Яке аз онҳо Содиқ Қамбарови 36-сола аст. Рӯзи марги ӯро дар санадҳо 18-уми июл навиштаанд. Мақомоти маҳаллӣ ҳувияти кушташудаи дувумро фош накарданд. Шахсони огоҳ аз қазия гуфтанд, ки ҳарду аз тарафи Русия меҷангиданд.
Дар тақрибан се соли охир садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки бархе ҳамзамон шиносномаи Русия доранд, бо роҳҳои гуногун ба ҷанги зидди Украина бурда шудаанд. Чанде ихтиёрӣ, дигарон маҷбурӣ – бо ваъдаи гирифтани пулу шиноснома ё раҳоӣ аз зиндонҳои Русия.
Даъват аз муҳоҷирон
Ҳукумати ноҳияи Ишкошим дар муроҷиатномае дар “Фейсбук” аз сокинони ноҳия ва муҳоҷирон хостааст, дар ҷангҳои хориҷӣ ширкат накунанд. “Омили дигаре, ки имрӯз боис ба нигаронии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ гардидааст, иштироки бародарони мо дар ҷангҳои давлатҳои дуюму сеюм мебошад,” -- гуфта шудааст дар муроҷиатнома.
Дар матн аз ҷанг ва кишвари хосе ном набурдаанд. Аммо муроҷиатнома маҳз баъд аз овардани ҷасади Содиқ Қамбаров ва як зодаи дигари ноҳияи Ишкошим дар моҳи августи имсол нашру паҳн шуд.
Намояндагони ҳукумати Ишкошим дар охир аз муҳоҷирон хостаанд, ба зодгоҳашон баргарданд, чун “дар ҳудуди ноҳия ... иншооти сохтмонӣ ва истихроҷу коркарди маъданҳои куҳӣ оғоз гардида, ҳазорҳо ҷойҳои ... корӣ таъсис шуда, ... музди меҳнат дар як рӯз аз 250 то 300 сомониро ташкил медиҳад.” Ин дар ҳолест, ки солҳо боз дар Тоҷикистон бекорӣ ё маоши каму номуносиб аз душвориҳои умда ба ҳисоб меравад ва маҳз ба ҳамин далел ҳар сол садҳо ҳазор кас ба муҳоҷирати корӣ ба Русия ва кишварҳои дигар мераванду дурӣ аз хонавода ва сахтиҳои зиёдро таҳаммул мекунанд.
Тарҳи “Мигрант Медиа”-и Радиои Озодӣ барои гирифтани ҷузъиёт ба ҳукумати ноҳияи Ишкошим нома фиристод. Дар он хоста шудааст, ки дар бораи сокинони кушташуда ва шахсони дигаре, ки дар ҷанги Русия дар Украина иштирок доранд, иттилоъ дода шавад.
Навор дар Инстаграм:
Шӯҳрат Нуруллоев дар куҷост?
То лаҳзаи нашри гузориш посухи мақомот дастрас нашуд. Дар ҳамин ҳол, баъзе аз сокинони Ишкошим дар бораи нопадид шудани зодаи дигари ноҳия Шӯҳрат Нуруллоеви 38-сола дар ҷанги Русия дар Украина хабар доданд.
Ҳикмат Нуруллоев, бародари Шӯҳрат Нуруллоев, дар суҳбат бо бахши “Мигрант Медиа”-и Радиои Озодӣ гуфт, ӯ бори охир 19-уми марти соли 2024 тамос гирифта, аз он вақт то кунун бедарак аст. “Гуфта буд, ки дар Луганск, мавзеи Лисичанск, ҳастанд, вале онҳоро ба ҷойи дигар мефиристанд. Ваъда дода буд, ки баъд аз 10-15 рӯз занг мезанад. Дигар ба алоқа набаромад,” -- нақл кард ӯ.
Ба қавли бародараш, Шӯҳрат Нуруллоев дар соли 2023 шаҳрвандии Русияро соҳиб ва дар моҳи феврали имсол ба ҷанги зидди Украина бурда шуд. Ҳоло пайвандонаш намедонанд, ки ӯ дар куҷост, зинда, мурда, маҷруҳ ё дар асорат. Вазорати мудофиаи Русия дар бораи талафоташ дар ҷанги Украина хабар намедиҳад ва рӯйхати пурраи сарбозони кушташударо низ нашр намекунад.
Зархаридӣ дар Тоҷикистон ба монанди кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҷиноят аст. Бо ин вуҷуд, дар ҷанги Русия алайҳи Украина, ки дар моҳи феврали соли 2022 оғоз шуда, сабаби маҳкумиятҳои байнулмилалӣ гардид, зодагон ё шаҳрвандони Тоҷикистон бо тарзҳои гуногун ҷалб мешавад. Онҳоро ба се гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст:
- Сарбозону афсароне, ки дар артиши Русия хидмат мекарданд;
- Муҳоҷирони корӣ, ки бо ваъдаи шаҳрвандиву пули калон ба ҷанг ҷалб шуданд;
- Зиндониёни тоҷик, ки дар шароити номаълум ба ҷанг бурда шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон дар бештар аз ду соли охир танҳо то сад мавриди ҷалби маҳбусони тоҷикро аз зиндонҳои Русия ба ҷанг тасдиқ карда, вале дар бораи иштироки тоҷикистониҳо дар ҷанги зидди Украина парвандае боз накардаанд. “Дар бораи ҳолатҳои гуфтаи шумо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ягон парванда оғоз нагардидааст,” – гуфт додситони кул Юсуф Раҳмон дар моҳи август.
Дар Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон чанд нафарро барои ширкат дар ҷанги зидди Украина ба ҷавобгарӣ кашида, бархеро ҷазо додаанд.
Теъдоди дақиқи зодагон ё шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷанги Украина ҷалб шудаанд, маълум нест. Танҳо исми бештар аз сад нафари онҳо пас аз фавт ё дар асорат дар Украина расонаӣ шудааст.
Навор дар Фейсбук: