Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зубайдулло Зубайдзода: "То 100 кӯдаки тоҷикро аз Ироқ бармегардонем"


Лаҳзаи гусели чаҳор тифли тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон. Охири моҳи апрели соли 2018
Лаҳзаи гусели чаҳор тифли тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон. Охири моҳи апрели соли 2018

Зубайдулло Зубайдзода – сафири Тоҷикистон дар Кувайт – ҳамзамон ба ҳайси намояндаи расмии кишвар дар Ироқ ба кор сар кард. Ӯ рӯзи 8-уми январ дар шаҳри Бағдод эътимоднома супурд.

Яке аз шартҳо супоридани ҷаримаҳои зиёд, харидани билети ҳавопаймо ва ташхиси тиббии кӯдакон аст. Ба ин кор ҳеч кас машғул нест, ҳар давлат масъаларо бояд худаш ҳал кунад.

Равобити дипломатии Тоҷикистону Ироқ аз соли 1995 оғоз ёфтааст, аммо ҳарду кишвар додугирифти чашмрас ва, инчунин, дар қаламравҳои якдигар сафорати худро надоранд. Вале дар ҳоли ҳозир Ироқ маҳалли будубоши даҳҳо зан ва кӯдаки тоҷик аст, ки баъди соли 2014 тавассути шавҳар ва волидони худ ба майдонҳои ҷанг дар он кишвар бурда шудаанд.

Ҳоло ин занону кӯдакон дар боздоштгоҳ ва ятимхонаҳои Ироқ ҳастанд. То ба ҳол шаш кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба Душанбе оварда шуда, сездаҳ зани тоҷик дар Бағдод бо ҷурми ҳамзистӣ бо ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" аз 25 соли зиндон то ба ҳабси абад маҳкум шудаанд.

Сафири Тоҷикистон дар Ироқ ҳангоми супурдани эътимоднома
Сафири Тоҷикистон дар Ироқ ҳангоми супурдани эътимоднома

Зубайдулло Зубайдзода рӯзи 9-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, ки дар шаш моҳи аввали имсол ҳудуди сад кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ба ватан барад. Ӯ афзуд, "сабаби асосии таъйини сафир ин аст, ки пурра аз ҳолу зиндагии шаҳрвандони худ дар Ироқ бохабар бошем. Ҳадафи мо дар қадами аввал баргардондани кӯдаконест, ки дар Ироқ қарор доранд. Бо дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон пурра ба ин кор машғул ҳастем. Кӯшиш дорем, ки дар нимсолаи аввал тақрибан 100 кӯдаки тоҷикро ба ватан фиристем."

Радиои Озодӣ: Дақиқ шудааст, ки ин кӯдакон кӣ ҳастанд ва ҷараёни ирсоли онҳо ба кишвар чӣ гуна хоҳад буд?

Зубайдулло Зубайдзода: "Дирӯз бо намояндагони Додгоҳи олии Ироқ суҳбат доштем. Шахсияти тамоми кӯдакони тоҷик, ки дар инҷо ҳастанд, муайян карда мешаванд. Ба мо масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва созмони ЮНИСЕФ-и Ироқ зиёд кумак мекунанд. Тавассути модарони кӯдакон дар инҷо ва хешу таборашон дар Тоҷикистон бояд мушаххас намоем, ки барои мисол Муҳаммад писари Аҳмад ва хеши фалонӣ аст. Ҳатто ташхиси ДНК мекунанд, то иштибоҳ нашавад. Модароне, ки дар маҳбаси Ироқ ҳастанд, бояд барои баргардондани кӯдаконашон ба кишвар ризоят бидиҳанд. Агар розигӣ надиҳанд, мо ҳақ надорем, ки кӯдаконашонро баргардонем.”

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки дар ним сол бояд ҳудуди сад кӯдакро баргардонед. Оё шумораи умумии кӯдакони тоҷик дар Ироқ ҳамин қадар аст ё аз ин бештар?

Зубайдулло Зубайдзода: "Теъдоди кӯдакони тоҷик дар инҷо то сад нафар аст. Аз сад нафар зиёд нест. Мо саъй мекунем ва имконият ҳам пайдо мекунем, ки дар наздиктарин фурсат ба баргардондани онҳо шуруъ намоем."

Радиои Озодӣ: Дар Ироқ занҳои зиёде ҳам ҳастанд. Оё онҳо низ ба Тоҷикистон баргардонда хоҳанд шуд?

Зубайдулло Зубайдзода: "Бисёре аз онҳо қурбонӣ ҳастанд. Кӯшиш мекунем, ҳар касеро, ки бегуноҳ аст, ба ватан фиристем. Аммо тибқи қонунҳои Ироқ афви онҳое, ки дар муҳорибаҳо иштирок кардаанд, хеле мушкил аст."

Радиои Озодӣ: Мо медонем, ки дар Тоҷикистон бисёре аз хонаводаҳо аз сарнавишти пайвандонашон дар Ироқ ва, ҳамчунин, Сурия нигаронанд ва аз мақомот мехоҳанд, онҳоро ба кишвар биоранд. Вале худи занони тоҷик аз боздоштгоҳу паноҳгоҳҳои Ироқ муроҷиат мекунанд, ки қасди бозгашт ба ватанро доранд?

