Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"36 хона вайрон шуд." Зарардидаҳо: Ҳамаро бо як чашм бинанд


Деҳаи Сурхоб, Фархор, 17-уми июни 2024
Деҳаи Сурхоб, Фархор, 17-уми июни 2024

Миқёси зарари сел дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор шумурда шудааст. Ин шабу рӯз ҳашари мардум барои поккории хонаҳои селзада ҷараён дорад.

"Сел рӯзи 25-уми май ба 194 хона даромад. Аз ҳамин шумора 36 хона пурра вайрон шуд. Ба 112 хонаи дигар зарар расидааст. Ҳисоби умумии зиёни расида 7 миллиону 333 ҳазор сомонӣ ҳисоб шуд," – гуфт Зоиршо Давлатов, сардори Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Фархор.

Ҳоло кор дар ҳар кӯчаву паскӯчаи деҳаи Сурхоб ҷӯш мезанад. Яке лою гил мекашад, дигаре шикастпораҳоро аз хонаҳои фурӯрехта мебарорад. Сафархӯҷа Содиқов, сокини деҳаи Сурхоб, мегӯяд, "бо қувваи худ бартараф кардани оқибати сел бисёр мушкил аст. Ҳозир аз идораҳои гуногун омада, ба мо ёрӣ мекунанд."

Бибифайз Умарова, сокини дигари Сурхоб, боми хонаашро се рӯз пеш аз омадани сел сохта буд. Офати табиӣ хонаашро ба гунае зад, ки дигар дар он зиста намешавад. Мақомот онро аз ҳисоб бароварданд. Барояш ваъда шудааст, ки дар бунёди хонаи нав кумакаш мекунанд. Бо ҳамин умед ҳар рӯзро дар сояи тути назди хонааш пушти сар мекунад.

"Хона аз тарафи пеш боқувват метобад, аммо аз дарун афгор шудааст. Вақте ба дохилаш ворид мешавӣ, меҷунбад. Дигар имкони гаштугузор нест," – афзуд ӯ.

Видео дар инҷост:

Рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар Фархор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00

Сокинони деҳаи Сурхоб чунин офатро бори сеюм аст, ки мебинанд. Ҳоло ҳар касе дар ин деҳа дарди худро дорад. Хоҳиши ҳар зарардида ҳам дар он аст, ки мақомот ҳамаро бо як чашм нигоҳ кунад.

Лутфия Розиева, сокини деҳаи Сурхоб, гуфт: “Худо аз ин бад накунад. Ин як офат буд, ба сари мо танҳо наомадааст, дар ҳамаи ҷо ҳаст. Танҳо мардумро дастгирӣ кунанд, ба инобат гиранд, зарари расидаро ҷуброн кунанд.”

Ҳарчанд мақомот талош доранд, ҳоло ҳам пурра осори сел бартараф нашудааст.

Қурбонгул Алихонова, яке аз қаҳрамони гузориши пешинаи мо, ба хонааш баргаштааст. Аммо ин дигар он хонаи пешина не, як вайрона аст. Хоҳиши Қурбонгул ҳам дар он аст, ки дар бунёди хонааш ёрӣ кунанд.

Сарвазир Қоҳир Расулзода як ҳафта пеш ба деҳаи Сурхоб рафта, ба сокинон бунёди хонаҳо ва кумак ба оседидаҳоро ваъда додааст.

Деҳаи Сурхоб дар кӯҳдоман ва наздикии рӯди Сурхоб ҷойгир аст. Шаш сол пеш ба ин деҳа сел омада, чандин хонаро вайрон кард. Ҳоло сокинон мегӯянд, сели имсола аз шаш сол пеш дида, сахттар буд.

Аксҳои бештар дар инҷост:

XS
SM
MD
LG