"Хона зери обу лой монд. Дигар не қолин ҳаст, не кӯрпача. Ҳамаро об бурд. Дегу газ ҳам нест."
Раъно Баротова, сокини шаҳри Кӯлоб, пайомади борони шадиду давомдор ва омадани селро ба хонааш чунин баршумурд. Ҳодиса шаби 15-уми март рӯй додааст.
Баротова мегӯяд, ӯ ва пайвандонашро маъмурони Идораи ҳолатҳои фавқулода аз дохили обу лой берун оварданд. "Соати яки шаб буд. Борони сахт борид ва об ба хона даромад. Кӯдакҳоро дар болои ҷевон ҷой кардем," – ба ёд овард ӯ.
Он шаб хонаводаи Гулмо Воҳидова низ бо садои раъду барқ аз хоб бедор шуданд. Диданд, ки маҷрои об вориди хонаашон мешавад.
Вай гуфт: “Сел омад, ба даруни хона даромад. Аз пушт медидӣ, об бисёр баланд буд. Моро пуштора карда аз хона бароварданд.”
Сел ба ҳама чизи хонаи Гулмо Воҳидова осеб расондааст. Аҳли оила мегӯянд, ҳоло намедонанд чӣ хел зиндагӣ кунанд.
Дар Идораи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ки сел ба сокинони деҳаҳои Офтоблиқо, Сангпар, Нурулло Ҳувайдуллоев, Умари Хайём ва Чармгарон зарар расондааст.
Мақомот хисороти расидаро ҳисоб мекунанд.
Тоҷикистон ҳар сол дар айёми баҳор шоҳиди омадани сел мешавад. Ба иттилои расмӣ, аз соли 2008 то 2024 дар Тоҷикистон зиёда аз чаҳор ҳазор офати табиӣ, аз ҷумла селу заминларза ва сангу тармарезӣ сабт шуда, беш аз 500 миллион доллар зарар расондааст. Дар ин ҳодиса беш аз чаҳорсад кас ҷон бохтанд.
Видеоро дар инҷо бинед: