Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи Бадахшон оғоз шуд


Вазорати умури дохилӣ гуфт, таслими силоҳҳои ҷангӣ бо кумаки афроди бонуфузи Хоруғ имконпазир шудааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, гуруҳҳои мусаллаҳ, ки тайи ҳафтаи равон ба нерӯҳои хукуматӣ дар Хоруғ муқовимат нишон додаанд, ба таслими силоҳ шурӯъ карданд.

Ин вазорат бо пахши як изҳорот дар торнамои расмии худ хабар дод, ки "шоми 28-уми июл гурӯҳи ҷавонони гумроҳшуда, ки ба даст аслиҳа гирифта ва ба муқобили ҳукумат бархостанд, силоҳҳои оташфишон, бо шумули автомати калашников, таппонча ва лавозимоти дигари ҷангиро ба намояндагони давлат таслим карданд."

Дар ҳамин ҳол, як манбаи Радиои Озодӣ дар Бадахшон мегӯяд, то кунун танҳо 10 силоҳи оташифшон ба мақомот таслим шудааст.

Мақомоти вазорати умури дохилӣ мегӯянд, ба замин гузоштани силоҳ "аз баракати фаъолияти занҳои фаъол ва пешвоёни мазҳабии Хоруғ" ҳосил шудааст. Дар хабар омадааст, "ҷавононе, ки силоҳи ғайриқонуниро ихтиёран месупоранд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешаванд."

Вазорати умури дохилӣ изҳори умед кардааст, ки нафарони дигар низ аз ин иқдом пуштибонӣ мекунанд ва силоҳҳои худро ба замин хоҳанд гузошт.

Дар хабари вазорати умури дохилӣ дар бораи саркардаҳои гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ё макони будубоши онҳо ишорае нашудааст. Вазорат вазъи Хоруғро ором унвон карда ва гуфтааст, ки мардум ба зиндагии маъмулӣ баргаштаанд.

Қаблан хабаргузориҳо дар бораи азсаргирии музокироти намояндагони ҳукумат бо гурӯҳҳои мусаллаҳ хабар доданд, вале то ҳанӯз дар бораи ин музокирот ва натиҷаҳои он чизе гуфта намешавад.
XS
SM
MD
LG