Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамрохон Зарифӣ: "Таърих ба кори ман баҳо медиҳад"


Ҳамрохон Зарифӣ, сафири нави Тоҷикистон дар Япония ба саволҳои радиои Озодӣ посух дод

Рӯзи 10 август бо як амри президент Эмомалӣ Раҳмон собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба мақоми сафир дар Япония таъйин шуд. Зарифӣ дар ин мақом Ғуломҷон Бобозодаро иваз кард. Ҳамрохон Зарифӣ 66 сол дошта, дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи физика ва математикаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб буда, фаъолияти меҳнатиашро ба сифати омӯзгор дар Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб оғоз кардааст. Номзади илми сиёсатшиносӣ аст. Солҳои 1974-93 дар сохторҳои амниятии кишвар кор карда, аз соли 1993 ба кори Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гузашт. Солҳои 1995-1996 - муовини вазир, 1996-2002 - намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА ва СММ дар шаҳри Вена, 1997-2002 - сафири Тоҷикистон дар Австрия, Швейтсария ва Маҷористон, 2002-2006 – сафир дар ИМА будааст. Наздики ҳафт сол, аз декабри 2006 то 2013 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд. Оиладор, соҳиби ду фарзанд аст.

Ҳамрохон Зарифӣ дар як тамоси телефонӣ ба саволҳои радиои Озодӣ посух дод.

Ҳамрохон Зарифӣ: "Таърих ба кори ман баҳо медиҳад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:01 0:00

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Зарифӣ, вақти таъйини шумо чӣ тавр шуд, ки интихоб рӯи Япония афтод?

Ҳамрохон Зарифӣ: Тасмим аз тарафи Ҷаноби олӣ, президенти кишвар Эмомалӣ Шарифович гирифта шудааст. Шояд бо назардошти имкониятҳои ман ва имкониятҳои мавҷуда гирифта шудааст, аз он лиҳоз, ки шояд муносибатҳои мову Япония бояд дар сатҳи баландтар бошанд. Чунки Япония яке аз давлатҳои аз лиҳози иқтисодӣ тараққикардаи ҷаҳон аст. Фикр мекунам, ки муносибатҳои мо бояд боз ҳам дар сатҳи баландтар бошанд. Албатта, ман кӯшиш мекунам, он имкониятҳоеро, ки дорам, барои беҳбуди муносибатҳои дуҷониба равона кунам ва, албатта, барои ба боварии Ҷаноби олӣ сазовор шудан ҳамаи имкониятҳоямро истифода мекунам.

Радиои Озодӣ: Замоне, ки вазири умури хориҷаи Тоҷикистон будед, баъзеҳо шуморо чун вазири ғарбгаро унвон мекарданд ва мегуфтанд, ки бо мавқеъгирии мустақилона аз пешгузаштагони худ фарқ мекунед. Ҳамчунин гуфта мешуд, ки шумо бо мустақилияти худ шарики стратегии Тоҷикистон - Русияро асабонӣ мекунед. Шумо худро воқеан ҳам як вазири ғарбгаҳо эҳсос мекардед? Ҳоло ба ин андешаҳо чӣ гуфта метавонед?

Ҳамрохон Зарифӣ: Ман ҳамон вақт ҳам ба ин саволҳо чандин бор ҷавоб додаам. Ман на вазири ғарбгароам, на шарқгаро. Ман вазире будам, ки манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя мекардам. Аз рӯи сиёсате, ки Ҷаноби олӣ пеш мебурданд, ҳамчун як раҳбари органи сиёсӣ ҳаракат мекардам, ки он муносибатҳои бисёрҷонибае, ки Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя дошт, ҳамонро ташаккул диҳам.

Радиои Озодӣ: То куҷо вазири хориҷа дар рафтору кирдораш метавонад ба унвони як шахсият ва сиёсатмадор мустақил бошад?

Ҳамрохон Зарифӣ: Вазири хориҷӣ яке аз раҳбарони органҳои сиёсиест, ки аз тарафи раҳбарияти олии ҷумҳурӣ таъин мешавад, дар кадом кишваре, ки набошад, аз мавқеъи раҳбари давлат пуштибонӣ мекунад ва пеш мебарад. Ҳеҷ вақт вазири корҳои хориҷӣ наметавонад дар кори

Ҳамрохон Зарифӣ бо Ҳилларӣ Клинтон дар Душанбе. Октябри соли 2011
Ҳамрохон Зарифӣ бо Ҳилларӣ Клинтон дар Душанбе. Октябри соли 2011

сиёсие, ки мебарад, фикри дигаре дошта бошад. Заррае ҳам наметавонад фикри дигаре дошта бошад. Вазири корҳои хориҷӣ иҷрокунандаи супоришҳои раҳбари давлат аст. Вазири корҳои хориҷӣ наметавонад дар ин ё он кор мустақил бошад ё фикри дигар дошта бошад. Агар вазири корҳои хориҷӣ фикри дигар дошта бошад, бояд ҳамон замон аз кор равад. Ин аст сиёсати давлатдорӣ.

Равобит бо Ӯзбакистон ва созиши замин бо Чин

Радиои Озодӣ: Замони вазирии шумо тасмими ба ихтиёри Чин гузоштани як қитъаи қаламрави Тоҷикистон мавриди интиқод дар матбуот буд (аз 28412 километри мураббаъ қитъаҳои баҳсноки замин бо Чин - 3,5 фоизаш ба ҷониби Чин гузошта шуда, боқимондааш - 27270 километри мураббаъ ё 96,5 фоизи масоҳати умумии минтақаҳои баҳснок дар ихтиёри Тоҷикистон мондааст). Ҳамчунин мегфтанд, ки шумо натавонистед равобитро бо Ӯзбакистони ҳамсоя хуб кунед. Ҳоло ба ин танқидҳо чӣ назар доред?

Ҳамрохон Зарифӣ: Дар масъалаи Ӯзбакистон, фикр мекунам, муносибатҳои мо ҳама вақт чандон бад набуданд. Ӯзбакистон ҳамсояи мо аст. Аммо муносибатҳои дуҷонибаву сеҷониба ин як протсесс аст. Ҳам ҳарду раҳбари давлат ва ҳам вазирони хориҷа ҳаракат мекунанд, ки муносибатҳо хубтару беҳтар шаванд. Проблемаҳое, ки вуҷуд доранд, чандон проблемаҳои антагонистӣ нестанд. Онҳо ҳалшаванда ҳастанд ва, фикр мекунам, ки бо мурури замон, пай дар пай ҳал мешаванд.

Дар масъалаи Чин бошад, ман имконият доштам, ки баъди аз мақоми вазири хориҷа рафтан дар давоми якуним сол бо истифода аз тамоми сарчашмаҳое, ки дар давоми 300 сол вуҷуд доштанд, ҳамроҳ бо Аҳмад Сатторов китоберо нашр кардем («Тоҷикистону Хитой: ташаккули сарҳадҳои давлатӣ»). Мо тахминан 40 рисолаи олимону сиёсатмадорони на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳамсояҳоро дорем, ки ҳамаи онҳо ба ин созише, ки миёни Тоҷикистон ва Чин буд, баҳои бад надоданд. Он шахсоне, ки аз илму сиёсату аз муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дур ҳастанд, фикрҳои подарҳаво доранд, мо ба онҳо аҳамият намедиҳем. Дар ин китоб, ки бештар аз 700 саҳифа аст, тамоми сарчашмаҳо аз аввали пайдоиши муносибатҳо байни Русия, Чин ва Англия, дастрас шудааст ва дар иловаи он китоб ҳамаи созишномаҳое, ки тӯли 300 сол имзо шудаанд, оварда шудаанд. Ҳар касе, ки мегӯяд, ки созишномаҳои Тоҷикистон бо Чин аз ин ё он лиҳоз

Соли 2013 Зарифӣ маҷмӯаи "Хазинаи тиллоии тоҷикон"-ро нашр кард
Соли 2013 Зарифӣ маҷмӯаи "Хазинаи тиллоии тоҷикон"-ро нашр кард

нодуруст аст, фикр мекунам, ки аз мавзӯъ дур ҳастанд. Шахсоне ҳастанд, ки ба ҳама чиз назари бад доранд ва ба муносибатҳои мову Чин ҳам муносибати хуб надоранд. Касе, ки тавонад аз ин китоб истифода кунад ва агар мавқеи илмию сиёсие бошад, ки он мавриди баҳс бошад, марҳамат, майдон васеъ аст, баҳс кунад. Аммо ин хел ҳавоӣ гуфтанд, ки Тоҷикистон ин хел карду ун хел кард, ин як рафтори кӯдакона аст.

Радиои Озодӣ: Яъне ҳоло ҳам шумо қонунмандии додани он қитъаи заминро дуруст ҳисоб мекунед?

Ҳамрохон Зарифӣ: Бубинед, ки тақрибан аз 5 як ҳиссаи қаламрави Тоҷикистон дар тӯли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъд Тоҷикистони мустақил баҳсбарангез буд. Дар ҷараёни баррасиҳо мо тавонистем, ки аз 100 фоиз қисматҳои баҳсноки замин байни Тоҷикистону Чин танҳо 3,5 фоизи онро ба Чин ва 96,5 фоизи онро дар ихтиёри Тоҷикистон бимонем. То замоне, ки кадом ҳудуде мавриди баҳс аст, инро эътироф кардани ин ё он кишвар хеле душвор аст. Ин мавзӯъ хеле мураккаб аст ва онро танҳо бо як ҷумлаву ду ҷумла баён кардан мумкин нест. Ҳар касе зарур шуморад, ин китобро бигирад, бихонад ва аз нуқтаи назари ҳам сиёсиву ҳам илмиву ҳам практикӣ баҳо диҳад. Фикр мекунам, ки созишномаи байни Тоҷикистону Чин имзошуда хеле созишномаи хуб аст ва барои равобити дуҷониба ва тараққии Тоҷикистон хеле муҳим аст.

Радиои Озодӣ: Яъне шумо нақши Чинро дар ояндаи Тоҷикистон ҳам муҳим арзёбӣ мекунед?

Ҳамрохон Зарифӣ: Дар баробари дигар кишварҳои дунё ва ҳамсоя, Чин ҳам хеле роли муҳиме дорад дар муносибатҳои иқтисодиву сиёсии Тоҷикистон ва инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Радиои Озодӣ: Вақте ба Токио рафтед, кадом барномаи стратегии навро барои рушди равобити Тоҷикистону Япония татбиқ мекунед?

Ҳамрохон Зарифӣ: Албатта, ҳар барнома мувофиқи тасмими вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳукумати Тоҷикистон гирифта мешавад. Вазифаи сафир амалӣ кардани барномаҳои якҷояест, ки ҳукумати Тоҷикистон барои беҳтар шудани муносибатҳои дуҷониба пешниҳод мекунад. Ва ман ҳам барои амалӣ кардани ҳамин барномаҳои аз тарафи президент, ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ муайяншуда кӯшиш мекунам.

"Тоҷикистон узвият дар Иттиҳоди Авруосиёро баррасӣ мекунад"

Радиои Озодӣ: Дар пасманзари пофишории Русия болои ин ки баъди Қирғизистон Тоҷикистон ҳам ба узвияти Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё шомил шавад, дурнамои узвияти Душанберо дар ин созмон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Ҳамрохон Зарифӣ: Дар масъалаи тасмимгирии узвияти Тоҷикистон дар ин созмон, фикр мекунам, раҳбарияти кишвар мебинад, ки агар ин узвият ба манфиати миллии мо бошад, албатта ҳамроҳ мешавад. Ин мавзӯъ мавриди омӯзиш аст ва вазоратҳои салоҳиятдор дар болои ин масъала кор мекунанд. Ин тасмими коллективӣ хоҳад буд, тасмим аз тарафи раҳбарияти сиёсии Тоҷикистон гирифта мешавад. Ин ҷо ғайр аз манфиатҳои давлати мо дигар чизе буда наметавонад.

Радиои Озодӣ: Бо назардошти он чи ки дар пасманзари рӯйдодҳои Украина ва нақши Русия дар ин кишвар мегузарад, бисёриҳо мегӯянд, ҷаҳон амалан дар як ҳолати ҷанги навбатии сард қарор гирифтааст. Шумо мавқегириҳои Тоҷикистонро дар пасманзари ин таҳаввулот чӣ гуна мебинед?

Ҳамрохон Зарифӣ: Фикр мекунам, ки раҳбарияти сиёсии Тоҷикистон ҳама вақт тарафдори бо роҳи осоишта ҳал кардани ҳама масъалаҳову низоъҳо мебошад. Чунки худи мо ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидем. Ғайр аз сулҳ, ғайр аз гуфтушунид дигар роҳҳал вуҷуд надорад. Тоҷикистон ҳам ҷонибдори аз роҳи мусолеҳа ва сулҳ ҳал кардани ин масъала аст.

"Кори моро таърих баҳо медиҳад"

Радиои Озодӣ: Аз назари инсонӣ барои шумо тағйири кор ҳоло душвор нест, чун як замоне худатон вазир будед ва сафирон зердасти шумо ва ҳоло шумо сафир шудед ва вазири дигар раҳбари шумо аст?

Ҳамрохон Зарифӣ: Ҳеҷ душворӣ надорад. Ҳеҷ кор ҷои айб надорад. Ҳама кор хуб аст, агар одам аз ӯҳдаи он барояд ва агар он кор ба манфиати Тоҷикистон ва ҷомеа бошад.

Радиои Озодӣ: Дар замони вазирии шумо тасмимҳои зиёд гирифта шуд. Ҳоло вақте аз ин зовия ба он давраи коратон назар меафканед, кадом тасмимҳо, ба назаратон, муваффақ ва ба манфиати кишвар буданд ва кадоме ҳоло ба назари шумо ҳамчун иштибоҳ арзёбӣ мешаванд?

Ҳамрохон Зарифӣ: Кори ҳар сохтор ва ҳар шахсро таърих баҳо медиҳад. Ҳоло хеле зуд аст, ки дар бораи он давраи хеле наздик хулосабарорӣ кунем. Таърих ҳамаро ҷо ба ҷо мекунад. Ман дар давраи кориам бо раҳбарии президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар супорише, ки мешуд, он супоришҳоро аз рӯи Қонун дар бораи равобити хориҷии Тоҷикистон амалӣ кардаам. Ҳоло душвор аст гуфтани ин ки дар куҷо мо хато кардем ва дар кадом бахш муваффақ будем, чунки ин як протсеси тӯлонӣ аст. Дар 7 соли кор ҳар чиз шуданаш мумкин аст. Вазир ягон тасмимро худаш танҳо намегирад, бо машварати аъзои коллегияи вазорати корҳои хориҷӣ, муовинон, сардорони раёсат ҳар мавзӯъро аз рӯи қонун ва супоришҳои роҳбари давлат ҳал мекардем.

XS
SM
MD
LG