Вай мегӯяд, дар ҷанг бо чашми худ дид, ки чӣ тавр сарбози кушташудаи мусалмонро ба ойини насронӣ дафн карданд. Ҳамчунин шарту шеваҳои ҷалби зархаридонро аз Сербистон ба ҷанг нақл кард ва аз ширкатҳое ном бурд, ки Русия барои ин кор истифода мекунад.
СОХТМОН Ё ҶАНГ?
Моҳи июни соли 2023 гурӯҳе аз шаҳрвандони Сербия ё Сербистон ба Белград омаданд. Дар санади онҳо навишта шуда буд, ки бинокоранд ва баъд аз сафари чандмоҳаи корӣ аз Русия бармегарданд. Онҳо гуё он ҷо дар як ширкати сохтмонӣ коромӯзӣ мекарданд. Дар асл онҳо аз ҷанги Украина баргашта буданд. Аз соли 2022 аз тарафи Русия дар Ураина меҷангидаанд. Маълум нест, ки ҳоло чӣ теъдод аз шаҳрвандони Сербистон дар майдони ҷанганд ва то имрӯз касе аз онҳо ҳам бо расонаҳои хориҷӣ сӯҳбат накарда буд.
Драган (ном тағйир ёфтааст) ва чанд серби дигар баъд аз анҷоми қарордоди нимсола тарки Русия карданд. Бо вуҷуди хатари зиёд онҳо ба ватани худ баргаштанд.
Бо оғози ҷанги Русия дар Украина, ҳукумати Сербистон қонуни манъи ширкат дар ҷангҳои хориҷиро сахттар кард. Ба онҳое, ки қонунро риоя намекунанд, 8 сол зиндон пешбинӣ шудааст. Тағйирот дар қонун пас аз он сурат гирифт, ки соли 2023 раисиҷумҳури серб Александр Вучич шахсонеро танқид кард, ки сербҳоро ба ҷанг мекашонанд.
Саргузашти Драган роҳу шеваи ба Русия ва аз он ҷо ба тамрингоҳ бурдани шаҳрвандони Сербистонро бозгӯ мекунад. Аксар маълумоту ҳодисаҳое, ки ин зархариди серб нақл кард, тариқи санад ва манбаъҳои мустақил тасдиқи худро ёфтанд. Вай ҳоло дигар намехоҳад ба Русия баргардад. Аммо моҳи октябри соли 2022 вақте аввалин бор роҳи Маскавро пеш гирифт, ҳадафаш “ёрӣ ба халқи бародар” ва гирифтани шаҳрвандии Русия буд.
“Ман ин корро бо хоҳиши худ кардам. Мехостам, ба халқи бародари рус кумак кунам. Боз дар фикри гирифтани шаҳрвандӣ будам. Онҳо ба ман чунин ваъда дода буданд. Фикр кардам, ки баъд аз анҷоми қарордод ба зиндагӣ ва кори одӣ бармегардам ва зиндагиям он ҷо аз Сербистон беҳтар хоҳад буд,” -- нақл кард Драган, зархариди серб.
РУСИЯ ДАР СЕРБИСТОН ҶАНГОВАР МЕҶӮЯД
Бо вуҷуди хатари муҷозоту таъқиб шудан аз сӯйи мақомоти Сербистон, ду шаҳрванди ин кишвар Деян Берич ва Давор Савичич ҳанӯз аз соли 2014 сербҳоро ба амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди Украина ҷалб мекарданд. Онҳо ин корро аз ҷумла бо кумаки ширкати муздурии “Вагнер” анҷом медоданд.
Савичич соҳиби баталйони махсуси худ буд, ки “Волки” ё “гургҳо” ном дошт. Ҷалби ҷангҷӯён ба он чанде пеш аз ҳамлаи Русия ба Украина дар соли 2022 сар шуд. “Гургҳо” қарордодро бо як ширкати мавҷуднабудае бо номи “Редут” мебастанд. Солҳои 2022-2023 ҷалби зархаридон ба ҷанг бо ҳамин шева сурат мегирифт.
Драган ҳам соли 2022 бо "Редут" қарордод баст. Ҳоло ба гуфтаи вай, зархаридони серб мустақим бо Вазорати дифои Русия қарордод мебанданд. Дар ин бора худи Давор Савичич ҳам ошкор гуфта буд.
Барои дар Сербистон муҷозот нашудан, зархаридон баъди бозгашт аз Русия, санадеро пешниҳод мекарданд, ки бар асоси он, гуё дар як “ширкати сохтмонӣ” коромӯз буданд.
Давор Савичич соли 2016 дар як мусоҳиба бо нашрияи "Фонтанка" гуфта буд, ки вай дар Украина намеҷангад, балки ба бинокорӣ машғул аст. Соли 2023 модари яке аз ширкатдорони ҷанг дар Украина ба "Би-би-сӣ" гуфта буд, ки писараш дар Русия "дар сохтмон кор мекунад". Радиои Озодӣ маълум кард, ки гап сари кадом ширкат аст. Бино ба нусхаи як санаде, ки Драган пешниҳод кард, вай гуё дар Русия дар ширкати "Монте Градня" коромӯзӣ мекард.
Ин ширкат баҳори соли 2021 номнавис шуда, корҳои сохтмонӣ ва таъмирро аз фаъолияти аслии худ нишон додааст. Дар маълумотномае, ки ба Драган додаанд, дарҷ шудааст, ки вай барои сафорати Русия дар Белград пешбинӣ шудааст. Аммо Драган мегӯяд, вай ба Маскав чун сайёҳ рафт ва барои кор дар Русия аз қабл виза нагирифтааст. Ба нақли ӯ, маълумотнома аз ширкати "Монте Градня"-ро ӯ пеш аз бозгашт ба хона гирифт, то он ҷо барояш мушкиле пеш наояд.
Дар санадҳои ҳуқуқӣ муассис ва мудири кулли ширкати Monte Gradnja Райко Батсковтич қайд шудааст. Вай ҳамчунин молики 35 дарсади саҳмияҳои ҶДММ “Волк груп” аст. Ин ширкат дар моҳи декабри соли 2023 дар Русия сабт шуда, кори аслиаш "сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ" гуфта шудааст. Небойша Малович ва худи Давор Савичич ҳам аз муассисони “Волк груп” муаррифӣ шудаанд.
Деян Берич ҳам соҳиби тиҷорати шахсии худ дар Русия будааст. Онҳо довталабони сербистониро барои рафтан ба ҷанг бо ваъдаи харидани билети ҳавопаймо ва пешниҳоди шаҳрвандии Русия ба худ ҷалб мекардаанд. Драган акси билетеро нишон дод, ки бо он аз тариқи Туркия ба Маскав расид. Деян Берич ба ӯ ваъда дода буд, ки пули билеташро бармегардонад, вале ба гуфтаи Драган касе пулро барнагардонд. Ҳамчунин ба гуфтаи Драган, масъалаи додани шиносномаи русӣ барои онҳо аз байн рафт. “Дигар касе ба Берич бовар намекунад,” – гуфт Драган.
НАХУСТИН ҚАДАМҲО ДАР ЗАМИНИ ДАВЛАТИ "БАРОДАР"
Ба нақли Драган, вақте бори аввал ба Маскав рафт, ӯро дар фурудгоҳи "Внуково" нафаре бо мошини сиёҳшиша пешвоз гирифт. Вай худро Дима - корманди Раёсати Асосии Иктишофӣ ё ГРУ муаррифӣ кард. "Мо 45 дақиқа рафтем, баъд аз роҳи мошингард ба як минтақаи аҳолинишин гаштем. Атроф пур аз посҳои тафтишӣ ва ҳама чӣ низомӣ буд,” – нақл кард ӯ. Ин зархаридро ба тамрингоҳи Алабино, воқеъ дар вилояти Маскав, бурдаанд.
Дар Алабино Драганро бо ҷангиёни дигари сербистонӣ ба назди хаймаҳо оварданд. Ду моҳ дар тамрингоҳ онҳоро Дима ва афсари дигаре бо номи Олег назорат мекарданд. То охири соли 2022 дар Алабино 25 ҷангҷӯйи сербистониро ҷамъ оварданд, вале чанде аз онҳо дар охир қарордодро имзо накарда, баргаштанд.
Драган барои 6 моҳ қарордод баст. Вай мегӯяд, “Аз қарордод маълум буд, ки он ба Вазорати дифои Русия рабт надорад ва аз “ширкати хусусии низомии "Редут" аст”.
Дар тамрингоҳи Алабино ба Драган ва дӯстонаш ҳар моҳ 110 ҳазор рубл медоданд. Пас аз даромадан ба Украина ин маблағ ду баробар бештар шуд. Дар Русия пулро барои онҳо нафаре бо лақаби “Амур” меовард. Дар таҳқиқоти муштараки лоиҳаи “Система” ва “Схема” дар бораи ширкати низомии "Редут" гуфта мешавад, ки "Амур" амр медод, ки дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина одамонро пайдо ва бозпурсӣ карда, ба чоҳ партоянд. Боздоштшудаҳоро вай худаш бозпурсӣ ва шиканҷа мекард.
