Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бошад, аммо дар қабзаи мо." Шинохти ҳукумат аз ҲНИТ


Қароргоҳи ҲНИТ дар Хуҷанд ки мақомот тахрибаш мекунанд
Қароргоҳи ҲНИТ дар Хуҷанд ки мақомот тахрибаш мекунанд

Бисёриҳо рӯйдодҳои гуногуни марбут ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба шинохти ҳукумат аз мақсад ва роҳкорҳои он бастагӣ медиҳанд. Аммо ин чӣ гуна шинохт аст ва ба куҷо хоҳад бурд?

Бо гузашти 17 сол аз имзои Созишномаи сулҳи миёни давлати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нирӯҳои мухолифон, ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), бо он ки дигар тавони низомӣ надорад, зоҳиран боз ҳам дар баробари ҳукумат чун нирӯи назаррас боқӣ мондааст. Бархе аз коршиносони умури мазҳабӣ ва сиёсатшиносон мегӯянд, ҳарчанд ин ҳизб бо доштани беш аз 40 ҳазор аъзо натавонистааст Исломро дар ҷомеаи Тоҷикистон сиёсӣ кунад, аммо ҳузури он дар саҳна ба манфиати суботу оромӣ дар кишвар аст.

Агар дар соли 1992 гурӯҳҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон бунёди давлати исломиро аз ормонҳои аслии худ унвон мекарданд, ҲНИТ-меросбари он нерӯҳо борҳо аломат додааст, ки ҷоҳталаб нест ва бо он чӣ ҳукумат барояш раво мебинад, қаноат хоҳад кард. Баъзеҳо ин хоксориро намунаи нотавонии ин ҳизб медонанд, бархеи дигар мегӯянд, исломиҳо аҳди худро дар баробари ваҳдати миллӣ пос медоранд.

Доираҳои наздик ба ҳукумат дар мавриди шинохте, ки аз ҳизби рақиби худ доранд, аксаран бо ишора ба таҳаввулоти Ховари Миёна мегуфтанд, ки “онҳо хатарноканд.” Намояндагони мухолифон низ мегуфтанд, ”ҳукуматиҳо ҳамон коммунистҳое ҳастанд, ки ҷома иваз кардаанд ва демократ шудаанд. Дар асл, онҳояш ҳам ба дин мухолиф буданд, инҳояш низ.”

Саймуддин Дӯстов, раҳбари маркази таҳлилии "Индем" дар Душанбе ба суоли мо, ки шинохти вай аз ҲНИТ чӣ гуна аст гуфт, “Ҳизби наҳзати исломии намунаи соли 2014 барои ҳукумати кунунӣ аслан ҳеҷ нирӯи муҳиме нест, балки як латтаи сурх барои буққа дар корридаро мемонад, ки бозигари хуб ҳар замон онро ба фоидаи хеш истифода мебарад.”

Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Эмомалӣ Раҳмон
Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Эмомалӣ Раҳмон

ҲНИТ то соли 1999 як ҳизби ақидатӣ шинохта мешуд ва мавзеъгириҳои худро дошт. Дар давоми солҳои 1990-99 ин ҳизб худро чун нирӯи сиёсӣ дар ҷомеа матраҳ кард. Ин далел, ки исломиҳо дар солҳои ҷанги шаҳвандӣ аз тавони низомӣ бархӯрдор буданд ва метавонистанд талаби худро ба ҳукумат дикта кунанд, ба эътироф шудани онҳо ҳамчун неруи сиёсӣ роҳ кушод. Барои намуна, ҳукумате, ки дар поёни соли 1992 бар сари қудрат омад, дар ниҳоят, баъди 5 соли рӯёрӯии низомӣ бо ҷангиёни аксаран вобастаи ҳизби наҳзат маҷбур шуд ин ҳизбро чун нирӯ эътироф кунад, гарчӣ инро намехост. Он вақт ҳампаймонҳои ҳукумати Тоҷикистон, яъне Русия ва Узбакистон низ ин ҳизбро намехостанд, вале ҳукумат маҷбур шуд, бо он муросо кунад. Ба ин далел ин ҳизбро ба арсаи сиёсии Тоҷикистон ворид карданд ва ҳадаф аз чунин кор зоҳиран ин буд, ки онро безарар гардонанд.

