надоштанд ва аз ин сабаб мардон бештар муаррифӣ шудаанд.”
Эроди хонандаҳо дар бораи нобаробарии ҷинсӣ дар китобҳои таълимиро вазорати маорифи Тоҷикистон низ дарк кардааст ва акнун тасмим дорад ин иштибоҳро ислоҳ кунад. Бар пояии Қонуни асосии Тоҷикистон, зану мард дар ин кишвар ҳуқуқи баробар доранд, вале дар асл, ҷомеаи кишвар мардсолор аст ва занҳо дар ҳамаи бахшҳо, аз сиёсат то маорифу иҷтимоб нақшҳои дуюмдараҷа мебозанд. Тасвири зану мард дар китобҳои дарсӣ, масалан мард дар нақши муҳандис ва зан дар наши ошпаз метавонад ин ақидаро дар зеҳни кӯдакон ҷой диҳад, ки занҳо ба коре бештар аз пухтупаз қодир нестанд.
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар пайи як пажуҳиш гендерӣ сатҳи баланди нобаробарии ҷинсӣ дар китобҳои дарсиро ошкор кардааст. Ирина Каримова, муовини раиси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мегӯяд, дар китобҳои дарсӣ нақши мардҳо барҷаста тавсир шуда, хислатҳое чун ҷасорату тавонмандӣ ва озодихоҳӣ ба мардҳо рабт дода шудааст.
“Барои мисол дар китобҳо агар муҳандис тасвир мешуд, ҳатман он мард буд, муаллим агар мебуд он ҳатман зан буд ва ҳатман бо айнак. Агар ин китоби таърих аст, дар он ҳатман қаҳрамонҳо мардонанд. Ҳарчанд маълум аст, ки қаҳрамонҳо бештар мардонанд, аммо боз ҳам мо камтарин қаҳрамонии занонро ҳам ба инобат бигирем ва ба хонанда онро бирасонем. Агар ин адабиёт аст, ҳоло шоираҳо халқии зиёде аз ҳисоби занон аст ва агар дар бораи зиндагиву фаъолияти онҳо бештар маълумот дода шавад мо бурд хоҳем кард” - мегӯяд Ирина Каримова.
Пажуҳиши гендерии китобҳои дарсӣ ҳамчунин мушаххас кардааст, ки нобаробарӣ дар таблиғи ҳаёти солим ва варзиш низ мушоҳида мешавад. Барои намуна, дар баррасии дастовардҳои варзишгарон сӯҳбат бештар аз мардҳои қаҳрамон аст ва занҳо бо онки қаҳрамонҳои зиёди варзишгар доранд, дар сояи мардҳо мондаанд. Пажуҳишгарони гендерӣ хулосаи омӯзиш ва эродҳои худро ба вазорати маориф ва муаллифони китобҳо пешниҳод карданд, ки баробарии ҷинсиро дар китобҳо ва ҳамин тавр дар зеҳни талабаҳо барқарор кунад.
Саидамир Аминов, муаллифи китоби забони модарӣ барои синфҳои 7 то 11 мегӯяд, ки ӯ акнун ҷараёни таълифи адабиёт ба масъалаи баробарии нақши зану мард диққат медиҳад, ҳарчанд ба қавли ӯ ин барояш осон нахоҳад буд. “Албатта чанд омил дорад ин. Қаблан ин хел масъалагузорӣ набуд ва муаллиф матнҳоро вобаста ба мавзуи дарсӣ аз осори адибони шинохта мегирад ва дар ин матнҳо бештар дар бораи мардон аст. Ман ҳоло ба хулоса омадам, ки матнҳое интихоб шавад, дар он занҳо ҳам фаъол бошанд. Масалан, вақте сухан дар боари ҷасурии ин ё он мард меравад, агар дар худи матн ҳам набошад, дар поёни он тавассути суолҳо ман бояд нақши занро ҳам тасвир кунам. Масалан пурсам, ки шумо қаҳрамониро фақат ба занон нисбат медиҳед?. “
Дар доираи ташхиси гендерии Академияи таҳсилоти маориф, таносуби ҷинсӣ дар баробари адабиёти дарсӣ дар муҳити мактаб ва синф ҳам мавриди омӯзиш будаст. “Мо ба ин ҳам таваҷҷӯҳ кардем, ки навбатдорӣ ва кори синф ва мактаб чӣ гуна танзим шудааст. Дидем, ки агар духтару писар навбатдор аст, ҳатман духтар тахтаи синф ва фарши онро пок мекунад. Ё барои мисол, дар як тасвире барои синфҳои 1 модар кӯдакро ба мактаб гусел мекунад, яъне падар куҷо аст? Ин ба маъноест, ки мо кӯдаконро дар рӯҳияи оилаи нопурра тарбия мекунем”- мегӯяд Ирина Каримова.
Тарғиби якҷонибаи ҷинсӣ ва нобаробарии гендерӣ дар барномаҳои таълимӣ ба гуфтаи мутахассисон наврасонро дар руҳияи нодуруст тарбия мекунад ва занҳоро дар ҳамаи бахшҳо заифтар аз мард ва мардҳоро нерӯмандтар аз зан ба намоиш мекунадад. Як сӯҳбати сарироҳии мо дар кӯчаҳои пойтахт ишора ба ҳамин тамоюл мекунад.
“Дар китоби мо бештар дар бораи мардон ҳикояҳо мешавад. Аз қаҳрамонҳо Садриддин Айнӣ, Исмоили Сомонӣ, Бобоҷон Ғафуровро мешиносем. Мардҳо корнамоии бештар мекунанд. Занон бештар хонанишинанд.”
“Зан бояд хонанишин бошад, кӯдаку шавҳарашро нигоҳ кунад.”
Зан аз ӯҳдаи чӣ кор баромада метавонад?
“Зан омӯзор буда метавонад, хабарнигор, китобхоначӣ.
Зан метавонад кайҳонавард бошад?
“Не, онҳо метарсанд.”
Занон ҷасур метавонанд бошанд?
“Кам. Мардон бештар ҷасуранд, зиёд кор мекунанд. Коре, ки мард мекунад, зан наметавонад. Онҳоро дар ҳамаҷо ба кор мегиранд.”
Барои ислоҳи ин андешаҳо дар наврасон ва умуман ҷомеаи мардсолори Тоҷикистон ба муаллифони китобҳои дарсӣ ва умуман масъулини соҳаи маориф таъкид шудааст, ки дар фаъолияти худ ба таносуби ҷинсӣ ё баробарии зану мард диққати ҷиддӣ диҳанд. Ҳарчанд ба гуфтаи ҷомеашиносон дар шароите, ки кӯдакон дар хона дар руҳияи нобаробарӣ тарбия меёбанд, бо ислоҳи чанд китоб ва барнома намешавад мафкураи онҳоро тағйир дод.