Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Одамкушӣ барои як метр ҷо." Камбуди замину манзил дар як ноҳияи Суғд


Нусратулло Салимзода
Нусратулло Салимзода

Раиси ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд мехоҳад камбуди манзилро бо сохтани биноҳои баландошёна ҳал кунад ва аз ин рӯ чанд қарори бунёди баландошёнаҳоро имзо кардааст. Яке аз минтақаҳои зичии аҳолияш баланд ҷамоати Ёва аст. Вале баъзе аз оилаҳо дар ин ҷамоат мегӯянд, чаро чунин баландошёнаҳо бояд дар ҷойи ҳавлии онҳо сохта шаванд, ҳарчанд дар атроф маконҳои холӣ зиёданд.

"Ман дар ин ҷо шояд аз панҷ сол зиёд набошам, аммо баъд аз панҷ сол Ёва чӣ хел мешавад, тамошо кунед. Ҳамаи кор барои ободии ҳамин ҷо аст. Ҳоло бинед чӣ аҳвол дорад? Барои як метр ҷо одамкушӣ, бовар кунед! Дар як бинои баланд чӣ қадар одам дорои шароити хуб мешавад. Худашро одам ҳис мекунад, аз барои савоб," – шарҳ дод Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Ин сухани ӯ рӯзи 30-юми янвраи имсол дар нишасти матбуотӣ садо дод.

Салимзода афзуд, аз тақрибан чаҳорсад ҳазор аҳолии ноҳия зиёда аз 200 ҳазор хоҳони замин ҳастанд, то хонаву дар созанд, вале ноҳия замини кофӣ надорад. Бинобар ин, қарор шудааст, ки ширкати "Тоҷик муосир сохтмон" дар тақрибан 33 садяки замини ҷамоати Ёва бинои баландошёнаи нав созад. Барои ин, бояд ҳафт ҳавлӣ вайрон карда шавад. Раиси ноҳия иқрор мекунад, ки ин нақшаи онҳо эътирози зиёдеро ба вуҷуд овард.

"Дар як ҳавлӣ се бародар баъд аз васияти падар бе ҳуҷҷат хона кардаанд. Хоҳӣ ё нахоҳӣ, ҷанҷол мешавад. Ҳуҷҷат надоранд, фақат шиносномаи техникӣ доранд. Шаҳодатномаи истифодабарии заминро доранд. Ин тарафи масъала ҳам ҳаст," – гуфт Нусратулло Салимзода.

Дар ҳафт ҳавлии баҳсӣ даҳҳо оила бо пайвандонашон зиндагӣ мекунанд. Онҳо пештар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки дар ин рӯзҳои сард аз мақомот ҳушдор гирифтаанд, то хонаҳояшонро холӣ кунанд. Танҳо дар як оилаи Шарифовҳо 15 кас зиндагӣ мекунад.

Ҳабиба Шарифова, соҳиби яке аз хонаҳои баҳсӣ, гуфт, "ба куҷо меравем? Як ваҷаб ҳам ҷойи иловагӣ надорем. Ё дар баландошёна манзил надорам. Дар 28-солагӣ бо чор фарзанд танҳо мондаам."

Ҳабиба Шарифова
Ҳабиба Шарифова

Иддае аз сокинон дар назди ҳавлияшон ба тиҷорат машғуланд. Бим аз он доранд, ки на танҳо аз хона, балки аз ягона манбаи даромадашон ҳам маҳрум мешаванд.

Бобоҷон Пӯлодов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гуфт: "Бе ҷойи кор мемонем, одам сарсон мешавад. Агар илоҷаш шавад, бинои баландошёна насозанд, беҳтар. Ҷойҳои холӣ бисёр аст. Худам ба танҳоӣ 4 оиларо мехӯронам. Агар тиҷорати мо аз байн равад, намедонам, чӣ хоҳад шуд."

Ҳоло ин баҳс ба Додгоҳ рафтааст ва ҷонибҳо мунтазири хулосаи додрас ҳастанд. Кӯшиши бунёди биноҳои баландошёна дар ин минтақа дар ҳолест, ки лӯлаи обу ташноб надорад ва барқаш маҳдуд аст. Назари бинокорон дар ин бора маълум нест.

Сохтмони баландошёнаҳо дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон аксаран баҳсбарангез будааст. Ҳоло ширкатҳои бинокор ба заминҳои наздишаҳрӣ низ таваҷҷуҳ кардаанд. Ҷамоати Ёва дар канораи шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG