Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафиз Бобоёров: “Ороиши зоҳирии занону мардон айни адолат аст?”


Ҳафиз Бобоёров
Ҳафиз Бобоёров

Бо вуҷуди онки иловаҳо ба қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Тоҷикистон қабул ва ҳафтаи гузашта мавриди иҷро қарор гирифт, ҳанӯз баҳсҳо дар бораи суду зиёнаш ба мардум ба поён нарасидааст. Тағйироти нав забҳи чорво дар маросими азодориро манъ карда, пӯшидани либоси миллӣ дар маъракаҳоро ҳатмӣ менамояд. Инчунин, бар асоси он баргузории хатнасур бо ҳузури овозхонҳо ва маъракаи “ҳоҷизиёрат” иҷоза нашудааст.

  • Ҳафиз Бобоёров, донишманди тоҷик ва раиси пешини Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ дар Академияи улуми Тоҷикистон, рӯзи 10-уми сентябр дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз як тараф танзими расму оин ҷузъиёти мусбат дорад, аммо аз тарафи дигар зиёдаравӣ натиҷаҳои манфӣ ба бор хоҳад овард.

Радиои Озодӣ: Ахиран дар бораи сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон чанд таҳлиле навиштед ва яке аз онҳо дар бораи танзими расму ойин аст. Дар ин таҳлили худ мегӯед, ки дахолати беш аз ҳад ба зиндагии хусусии мардум дуруст нест ва паёмадҳои хуб надорад. Ба назари шумо, оқибати ин гуна сиёсат ва дахолат ба зиндагии хусусии мардум чӣ ҳаст?

Ҳафиз Бобоёров
Ҳафиз Бобоёров

Ҳафиз Бобоёров: “Пеш аз онки ба баёни ин натиҷаҳо пардозем, беҳтар аст худи падидаи танзими расму оинро шарҳ диҳем. Моҳияти ин падида аз чӣ иборат аст? Чаро дастгоҳи давлатӣ ба он тамаркуз кардааст ва пофишорӣ дар иҷрои он ба чӣ оқибатҳое меанҷомад? Дар ин маврид ду фарзия метавонад сабаби ба масъалаи асосии давлатдорӣ табдил ёфтани ин падидаи маишӣ ва дар баъзе маврид кори хусусии мардум бошад. Фарзияи якум – муборизаи тӯлонии ҳукумат ва мухолифони мазҳабӣ, ки асосан ҷанбаи идеологӣ ва ҳувиятӣ доштааст. Фарзияи дуюм, бӯҳрони молиявӣ ва иқтисодӣ, бахусус баъд аз соли 2013, ки даромади муҳоҷирони корӣ дар Русия зиёда аз ду маротиба коҳиш ёфт. Гумон мекунам, ҳардуи ин омилҳо боиси ба меҳвари муносибатҳои давлатдорӣ табдил ёфтани ин гуна масъалаҳои маишӣ ва хусусӣ гардидааст.”

Радиои Озодӣ: Мақомот мегӯянд, ки ҳадафашон дахолат ба зиндагии шахсии сокинон нест. Баръакс, ҳадафашон кумак ба мардум аст, ки ҷайбашро пур нигаҳ медорад, қарз нагирад ва бештар ба таҳсилу либоси фарзандонаш бирасад. Яъне, аз нигоҳи онҳо паҳлӯи мусбаташ зиёд аст...

Танзими расму ойинҳо сарчашмаҳои асосии даромади давлатро, ки маблағи интиқолии муҳоҷирон ва гардиши он дар бозорҳои молиявӣ ва колоии кишвар мебошанд, низ қатъ мекунад. Ин боис ба мушкилоти бештари молиявӣ ва иқтисодӣ мегардад, ки бояд мавзӯи баҳси мутахассисон бошад

