Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносон: Маҳдудсозии сомонаҳо таҳдид ба амнияти иттилоотӣ аст


Нишасти "Васоити ахбори омма ва амнияти фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон" дар Душанбе. Рӯзи 19 декабр.
Нишасти "Васоити ахбори омма ва амнияти фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон" дар Душанбе. Рӯзи 19 декабр.

Мутахассисон дар нишасте дар шаҳри Душанбе ҳушдор доданд, ки бо маҳдудсозии сомонаҳои интернетӣ мавқеи Тоҷикистон дар олами маҷозии муосир хеле танг мешавад.

Дар нишасти мавсум ба "Васоити ахбори омма ва амнияти фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон" рӯзи 19 декабр дар шаҳри Душанбе гуфта шуд, ки масдуд кардани сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ба амнияти иттилоотӣ дар кишвар хатар дорад. Аҳли нишаст чолишҳои муосир дар фазои иттилоотии Тоҷикистон, ба вижа дар масоили ҳуқуқиву иқтисодӣ ва ахлоқии фаъолияти расонаҳоро баррасӣ карданд.

Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандаҳои интернет дар ин нишаст гуфт, тадобире, ки барои таъмини амнияти иттилоотӣ дар кишвар андешида мешавад, таври маъмул, дар шакли алоҳидагӣ рӯи даст гирифта мешаванд. Ба бовари ӯ, вақте сомона ва ё шабакаҳои иҷтимоиро маҳдуд мекунанд, мавқеи Тоҷикистон дар олами маҷозии муосир, яъне дар интернет хеле танг мешавад. Яъне, дар сурати бастани шабакаҳо ва сомонаҳои расонаҳо дар интернет дигар ҷомеаи тоҷик наметавонанд

Асомиддин Атоев
Асомиддин Атоев

аз манфиатҳои кишвар ҳимоят кунанд. Ҳол он, ки тариқи интернет ва расонаҳои онлайнӣ ва маводҳои чандрасонаӣ, хеле хуб мешавад аз Тоҷикистон ҳимоят кард.

Ӯ мегӯяд: “Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет маводҳои чандрасонаӣ хело зиёданд, ки манфиатҳои Тоҷикистонро ҳифз мекунанд. Кишварҳои рушдкардаи дунё ва рӯ ба тараққӣ, фазои интернетии давлаташонро мисли сарҳадашон медонанд ва онро ҳифз мекунанд. Мисли мо маҳдуд намекунанд.“

Асомиддин Атоев ҳамчунин ба унвони мисол гуфт, вақте дар шабакаи Ютуб навори "Сурия бародар Абухолиди Кулоби аз мулки ШОМ" пайдо шуд, мардум чандон таваҷҷӯҳ ба ин навор надоштанд. Вале вақте онро дастнорас карданд, баръакс таваҷҷӯҳи мардум ба он хеле бештар шуд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ҷаноби Атоев, ҳудуди 20 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд ва дар сурати масдуд кардани сомонаҳо, ин гурӯҳи бузурги шаҳрвандон фаромӯш мешаванд.

Дар ин ҳамоиш ҳамчунин маҳдуд кардани расонаҳо, аз мансаб сӯистифода кардани иддае аз мансабдорон ва фишор овардан ба рӯзномагирон, рӯзномаҳоро ба манфиати худ истифода кардан ва худсонсурии хабарнигорон, ки боиси озодии баён мегардад, баррасӣ шуд.

Муҳайё Нозимова, рӯзноманигори мустақили тоҷик низ бар ин назар аст, ки яке аз хатарҳо барои ВАО-и тоҷик, масдуд кардани расонаҳо ва дастрасӣ надоштани мардум ба иттилои саҳеҳ ва дуруст мебошад. Ба гуфтаи Нозимова, ҳарчанд имрӯз бо сабаби бӯҳрони молӣ нашри ҳафтаномаҳо камтар шудааст, аммо ин чандон ташвишовар нест. Зеро агар расонаҳо талош кунанд, имкони аз бӯҳрони молӣ баромаданро доранд, аммо вақте як расона ё шабака баста мешавад ва мардум ба иттилои саҳеҳ дастрасӣ пайдо намекунад, хатари ин бештар аст.

Муҳайё Нозимова мегӯяд: “Мақомот ҳар қадар дастрасӣ ба интернету сомонаҳоро маҳдуд кунад, одамон ҳам ҳамон андоза роҳҳои дигари воридшавӣ ба шабакаҳоро ҷустуҷӯй мекунанд. Онҳое, ки фикр доранд бо бастани ду-се сомона метавонанд дастрасӣ ба кадом хабари нолозимро барои ҷомеа маҳдуд кунанд, андешаашон хато аст. Зеро онҳо шавқи мардумро баръакс бештар мекунанд.”

Ба андешаи Муҳайё, агар ҳукумати Тоҷикистон бо ҷалби ҳам рӯзноманигорони мустақил ва ҳам давлатӣ талош кунад иттилои дурустро ба мардум фаҳмонад, ин роҳи беҳтари пешгирӣ аз таъмини амнияти иттилоотӣ аст. Аз он ки бо “вазидани шамоли сахттар”, ҳамаро маҳдуд мекунанд.

Сар аз тобистони соли ҷорӣ чандин сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон масдуд шуданд. Ҳарчанд Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қатъи дастрасии муштариёнро ба сомонаҳо рад мекунад, сафи шикояткунандагон рӯ ба афзоиш дорад ва ҳисобкунакҳои Гугл ва Адоб нишон медиҳанд, ки шумораи воридшавандагон ба сомонаҳои хабарӣ кам шудааст.

Ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ва алоқаи мобилии Тоҷикистон дар гузашта низ борҳо дастрасии муштариёнро ба сомонаҳои гуногун, аз ҷумла Радиои Озодӣ, Фейсбук, Ютюб ва Озодагонро маҳдуд карда буданд. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон танҳо бархе аз чунин мавридҳоро эътироф карда, онро ба “мушкили фаннӣ” бастагӣ додааст.

XS
SM
MD
LG