Ҷаноби Дӯстов мегӯяд, дар тӯли 20 соли гузашта идеологҳои ҳукуматӣ мавҷудияти ҳизби диниро қабул карда натавонистаанд, зеро аксари онҳо тафаккури Шӯравӣ ва истеъморзада доранд. “Худи ҳизб ҳам бо гузаштҳои пай дар пай ба коҳиши ҷойгоҳаш дар саҳнаи сиёсӣ, ҳамчун як нерӯи мухолифи ҳукумат, роҳ кушод,”- мегӯяд ҷаноби Дӯстов. Ӯ меафзояд: “Аз интихоботи соли 1999 ин ҳизб ва раҳбарияти он аз замони худи Саид Абдуллоҳи Нурӣ сар карда, ба ҳукумати феълӣ гузаштҳои пай дар паи ғайриқонунӣ ва муомилаи фасодолуда карданд. Аввал интихоботро, ки яке аз натиҷаҳои асосии созишномаи сулҳ буд, фурӯхтанд ва онро ба молу имтиёзҳое иваз карданд.”

Раиси кунунии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ҳангоми имзоҷамъкунӣ барои интихоботи президентӣatures, October 8, 2013.
Раиси кунунии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ҳангоми имзоҷамъкунӣ барои интихоботи президентӣatures, October 8, 2013.

Бар пояи назарсанҷиҳо, бахши умдаи аҳолии Тоҷикистон ба зиндагӣ дар ҷомеаи дунявӣ бартарӣ медиҳад ва аз тундравии мазҳабӣ метарсад. Аммо онҳо мухолиф нестанд, ки як неруи дигар, сарфи назар аз идеологияаш, дар саҳнаи сиёсӣ буруз кунад ва ҳукумат эҳсос кунад, ки қадамҳояш назорат мешаванд. Барои намуна, дар як назарсанҷие, ки Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо муаррифӣ карда буд, 87 дарсади аҳолии Тоҷикистон гуфтаанд, ки аз ифротгароии исломӣ нигаронанд ва беш аз нисфи ин мардум зидди сохтани давлати исломӣ будаанд. Танҳо 7 фоиз гуфтаанд, ки мехоҳад, дар ҷомеаи Исломӣ зиндагӣ кунад.

Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи "СССР"-и чопи Душанбе ҷойгоҳи кунунии ҲНИТ-ро бо эътибори он дар солҳои аввали истиқлоли кишвар муқоиса мекунад ва мегӯяд, “он чеҳраҳои воқеан харизматике, ки мардум аз паси онҳо ба ҷанг мерафтанд ва ҳатто маҳз ба хотири он чеҳраҳо силоҳ мебардоштанд, дигар дар ин ҳизб имрӯз ман касеро намебинам.”

Аз ҷанг ва сулҳ бо ҳукумат то ...

Саймиддин Дӯстов мегӯяд, ҳар мансабдори миёнаи ҳукуматӣ ва ҷонибдорони сарсупурдаи онҳо ин ҳизбро чун нируи манфиатҷӯи муллоҳо мешиносанд. Дар миёни идеологҳои ҳукумат ва нухбагони илмиву сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ҳам ин ақида вуҷуд дорад, ки бояд заминаҳои иҷтимоии рӯҳониёни қавӣ аз байн бурда шавад, то таъсири мазҳабиҳо ба муҳити сиёсӣ коҳиш ёбад. Имрӯз идеологҳои ҳукумат ин шароитро дарк мекунанд ва бо истифода аз усули ғайриқонунӣ ба ин роҳ мераванд. Чун дасти онҳо дароз аст, онҳо метавонанд “тухмшаппак” созмон диҳанд ва дафтари ҳизби наҳзатро бо пешниҳодҳое хароб кунанд. Дар посух наҳзатиҳо мегӯянд, ки ҷониби ҳукумат бо чунин кор мехоҳад, ба ҳизби онҳо маҳдудият пеш орад. Аммо ҳукумат ҳама иттиҳомҳои ҳизби исломиро рад мекунад ва мегӯяд, “мо коре ба кори он надорем.”

Амирқул Азимов
Амирқул Азимов

Амирқул Азимов, дабири пешини Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва раиси Кумитаи амният ва дифои порлумон аз ҷумла мегӯяд, “сару садоҳои зиёде ҳаст, ки гӯё ҳизби ҳоким ё давлат ҲНИТ-ро маҳдуд мекунад, лекин аз тарафи ҳукумат ва сохторҳои давлатӣ ягон иқдом, яъне фишор овардан ё талоше, ки ин ҳизб аз байн равад, вуҷуд надорад.” Тарафдорони давлат мегӯянд, ҲНИТ заъфи худашро мехоҳад бо гӯё фишорҳои давлат пинҳон кунад.

ҲНИТ аз ибрози ин ақида, ки мехоҳад рӯзе қудратро дар кишвар ба даст бигирад, худдорӣ мекунад. Дар оинномааш низ ишорае ба ин дида намешавад. Ин шеваи кор бардоштеро ба вуҷуд овардааст, ки ин ҳизб ба ҳар қимате бошад, мехоҳад дар саҳнаи сиёсӣ боқӣ монад ва фурсати худро интизор шавад.