Ҳафиз Бобоёров: “Танзими расму ойини мардум метавонист натиҷаҳои мусбат дошта бошад, ба шарте ки он дар доираи барномаи стратегии рушди миллӣ амалӣ мегардид. Аммо воқеият нишон медиҳад, ки тамоми барномаи стратегии давлатдорӣ ба ҳамин масъалаҳои дуюмдараҷаи маишии танзими расму ойинҳо маҳдуд мондааст. Агар мушкилоти асосӣ, аз он ҷумла бекорӣ, сатҳи пасти омӯзишу парвариш (маориф), хидматрасонии тиббӣ, фасоди густардаи маъмуриву молиявӣ, маҳалгароӣ, авлодмеҳварӣ, маҳдудиятҳои соҳибкорӣ ва монанди инҳо роҳи ҳал пайдо накунанд, танзими расму ойинҳо ба худии худ наметавонад вазъияти молӣ ва иҷтимоии мардумро беҳбуд бахшад. Ба ифодаи дигар, мушкилоти молӣ ва иҷтимоӣ танҳо дар сурате ҳал мешавад, ки ҷомеа аз бунбасти истеъмолӣ ба рушди истеҳсолӣ рӯ оварад. Аз давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои молии байналмилалӣ садҳо миллион доллар қарз барои бунёди қасрҳо, масҷидҳо ва иншооте гирифта мешавад, ки аҳамияти истеҳсолӣ надоранд. Чун ҷомеа истеъмолӣ шудааст, аз як тараф, қувваи корӣ ва сарватҳои табиӣ дар шакли ашёи хом содирот мешаванд, аз тарафи дигар, сармояи молиявӣ асосан барои харидани маҳсулоти тайёр, вале бесифати кишварҳои дигар сарф мегардад. Афзун бар ин, дар шароити кунунии ҷомеаи истеъмолии Тоҷикистон танзими расму ойинҳо сарчашмаҳои асосии даромади давлатро, ки маблағи интиқолии муҳоҷирон ва гардиши он дар бозорҳои молиявӣ ва колоии кишвар мебошанд, низ қатъ мекунад. Ин боис ба мушкилоти бештари молиявӣ ва иқтисодӣ мегардад, ки бояд мавзӯи баҳси мутахассисон бошад.”

Радиои Озодӣ: Вале зоҳиран мутахассисону мардум ҳам чандон мухолифат надоранд.

Ҳафиз Бобоёров: “Дар назари аввал, ҳама қонеъ ва шукргузор менамоянд, вале дар пушти пардаи қаноату шукр хатарҳои таркиши иҷтимоӣ ва фасоди ахлоқӣ пухта мерасанд. Чунин муҳити иҷтимоӣ ва ахлоқӣ эҳтимоли бархӯрдҳои ногаҳонӣ ва сӯзандаро бештар мекунад. Мутаассифона, “модели рушд”-и мо айни ҳол ҳамин аст. Танзими муносибатҳои маишӣ ва хусусӣ мардумро ба бунбасти иҷтимоӣ ва ахлоқӣ тела медиҳад. Аз як тараф, шикоф дар байни синфҳои доро ва нодори ҷомеа бузургтар мешавад. Синфи доро даромади молиявии худро пинҳон мекунад ва синфи нодор шуғл ва даромади мавҷудаи худро дар доираи ҷомеаи истеъмолӣ аз даст медиҳад. Коҳиши талабот ба соҳибкорӣ, хидматрасонӣ ва тиҷорат дар бахшҳои истеъмолӣ ва аз ин ҳисоб кам шудани даромади буҷети давлатӣ метавонад аз аввалин натиҷаҳои танзим бошад.”

Радиои Озодӣ: Шумо дар баробари интиқод аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон онҳоеро ҳам танқид мекунед, ки худро мухолифони ҳукумат мешуморанд ва дар хориҷ ҳастанд. Мегӯед, ки ҳарду як навъ рафтор мекунанд ва ҳамаро ба ифрот мебаранд. Шумо роҳи миёнаеро пешниҳод мекунед? Ин кадом роҳ аст?

