Додгоҳи Кӯлоб рӯзи сешанбеи 8-уми апрел дар СИЗО ё боздоштгоҳи муваққатӣ Умед Тешаевро дар куштори Умар Қаюмов, сардори маҳбасхонаи Кӯлоб муҷрим шинохт ва ба 30 соли зиндон маҳкум кард.
Мурофиа ба раёсати додрас Раҳмоналӣ Наимов, пушти дарҳои баста гирифт. Зеро ба гуфтаи пайвандони Умед Тешаев, аз ҷониби онҳо танҳо Раҳмоналӣ Раҷабов, вакили мудофеъ ширкат кардааст. Ҷаноби Раҷабов рӯзи чоршанбеи 9 апрел дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, маҳкум ба 30 соли зиндон шудани зерҳимояаш тибқи ҳарду моддае, ки Умед Тешаев ба он гунаҳкор дониста мешуд, сурат гирифтааст:
"Ҳукм барои ҳар ду ҷиноят содир шудааст. Зеро тибқи қонун додгоҳ моддаи 67-ро асос карда барои ҷамъи ҳукмҳо, яъне ҳар ду ҷиноятро дар назар гирифта ва ҷазо таъин мекунад. Барои мисол, 25 сол барои як ҷиноят ва чанд соли дигар барои дигар ҷиноят ва дар асоси модаи 67 ҷазои ниҳоиро 30 сол таъин мекунад."
Ин ҳам дар ҳоле, ки Умед Тешаев, қаблан бо ҷурми куштани як сокини Кӯлоб бо 54 зарби корд дар поёни моҳи августи соли гузашта ба 17,5 соли зиндон маҳкум ба зиндон шуда буд ва ҳатто дар авохири моҳи гузашта додгоҳи Кӯлоб аризаи шикоятии ӯро дар мавриди ҳукми мазкур баррасӣ намуда, бетайғир гузошт.
"Болои сухта намакоб" Умед Тешаев, ба ҷинояти аввалаш қаноат накарда ва 16 феврал сардори маҳбасхонаи Кӯлоб, Умар Қаюмови 65 соларо бо 18 зарби қайчӣ ба қатл расонид.
Бо таваҷҷӯҳ ба содир шудани ду ҷиноят ва он ҳам куштори бераҳмона аз сӯи Умед Тешаев, пайвандони Умар Қаюмов, собиқ сардори маҳбасхонаи Кӯлоб эълони 30 соли маҳкумият ба зиндон аз сӯи додрасро ноодилона медонанд. Сайёд Қаюмов, писари Умар Қаюмов дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, "ман ба ин ҳукми додгоҳ розӣ нестам. Ба қотил бояд ҳукми паррон ё қатл дода мешуд. Аммо ҳоло, ки ҳукми қатлро аз байн бурдаанд, бояд нисбати вай ҳукми ҳабси абад таъин мегардид. Зеро вай ду куштори бераҳмона кардааст."
Ба ин далел Сайёд Қаюмов мегӯяд, ҳатман аз болои ҳукми додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят хоҳанд бурд. Ин ҳам дар ҳоле, ки наздикони Умед Тешаев, қотили Умар Қаюмов низ дар садади шикоят бурдан ба ҳукми додгоҳ ҳастанд ва мегӯяд, 30 соли зиндон ҷазои вазнин аст. Бо ин ҳам Раҳмон Эргашев, тағои Умед Тешаев мегӯяд, танҳо пас аз интиқоли вай аз СИЗО ба зиндон ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳанд бурд. Зеро ба гуфтаи Раҳмон Эргашев, "аз СИЗО ба маҳбас интиқол ёбад ва ҷояш ки маълум шуд, баъд шикоят мекунем, зеро ҳоло агар шикоят кунем, ҳар лаҳза барои вай хатар дорад ва мавриди шиканҷа қарор хоҳад гирифт."
Аммо Раҳмоналӣ Раҷабов, вакили дифоъи Умед Тешаев, мегӯяд, зерҳимояаш шикоят кардан ба додгоҳи таҷдид назарро салоҳ намебинад ва ин амрро бефоида медонад: "Не, шикоят намебарам. Чун шикоят кардан ба судшаванда бастагӣ дорад. Аммо вай аз шикоят карда даст кашид."
Зимнан, маҳбуси зиндони Кӯлоб Умед Тешаев зуҳри рӯзи якшанбеи 16-уми феврал сардори маҳбасхонаи (СИЗО) Кӯлоб полковники 65-сола Умар Қаюмовро ба ҳангоми тарошидани мӯи сараш, бо 18 зарби қайчӣ ба қатл расонида буд. Умар Қаюмов, хатмкардаи факулати забони русии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буда ва мактаби олии ҳуқуқшиносии вазорати корҳои дохилии Узбакистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос дар соли 1988 хатм намуда ва беш аз 20 сол дар низоми маҳбасхонаҳо кор карда буд.
Тайи тақрибан 15 соли охир ӯ сардори маҳбасхонаи Кӯлоб буд. Полковник Умар Қаюмов, ки 65 сол дошт, мебоист ҳанӯз соли гузашта бознишаста мешуд, аммо бо дарназардошти хизматҳои шоистааш аз ӯ хостаанд, ба кораш идома диҳад.