Гурӯҳи зархаридони сербистониро чаҳор мушовири низомии нерӯҳои амалиёти махсус дарс медоданд. Драган ба бригадаи якуми ҷосусии “Гургҳо”афтид. “Барои русҳо “гусфанди қурбонӣ” даркор буд. Берич ба онҳо ваъда дод, ки ин корро ташкил мекунад ва кӣ медонад, ки барои ин амалаш барои ӯ чӣ қадар пул доданд,” – гуфт Драган. Ба нақли вай, Берич ҳанӯз дар тамрингоҳ аз боварии онҳо баромада буд. Дастаи онҳо ду моҳ дар Алабино машқ кард. Аммо афроде, ки баъд омаданд, пас аз ду ҳафтаи тамрин зуд ба майдони ҷанг фиристода шуданд.
"Мо ягона дастае будем, ки тамрини дуруст гирифтем. Дигарон ҳамагӣ аз 5 то 14 рӯз машқ карданд,” – афзуд, мусоҳиби мо. Ба гуфтаи Драган, дар ним соле, ки ӯ дар Украина меҷангид, тақрибан 15 сербистонӣ кушта шуд. Тасдиқи дурустии ин рақам аз дигар манбаъҳо барои Радиои Озодӣ мушкил аст. Аммо ба сифати далел ба гуфтаҳои худ, зархариди собиқи сербистонӣ паёми садоиеро пешниҳод кардааст, ки дар он яке аз ҷангҷӯён дар суҳбат бо ӯ афроди кушташударо номбар мекунад. Драган мегӯяд, тақрибан 70 шаҳрванди Сербистонро медонад, ки ба ҷанг ҷалб шудаанд.
ЯСИНОВАТАЯ – КАДИЕВКА – БАХМУТ
Баъд аз ду моҳи машқ дар тамрингоҳи Алабино, Драган ба минтақаҳои ғасбшудаи Украина сафарбар шуд. Он ҷо ӯ ва дигар ҳамроҳонашро дар яке аз мактабҳои миёнаи Ясиноватая, наздикии Донетск, ҷой карданд. Дертар онҳо дар як хона дар Макеевка ҷой гирифтанд. Драган аз он ҷо бо худ чанд сурат дорад. Радиои Озодӣ маълум кард, ки воқеан ин аксҳо дар ноҳияи Красногвордейски Макеевка гирифта шудаанд.
Дастаи Драган дар ҷангҳои ноҳияи Авдеевка ва Соледару Бахмут ширкат кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ду пойгоҳи асосии зархаридони “Волки” дар минтақаҳои аҳолинишин дар вилояти Луҳанск – деҳаи Металлист ва шаҳри Алчевск буд, ки онҳо бо навбат ба он ҷо сафарбар мешуданд. Ба нақли Драган, фармондеҳони гурӯҳи “Волки” дар Украина маъмулан сокинони маҳаллии Луҳанск буданд, ки ҳанӯз соли 2014 ба ҷониби Русия гузаштаанд.
“Дар Стаханов мушкили мо на фақат ҳамлаҳои Украина буд, балки бо сафарбаршудаҳои рус аз Тотористон ҳам мушкил доштем. Ба онҳо аз мо дида ду баробари пули камтар медоданд. Онҳо 50 ҳазор рубл мегирифтанд. Онҳо комилан ҳуқуқ надоштанд, ки аз ҳудуди корхона берун раванд. Дар наздикӣ як мағоза буд ва бархе талош мекарданд, ба он ҷо раванд. Дар ин ҳолатҳо мо маҷбур мешудем, ки ба ҳаво тир холӣ кунем. Агар баъди ин ҳам одам аз роҳ нагардад, мо метавонистем ӯро паронем,” -- нақл мекунад Драган.
Тавре пештар хабарнигорони лоиҳаҳои "Система" ва "Схема" маълум карданд, соли 2022 "Волки" дар вилоятҳои Киев ва Харков ҳам ҷангидаанд.