Ҷомеае, ки танқидро намепазирад ва дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ислоҳот намегузаронад, бо ҳама тавоноӣ ва зӯроварӣ наметавонад дар муқобили хатарҳои афзояндаи ҷаҳони муосир бегазанд монад

Ҳафиз Бобоёров: “Рафтор ва бархӯрди ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифони он ба воқеияти мураккаби кишвар дар сатҳи маишӣ ва хусусӣ маҳдуд гардидааст. Ҳар ду тараф мехоҳанд ҷомеаро ба хости худ танзим кунанд. Барои мисол, зан ба объекти марказии чунин муносибати зӯроварона табдил ёфтааст. На фақат муборизаҳои идеологӣ, балки ҷиноят ва ҷазо ҳам ҷанбаи маишӣ ва хусусӣ касб кардаанд. Як касро на барои ҷурмҳояш дар назди қонун, балки барои айбҳои маишӣ ва хонаводагиаш ҷазо ва подош медиҳанд. Давлатдорӣ ба муносибатҳои хонаводагӣ ва акнун хонадоркунӣ поён рафтааст. Тибқи усули озодии интихоб ва озодии виҷдон, ҳеч кас ҳақ надорад ба либоспӯшӣ ва ороиши зоҳирии дигарон дахолат кунад. Аммо воқеият ин аст, ки ҳар ду тарафи муборизаи сиёсӣ инро ба мавзӯи якумдараҷа ва ҳаррӯзаи худ табдил додаанд. Чанд натиҷаи манфие, ки аз чунин бархӯрду муносибат бармеояд, инҳоянд: Нахуст, ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифон вазифаи аслии худро, ки таъмини некӯаҳволии мардум мебошад, фаромӯш кардаанд. Аз ин ҷо натиҷаи дуюм он мешавад, ки мухолифон ба монанди ҳукумат ба кадрҳо ва мутахассисон ниёз пайдо намекунанд. Барои онҳо кифоя ҳаст, ки дигарон кӯркӯрона, мунофиқона, манфиатҷӯёна ва ё аз сари тарс “сиёсат” ва “барнома”-и ришу ҳиҷоби онҳоро пуштибонӣ кунанд. Хатари сеюм афзоиши норизоятӣ дар сафҳои идоракунандаи ҳар ду тараф – ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифон ба шумор меравад. Барои ҳамагон тақдири чандин нафар солорони маъмурӣ ва ҳарбии ҳукумати Тоҷикистон пӯшида нест. Ҳамин гуна ҷудоӣ дар байни мухолифон низ ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳамеша шахсиятҳо ва ҳаракатҳои дунявӣ ё аз мухолифат канор рафтаанд ва ё худ ба мухолифи сарсахти мухолифони мазҳабӣ табдил ёфтаанд. Тоҳири Абдуҷаббор, Бозор Собир ва билохира, Додоҷон Атовуллоев аз ҷумлаи ин шахсиятҳои сарпечида мебошанд. Касе гумон мекунад, онҳо “харида” ва ё “фурӯхта” шудаанд, сахт иштибоҳ мекунад. Балки мубориза барои зуҳурот, барои падидаҳои зоҳирӣ ва дар баробари ин яккатозӣ ва худкомагӣ дар корзори сиёсат фақат онҳоеро қонеъ мекунад, ки мустақилона андеша карда наметавонанд. Дар натиҷа, ҷомеа на фақат ба рукуди сиёсиву иқтисодӣ ва фасоди иҷтимоию ахлоқӣ рӯ ба рӯ мешавад, балки хатари ифротгароӣ низ афзоиш меёбад. Магар ороиши зоҳирии занону мардон айни адолат аст? Магар зиндагии инсон қимати баландтар аз ҳама арзишҳои дигар надорад? Магар роҳҳои дигари мубориза барои адолат вуҷуд надорад?”

Радиои Озодӣ: Саволи мо ин буд, ки аз нигоҳи Шумо роҳи севум ё роҳи байн кадом аст?

