Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ кушта шудани Яҳё Синворро "дарднок" хонд


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва Яҳё Синвор. Акс аз соли 2012
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва Яҳё Синвор. Акс аз соли 2012

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, кушта шудани раҳбари "Ҳамос" Яҳё Синворро "дардовар" хонд, вале гуфт, ки гурӯҳ "зинда хоҳад монд".

"Ҳамос" аз пуштибонии Ҷумҳурии Исломӣ бархурдор аст, вале аз сӯйи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эътироф шудааст.

Хоманаӣ рӯзи 19-уми октябр дар баёнияе гуфт, "аз даст додани Яҳё Синвор бешак барои муқовимат дарднок аст, аммо бо марги чеҳраҳои саршинос ҷабҳа аз ҳаракат нахоҳад монд."

Яҳё Синвор, тарроҳи ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябри соли 2023, ки боис ба ҷанг дар Ғазза шуд, рӯзи 17-уми октябр аз тарафи нерӯҳои исроилӣ кушта шуд.

XS
SM
MD
LG