Саидумар Ҳусайнӣ
Саидумар Ҳусайнӣ

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ин ҳизб ва вакили Маҷлис бо лаҳни бештар муросоомез мегӯяд: “Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ гуфта буд, агар ҳизби мо бубинад, ки ҳукумати кунунӣ бори ин давлатро бар дӯш мегираду муваффақ мешавад, дар паҳлуи он истода, ба он кӯмак мекунад. Агар ҳизби ҳоким аз ӯҳдаи бардоштани ин масъулият набаромад, ин ҷо ҳукуматро огаҳ месозад, ки бояд ҷои худро ба ҳизбе диҳад, ки метавонад, ин масъулиятро анҷом диҳад. Дар чунин ҳолатҳо шояд марҳилае фаро расад, ки ҲНИТ омодагиаш барои бар дӯш гирифтани ин масъулиятро дорад.”

Дар лобалои шакку гумонҳо

Аз сӯи дигар, ҳамагуна тундравии ҳукумат дар баробари исломиҳо онҳоро ба пинҳонкорӣ маҷбур мекунад ва дар он сурат ин ҳизб аз чаҳорчӯбе, ки ҳукумат барояш дуруст кардааст, хориҷ мешавад. Коршиноси умури сиёсӣ Рашид Ғанӣ Абдулло мегӯяд, ки ин ҳизб дар кишвар ҷонибдори зиёд ва мавқеи итимоиии худро дорад. Ҳукумат идеологияи мазҳабии наҳзатиҳоро қабул надорад, вале наметавонад, бо назардошти вазъи геополитикии минтақа ин ҳизбро нодида гирад. Аз носозгориҳои дохилии ҳар кишвар нирӯҳои берунӣ метавонанд ба нафъи худ истифода кунанд- мегӯяд ин коршиноси тоҷик.

Ҷаноби Рашид Ғанӣ ин нуктаро низ истисно намешуморад, ки агар фишор ба наҳзатиҳо бештар шавад, мумкин аст, ба нишони эътироз ба муросокориҳои ҳизб баъзе унсурҳояш аз ҳизб ҷудо шаванд ва ба созмонҳои дигари исломӣ бипайванданд ва ҳатто ба фаъолиятҳои махфӣ бипардозанд. Чунин намунаҳо дар гузашта низ буд.

Барои мисол, Амриддин Табаров, ки раҳбари гурӯҳи Ансоруллоҳ ном бурда мешавад, низ аз ҷумлаи аъзои собиқи ҲНИТ аст, ки шароити сулҳи ин гурӯҳ бо ҳукуматро дар соли 1997 напазируфт. Дар поёни солҳои 90 як зумра аз аъзои норозии ҳизб ба гурӯҳҳои тундтаре, чун Ҳаракати исломии Узбакистон низ пайваста буданд. Ҳамин тавр, дар дастикам ду мавриди ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия мақомот онҳоро аъзои ҲНИТ ном бурдаанд.

Мирзо Зиёев. Акс аз соли 1998
Мирзо Зиёев. Акс аз соли 1998

Масъулияти чанд муноқишаи мусаллаҳонаи баъд аз сулҳи Тоҷикистон, аз ҷумла нооромиҳои солҳои 2009, 2010 ва 2011 дар водии Раштро низ мақомот ба дӯши фармондеҳони дар гузашта вобастаи ҲНИТ - Мирзо Зиёев ва Шайх Неъмат дар Тавилдара, Мулло Абдулло Раҳимов ва Аловиддин Давлатов дар Рашт - бор карданд. Ҳамаи ин фармондеҳони собиқ дар ин набардҳо кушта шуданд, вале гумони бади мақомот аз ҲНИТ боқӣ монд.

Ба назари коршиносон, ин собиқаи пур аз гумону шак як омили асосиест, ки шинохт ва табъан бархӯрди давлат ва ниҳодҳои амниятиаш ба умдатарин ташаккули мухолифи давлати Тоҷикистон - ҲНИТ - низ аз ҳамин ноҳияи шаку гумонҳо маншаъ мегирад. Аз тарафи дигар, бовар меравад, ки дар интихоботи президентии ноябри соли 2013 210 000 имзо ҷамъ оварда натавонистани ин ҳизб барои сабти номзадаш ҳам нисбат ба солҳои қабл хеле заиф шудани ҲНИТ-ро ба намоиш гузошт ва мақомотро нисбат ба он далертар кард. Бо чунин сурати кору ҳол ҳизбе, ки 17 сол пеш ҳукуматро маҷбур ба музокироти сиёсиву ба сулҳ ва тақсими қудрат кард, имрӯз ба интихоби роҳи сабр ночор шудаву дар як доираи хеле танге ки давлат барояш муайян кардааст, пой мезанад.

XS
SM
MD
LG