Ҳафиз Бобоёров
Ҳафиз Бобоёров

Ҳафиз Бобоёров: “Роҳи сеюм барномаи сулҳомез ва бохирадонаи аз сатҳи маишӣ ва ҳарими хусусӣ берун кашидани давлатдорӣ ва ватандорӣ мебошад. Пирӯзии сиёсӣ танҳо қудратро ба даст овардан нест, балки созиш ва паймони гурӯҳу қувваҳои гуногун ва ҳатто мухолифи ҷомеа барои рушди миллӣ мебошад. Аммо барои ба ин натиҷа расидан хеле зарур аст, ки насли нави ҳақиқатталабону адолатхоҳон ба моҳияти аслии озодӣ расад. Корҳои зиёди эҷодӣ дар илму фалсафа ва адабиёту ҳунар мебояд кард, то озодиро ба арзиши сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ табдил диҳем. Қувваҳое, ки айни ҳол дар ҳар ду ҷабҳаи мубориза қарор доранд, огоҳона ва ё ноогоҳона озодиро чун адами қонуну тартибот ва масъулият дарёфта, ба он душмании ошкоро ва пинҳонӣ доранд.”

Радиои Озодӣ: Шумо дар яке аз таҳлилҳоятон гуфтаед, ки бе нақшаи рушди миллӣ Тоҷикистон ба истилоҳ ба ҷое намерасад. Яъне дар кишвар то кунун чунин нақшае надоштанд?

Ҳафиз Бобоёров: “Бешубҳа, нақша ва барномаҳои рушд дар Тоҷикистон вуҷуд доранд. Аммо мушкилии асосӣ дар он аст, ки онҳо ё дар рӯи коғаз мондаанд ва ё ба таври усулӣ ва системавӣ иҷро нашудаанд. Дар мавридҳои муайян баъзе ҷанбаҳои онҳо актуалӣ ва амалӣ мешаванд, вале чун муносибат ба барномаи рушд пайгирона ва усулӣ нест, натиҷаҳои бадастомада маҳдуд ва ҳатто дар баъзе мавридҳо ба зарари умумӣ тамом мешаванд. Барои мисол барномаи рушди илму маорифи кишварро бигирем. Баъзе “ислоҳот” дар ин самт сурат гирифтааст, вале бо сабаби дуруст дарк накардани моҳияти ислоҳот ва ё татбиқи

Магар ороиши зоҳирии занону мардон айни адолат аст? Магар зиндагии инсон қимати баландтар аз ҳама арзишҳои дигар надорад? Магар роҳҳои дигари мубориза барои адолат вуҷуд надорад?

нодурусти он аксаран дар рӯи коғаз мондааст: то ҳанӯз илму маориф аз ҷиҳати ниҳодӣ (институтсионалӣ) ба ҳам наомадаанд; маблағгузории давлатӣ бештар ҷанбаи маъмурӣ дорад, на барномавӣ; табақабандии сиёсӣ, ки аз давраи колониалистӣ ба мерос мондааст ва аз он ҷумла дар вобастагӣ ба дараҷаҳову унвонҳои зиёд ва ВАК-и Русия қарор дорад, сарсахтона нигоҳ дошта мешавад; муносибатҳои илмӣ ва таълимӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар доираи манфиатҳои сиёсӣ ва молиявӣ сурат мегиранд ва ғайра. Ҳамин гуна мушкилот хоси дигар соҳаҳо ҳам мебошанд. Ба масъалаҳои ҷузъӣ, зоҳирӣ ва маишию хусусӣ машғул шудани ҳукумат ва мухолифони он баёнгари ҳол аст: ҳанӯз тафаккур ва дастгоҳи стратегии рушди миллӣ ташаккул наёфтааст. Онҳое, ки бояд чунин тафаккур дошта бошанд ва чунин дастгоҳро идора кунанд, ба идораи давлатӣ роҳ намеёбанд. Чун онҳо муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро танқид мекунанд ва танқид ба системаи мавҷудаи кишвар созгор нест. Аммо ҷомеае, ки танқидро намепазирад ва дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ислоҳот намегузаронад, бо ҳама тавоноӣ ва зӯроварӣ наметавонад дар муқобили хатарҳои афзояндаи ҷаҳони муосир бегазанд монад.”

XS
SM
MD
LG