Ширкатдорони маҳфили "Ҷаҳони андеша" тайи як ҳамоиш гуфтанд, ки таассуби динӣ ва камсаводии ҷавонон метавонад сабаби ҳодисаҳое дар Тоҷикистон мисли ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи Фархунда дар Афғонистон шавад. Ин яке аз хулосаҳои меҳварии маҳфили “Ҷаҳони андеша” буд, ки рӯзи 8 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гашт.
Ташаббускори ҳамоиш шоираи ҷавон Адибаи Азиз бар он аст, ки Афғонистон бар замми ҳамсарҳад будан, бо мо ҳамфарҳангу ҳамдин аст: “Агар дар хонаи ҳамсоя сӯхтор ба амал ояд, мо набояд ба он бепарво бошем, чунки эҳтимоли зиёд аст, ки алангаи он оташ ба зудӣ хонаи моро ҳам бисӯзонад”.
Ин адиби тоҷик бо баробари ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодиса, ки ба рӯзҳои аввали ҷашни Наврӯз рост омад, се рӯз мотам гирифтааст ва марсияе дар ҳаққи Фархунда навиштааст. Ширкатдорони маҳфил мазҳабӣ шудани ҷомеа, сатҳи пасти иқтисодиёт, бекории ҷавонон ва нокифоя будани илми динии ҷавононро аз омилҳои асосии хушунатҳо номиданд.
Ҳафиз Бобоёров, роҳбари Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки ҳамзамон гузоришгари дигари ин маҳфил буд, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Пайдо шудани лаҳни сиёсӣ дар гуфтугӯҳои рӯҳониёни саршинос, ба вуҷуд омадани гурӯҳу саҳфаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва овозаҳои бардурӯғу иғвоангез, маҳз ҷавононро ба ин гуна амалиёт раҳнамун месозад. Чунин методи издиҳомсозиро, ки як технологияи нави шӯришбарангезӣ байни қавм ва мардум аст, аз дасти берун роҳандозӣ мекунанд ва аз ҷавонони камдарку камақл истифода мебаранд”.
Ҷаноби Бобоёров олимону рӯҳониёнро ба эҳтиёткорӣ ва хештандорӣ даъват кард ва аз онҳо хост, дар интихоби лаҳн ва сухани худ аз паёмадҳои онҳо андеша кунанд.
Ҳарчанд баъдан хабарҳое пахш шуд, ки Фархунда китоби "Қуръон"-ро насӯзондааст ва худ донишҷӯи мадрасаи исломӣ будааст, вокуниши тӯдаи ҷавононро дар Кобул ба эҳсосотӣ будани онҳо ва махсусан нисбати дин бастагӣ медиҳанд.
Равоншиносон низ бар инанд, ки ҷавононро зуд мешавад, таҳрик дод ва бархе аз рӯҳониён бо истифода аз ҳамин хосият бо эҳсосоти ҷавонон “бозӣ” мекунанд. Шояд аксари ҷавонон ба дини падару модари худ эҳтиром ва дилбастагии пок доранд, вале рӯҳониёне, ки аз иҷрои нақши пешво ва роҳнамо хушашон меояд, метавонанд аз ин муҳаббати ҷавонон барои ғаразҳои муайяни худ сӯистифода кунанд.
Номзади илмҳои равоншиносӣ Муҳаббат Ҳакимова мегӯяд: “Дар ҷомеа ғайриинтизор ҳизбу ҳаракатҳое пайдо мешаванд, ки ҳадафи аслии онҳо барҳам задани суботу оромии ҷомеа аст. Онҳо чун василаи дигаре намеёбанд, маҷбур мешаванд, ки бо дурӯғпароканиву тӯҳматзаниҳо онҳоро ба шӯриш ва издиҳомсозӣ тела диҳанд”.
Вале равоншиноси дигар Бойалӣ Ҳусейнов дар ин самт ақидаи дигар дорад: “Ман фикр намекунам, ки имрӯз низ ҷавонон ба гапи муллоҳо эътимод кунанд. Баъди чанд наворҳои нанговар ва амалҳои ғайриахлоқии онҳо, ки дар телевизионҳо намоиш дода мешавад, куллан боварии мардум ва гӯш надодан ба фатвои онҳоро ба бор овардааст”.
Гузоришгарони мавзӯъ дар маҳфили “Ҷаҳони андеша” бар инанд, ки дар рӯйдодҳои марбут ба дин ба фарқ аз ҳамаи ҳолатҳои дигар, ҳарфи аввалу охирро на мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё адлия, балки як мулло фатво медиҳад. Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе рӯ зада буд, ки дар он чанде аз ҷавонон як зани солмандро бо иттиҳоми ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ, худсарона ҷазо медоданд.
Бархе аз ҷавонон дар кӯча ба сарулибоси духтарони раҳгузар эрод мегиранд ва низ аз номи дин ҳарф мезананд. Дар чунин ҳолатҳо онҳо нақши доваронеро мебозанд, ки касе ва ҳатто худо ба онҳо чунин ҳақро надодааст. Шоира Адибаи Азиз мегӯяд: “Ба андешаи ман дар ин самт саҳми бештарро бояд рӯшанфикрон дошта бошанд, чунки ин як кори идеологист ва беҳтарин пажӯҳишгарони чигунаии авзои фикрии ҷомеа ба дасти онҳост”.
Қатли Фархунда аз тарафи тӯдаи хашмгин рӯзи 19-уми март дар шаҳри Кобули Афғонистон ба вуқӯъ пайваст. Мақомоти афғон бар инанд, ки Фархунда зимни дасисаи як таъвизнавис сар задааст. Вале дар куштор ва сӯзондани ҷасади Фархунда 50 нафар даст дошта, тақрибан 2 ҳазор тани дигар тамошобин будаанд. Пулиси Кобул то ҳоло 30 гумонбари ин қатли ваҳшиёнаро дастгир кардааст.