Зубайдулло Зубайдзода
Зубайдулло Зубайдзода

Зубайдулло Зубайдзода: "Ҳар кор пушаймонӣ дорад. Ҳамаи онҳое, ки дар даргириҳо иштирок карданд, сахт пушаймон ҳастанд ва хеле мехоҳанд ба ватан бираванд, аммо чора чист. Муҳимтар аз ҳама сарнавишти кӯдакон аст. Дар байни онҳо кӯдакони ҳаштмоҳаву яксола ҳастанд. Бисёрии онҳо дар инҷо таваллуд шудаанд ва ҳеч гуноҳ надоранд."

Радиои Озодӣ: Кӯдакони тоҷик дар Ироқ дар куҷо нигаҳдорӣ мешаванд?

Зубайдулло Зубайдзода: "Қисми зиёди онҳо дар ҳабсхона ҳастанд. Якчанд нафари дигар дар хонаи бепарасторон ба сар мебаранд."

Радиои Озодӣ: Дар масъалаи занон гуфтед, ки тибқи қонунҳои Ироқ афву озодӣ ва фиристодани онҳо ба кишвар хеле мушкил аст. Кӯдакон чӣ?

Зубайдулло Зубайдзода: "Баргардондани кӯдакон низ хеле мушкил аст. На фақат барои Тоҷикистон. Дар инҷо шаҳрвандони беш аз аз сад кишвар дар муҳорибаҳо иштирок кардаанд. Дар инҷо модарон ва кӯдакон аз сад кишвар, дар маҷмуъ дуним ҳазор нафар, ҳастанд. Баргардондани онҳо роҳҳои гуногун дорад, вале тибқи қонунҳои Ироқ сурат мегирад. Яке аз шартҳо супоридани ҷаримаҳои зиёд, харидани билети ҳавопаймо ва ташхиси тиббии кӯдакон аст. Ба ин кор ҳеч кас машғул нест, ҳар давлат масъаларо бояд худаш ҳал кунад.."

Соли 2016, паноҳгоҳи хонаводаҳои узви ДИИШ дар Ироқ
Соли 2016, паноҳгоҳи хонаводаҳои узви ДИИШ дар Ироқ

Радиои Озодӣ: Мақомоти Ироқ барои ҳар кӯдаки тоҷик чӣ қадар ҷарима мехоҳанд? Ва пулҳоро кӣ медиҳад?

Зубайдулло Зубайдзода: "Инҷо бе кумаки давлат масъала ҳал намешавад. Боз роҳҳои дигарро ҷустуҷӯ мекунем. Кумаки хешу таборон низ аз эҳтимол дур нест. Баъзе кишварҳои ғарбӣ барои баргардондани кӯдакон эълон додаанд, то мардум маблағ ҷамъ кунанд. Инҷо кӯдакон ягон ҳуҷҷат надоранд. Ва тибқи қонунҳои Ироқ ҳамаи онҳо ғайриқонунӣ вориди ин кишвар шудаанд ва бояд барои ҳар кадоме аз онҳо ғаромат дод. Инро фақат додгоҳ муайян мекунад, ки чӣ қадар. То додгоҳ баргузор нашавад, чизи мушаххас гуфтан мушкил аст.”

Радиои Озодӣ: То ба ҳол Вазорати корҳои хориҷӣ якҷо бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шаш кӯдакро ба кишвар бурдаанд. Барои ҳар кадоме аз онҳо чӣ қадар ҷарима пардохт шудааст?

Зубайдулло Зубайдзода: "Ҷаримаи он нафароне, ки ба Тоҷикистон рафтанд, барои ҳар кадом на камтар аз севуним ҳазор доллар буд. Ҳамаи инро то алъон ҳукумат пардохт кардааст."

Марям Шоева соли гузашта ба Тоҷикистон оварда шуд ва ҳоло дар яке аз мактабҳо таҳсил дорад
Марям Шоева соли гузашта ба Тоҷикистон оварда шуд ва ҳоло дар яке аз мактабҳо таҳсил дорад

Радиои Озодӣ: Чанде қабл мақомоти интизомӣ дар порлумон гуфтанд, ки дар солҳои гузашта тақрибан 1900 нафар аз шаҳрвандони кишвар ба Ироқу Сурия рафтаанд. Ҳоло чӣ қадар аз шаҳрвандони мо дар онҷо ҳастанд, агар ҳисобу китоб шудааст?

Зубайдулло Зубайдзода: "Шумораи онҳо дар Ироқ хеле кам аст. Рӯзҳои наздик рақамҳо мушаххас ва эълон карда хоҳад шуд. Бисёре аз онҳо дар муҳорибаҳои Мавсил кушта шудаанд ва бархеи дигарашон нестанд. Мо ба зудӣ рақамеро эълон мекунем, ки шаҳрвандони мо дар маҳбас ва боздоштгоҳу паноҳгоҳҳо расман номнавис шудаанд."

XS
SM
MD
LG