МУСАЛМОНЕ, КИ БО ОИНИ МАСЕҲӢ ДАФН КАРДА ШУД
Драган мегӯяд, яке аз зархаридоне, ки тақрибан бе тамрин ба ҷанг дар Украина бурда шуд, Эмрах Хорнич аз Нови-Пазар буд. Ин шаҳре дар ҷанубу ғарби Сербистон ва дар наздикии сарҳад бо Косово аст. Аҳолии он ҷо славянҳое ҳастанд, ки аз дини ислом пайравӣ мекунанд. Расонаҳои сербистонӣ ва босниягӣ дар моҳи августи соли 2013 хабар доданд, ки Зорнич дар Украина кушта, ва дар вилояти Томбов дафн карда шуд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Нови-Пазар тасдиқ карданд, ки Зорнич дар воқеъ аз оилаи мусалмон буд. "Вай (Зорнич) ҳамагӣ як рӯз тамрин карду ба даст силоҳ гирифт,” – гуфт Драган дар бораи сарбози кушташудаи мусалмон. Вай илова кард, бо вуҷуди он, ки сарбоз мусалмон буд, Берич маросими дафни ӯро тибқи ойинҳои масеҳӣ баргузор кард. Ин амал вай ва ҳамроҳони дигари сербистонияшро ҳайратзада намуд.
Манбаъҳои дигар ҳам дар ин бора хабар дода буданд. Аз ҷумла, ҷамъияти "Сербия" дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте". Радиои Озодӣ гузориши шабакаи телевизионии ГТРК Тамбовро аз маросими гузоштани муҷассама дар сари гӯри Зорнич дар оромгоҳи деҳаи Новая Ляда пайдо кард. Маросими ҷанозаро дар назди муҷассама раҳбари калисои маҳаллии православҳо иҷро кард. Дар гузориш дар бораи мусулмон будани вай чизе гуфта нашудааст.
Деян Берич дар суҳбат бо шабакаи "Соловев LIVE" дар бораи нафаре нақл кард, ки “мусалмон буд” ва дар наздикии Бахмут кушта шуд. Ӯ аз Зорич ном нагирифт. Ба суолҳои Радиои Озодӣ, аз ҷумла дар бораи маросими дафни сарбоз, Берич посух нагуфт. Ӯ дар гузашта мавқеи худро дар робита ба ҷанг дар Украина чунин баён дошта буд: "Расонаҳои серб кӯшиш доранд, ки моро дузду фиребгар нишон диҳанд, вале мо медонем, ки чаро ин корро мекунем. Агар мо мехоҳем, ки Сербистон вуҷуд дошта бошад, Русия бояд қавӣ бошад.”
13-уми сентябр, баъд аз мутолиаи паёми муаллифони ин мақола, Берич бори нахуст дар се ҳафта дар саҳифаи худ наворе нашр кард ва гуфт: "Ба ман гуфтанд, ки дигар маро эҳтиром намекунанд, чун ман сарбоз нестам. Ман ба ин одамон посух мегӯям. Бале ман дигар сарбоз нестам, ман видеоблогер ҳастам. Ман хидмати худро анҷом додам. Ҳоло бознишастаам."
"РУСҲО, ТАВРЕ МО ТАСАВВУР МЕКУНЕМ, ЗИЁД НЕСТАНД"
Пас аз шаш моҳи сафар ба Русия ва Украина, Драган – зархариди серб – мегӯяд, аз артиши Русия ноумед ва дилсард шуд. Ба қавли ӯ, он ҷо “тиҷорат ва фасод” реша давондааст: “Русҳо, тавре мо онҳоро тасаввур мекунем, чандон зиёд нестанд. Арзиши ҷони инсон барои онҳо мисли он аст, ки дар даврони Сталин буд.”
Нигоҳи ин зархариди сербистонӣ ба ҷанг алайҳи Украина ҳам тағйир ёфтааст: “Дар асл ин ҳама як тиҷорати бузург аст, ки дар он одамони одӣ, хоҳ зархарид аст ё сафарбаршуда, кушта мешаванд."
Маълум нест, ки ҳоло ҳам ҷалби сербистониҳо ба ҷанги Украина идома дорад ё на. Афсари Раёсати Асосии Иктишофи Русия ё ГРУ, ки дар тамрингоҳи Алабино худро “Олег” муаррифӣ мекард, ба суолҳои хабарнигори Радиои Озодӣ посух надод.
Бино ба оморе, ки Радиои Озодӣ аз додгоҳҳои олии Сербистон дастрас кард, аз соли 2014 то 2024 дар Сербистон 37 нафар барои ширкат дар ҷанги Украина ва як нафар барои ҷалби сокинон ба ҷанг ҷазо гирифтаанд. Вале аз ин теъдод танҳо як нафар дар пайванд ба ҷанги идомадори Русия ва Украина ҷазо гирифтааст. Ҳукми дигарон ба ҷиноятҳое вобастаанд, ки то соли 2022 содир шудаанд. 5 каси онҳо барои зархаридӣ ба зиндон маҳкум шуда, 32 нафари дигар ҷазои шартӣ ва 6 моҳ ҳабси хонагӣ гирифтаанд.