Кормандони раёсати Хадамоти назорату танзим дар нақлиёти Душанбе ҳамарӯза дар кӯча ва хиёбонҳои пойтахт санҷиш гузаронида, даҳҳо мусофир ва ронандаро барои риоя накардани тартиби пардохти роҳкиро, яъне, пардохти нақдӣ ва талаб накардани расиди он, ҷарима мекунанд.
Ҷумъахон Давлатов, муовини сардори раёсати Хадамоти назорат ва танзим дар нақлиёти Душанбе аввали ин ҳафта дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, нисбати касоне, ки тартиби пардохти роҳкироро риоя намекунанд, бар асоси моддаи 290, қисми 1-и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, чораҳои маъмурӣ андешида мешавад.
Нозирони хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе дар се моҳи аввали соли ҷорӣ танҳо дар пойтахт ҳудуди 2000 мусофирро барои вайрон кардани тартиби пардохт дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ҷарима кардаанд.
Инҳо асосан афроде ҳастанд, ки барои роҳкиро пули нақд дода, расиди онро талаб накардаанд. Дар ҳоле, ки додани расид вазифаи ронанда аст, ронандагон баръакс мусофиронро айбдор мекунанд, ки баъди пардохти нақд расид талаб намекунанд.
Қадаммурод Ҷалолов, як ронандаи тролейбус дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҷонибдоранд, ки ба мусофирон расиди пардохти роҳкироро пешниҳод кунанд. "Зеро агар расид надиҳем ва ба даст афтем, моро ҳам ҷарима мекунанд. Ҳисоботи мо бар асоси ҳамин расидҳо мебошад",-изҳор дошт ӯ.
Вале мусофирон мегӯянд, баъди пардохт, аксари ронандагон ба онҳо расид ё чек пешниҳод намекунанд. Онҳо пардохти нақдиро роҳи осонтар медонанд.
"Пулро медиҳӣ ва бақияатро мегирӣ, тамом. Корт мушкилиҳои худро дорад. Ба он бояд пул гузаронд. Нақдӣ хуб аст. Баъзе банкоматҳо меравӣ, кор намекунанд, мушкил ҳаст. Чекро диҳанд, мегиред, надиҳанд чӣ хел мегиред? Агар диҳанд, кӣ намегирад?",-изҳор дошт Шарофи Шоҳрӯз, сокини шаҳри Панҷакент.
Ҷарима кардани мусофирон барои талаб накардани расид дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, баҳсҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст.
Бархе аз корбарон навиштаанд, ки пеш аз муҷозоти мусофирон, нахуст бояд дар робита ба фаъол будани терминалҳои пулгузаронӣ рейд гузаронида мешуд. Зеро ба гуфтаи онҳо, тавассути терминалҳои на ҳамаи истгоҳҳо, мешавад ба кортҳо пул гузаронд.
Талошҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти назари масъулони лоиҳаи "City Card" (Корти шаҳрӣ) то замони нашри матлаб бенатиҷа буданд.
Тарҳи "City Card", ки пардохти ғайринақдиии пули роҳкироро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе пешбинӣ мекунад, аз моҳи июни соли 2018 ҷорӣ шуд. Ин низом дар ҳамкорӣ миёни ширкати “Авесто гурӯҳ” ва ҳукумати шаҳри Душанбе, роҳандозӣ шуд.
Мақомот он замон гуфтанд, ки ҳадафи лоиҳа, беҳсозии хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва аз гардиши ниҳонӣ баровардани пули ҷамъшаванда аз ҳисоби мусофиркашонӣ дар пойтахт аст.
"Авесто гурӯҳ" яке аз ширкатҳои наздик ба шаҳдори Душанбе шумурда мешавад.
Гуфтугӯ