Бино ба иттилои пайвандони Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, субҳи 4 январ падари ӯ Тилло Кабировро, ки ҳамроҳи наберааш Маҳмуд мехост, ба Истамбул парвоз кунад, аз ин сафар пас гардондаанд.
Рӯҳулло Тиллозода, писари Муҳиддин Кабирӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бобояш бемор буда ва барои муолиҷа озими шаҳри Истамбули Туркия шуда буд. Ӯ гуфт, ин ду нафар мехостанд бо ҳавопаймои ширкати "Turkish Аirlines" аз Душанбе ба Истамбул парвоз кунанд, вале мақомот монеи сафари онҳо шудаанд.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол аз сарнавишти онҳо дараке нест: "Мо бо Файзобод дар тамос шудем. Гуфтанд, ҳамин қадар медонем, ки онҳо билети ҳавопаймо доштанд ва то ҳол ба хона барнагаштаанд."
Наздикони Кабирӣ дар Туркия мегӯянд, ки Тилло Кабиров ва наберааш ба Истамбул нарасиданд ва дар посух ба пурсишҳои онҳо дар ширкати "Turkish Аirlines" гуфтаанд, ки ҳардуро дар фурудгоҳи Душанбе аз парвоз пас гардондаанд.
Масъулони дафтари матбуоти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар мавриди ин ҳодиса ибрози беиттилоӣ мекунанд.
Рӯзи 15 декабри соли ҷорӣ наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон карданд, ки мақомоти интизомии ноҳияи Файзобод субҳи 15 декабр падари 95-солаи ӯ Тилло Кабиров, бародараш Сафар Кабирови 54-сола, хоҳари калонияш Саида Кабироваи 60-сола, аммааш Лаълхонум Кабироваи 70-сола, ҳамсари бародараш Дилором Кабироваи 40-сола, язнааш Исматулло Нарзуллоеви 74-сола ва хоҳарзодааш Додулло Нарзуллоевро низ барои бозпурсӣ бурдаанд.
Тавре наздикони Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, мақомоти интизомӣ онҳоро аз деҳаи Қасамдара ба маркази ноҳия бурдаанд ва ҷараёни сӯҳбати мақомоти интизомӣ бо пайвандони онҳо сабти видеоӣ шудааст.
Аммо мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Файзобод аз падари 95-солаи Муҳиддин Кабирӣ ва дигар наздикони ин раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) хостаанд, ки фарзандонашро насиҳат кунанд. Ба дунбол, дар сомонаи Ютуб дар Интернет ду навори видеоӣ нашр шуд, ки дар онҳо Тило ва Сафар Кабиров, падар ва бародари Муҳиддин Кабирӣ ӯро "насиҳат" мекарданд, ки фаъолиятҳои сиёсиашро дар хориҷ қатъ кунад ва ба Ватан баргардад.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси 51-солаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи аз ду курсияш дар парлумон маҳрум гардидани ҲНИТ Тоҷикистонро тарк кард. Бино ба бархе хабарҳо, ӯ дар Туркия ба сар мебарад.
Ҳафтаи гузашта ҳузур ва суханронии Кабирӣ дар конфаронси "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон сабаби вокуниши тунди Душанбе шуд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон сафири Эрон дар Душанбе Ҳуҷҷатуллоҳ Фағониро даъват карда, ба ӯ дар робита ба сафари Кабирӣ нота супурд.
Мақомоти Тоҷикистон Кабирӣ ва ҳизби ӯро ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябри генерал Абдуҳалим Назарзода айбдор мекунанд. Рӯзи 29 сентябр, ду ҳафта баъд аз рафъи он ошӯб, Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломиро шомили рйӯхати созмонҳои ифротиву террористӣ карда, фаъолияташро дар кишвар манъ кард.
Кабирӣ ва тарафдоронаш аммо мегӯянд, дар ошӯби генерал Назарзода даст надоранд, балки ин ошӯб баҳонаи хубе ба дасти мақомот барои бастани ҳизби наҳзат додааст.