"Соле, ки духтари ман дар озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, мақоми аввалро гирифт, мо имконият надоштем, ҳамаи он адабиётеро, ки тавсиявӣ буд, аз мағозаҳои китоб дастрас кунем, ки дар вақти изофӣ дар хона омода шавад. Мушкили дигар дар он аст, ки адабиёти кӯдаконаи мо хеле кам аст,»-гил мекунад Хоркашев.
Далер Шариф, муаллифи барномаи “Китобхон” дар Ютуб ва яке аз таблиғарони китобхонӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ширкатдорони барномааш низ яке аз далелҳои кам китоб хондани насли навро набудани ҳамин гуна китобҳои тавсиявӣ аз сӯи мутахассисон медонанд. Ҳамсуҳбати мо ин вазъро «як ҳолати бисёр шадид ва буҳронӣ» медонад.
Муаллифи барномаи «Китобхон» афзуд, волидон аз онҳо суол мекунанд, ки фарзандашон китобхониро аз чӣ шурӯъ кунанд. «Посухашро намедонем, зеро чунин феҳристи китобҳоеро, ки дар зеҳни кӯдак шавқи китобхониро бедор кунад, мо надорем,»-мегӯяд Далер Шариф.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Аммо бархе коршиносон тавсия медиҳанд, ки кӯдак бояд мутолиаро аз донишномаҳои кӯдакона оғоз кунанд:
Некрӯз Сафарзода, мудири редаксияи донишномаҳо барои кӯдакону наврасон дар Энсиклопедияи миллӣ бар ин аст, ки табиати донишнома (энсиклопедия)-ҳо ҳамин аст, ки ба як шеваи фаҳмову қобили дарки хонанда бо назардошти синну сол таҳия мешавад.
«Вақте мутолиаву донишандузӣ аз донишномаҳо шурӯъ мешавад, кӯдак аз ҳамон синни хурдӣ, аллакай дар қолаби муназзам фикр кардан ва ҳама чизи нисбатан лозимитарро аввал аз худ карданро меомӯзад»,-таъкид мекунад ин коршинос.
Аз соли 2019 дар Тоҷикистон озмунҳои китобхонӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ҳамаи қишрҳои мардум эълон шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон бар ин аст, ки ин озмун шумораи китобхонҳоро дар кишвар сол то сол зиёд кардааст. Аммо тоҷирони китоб бар инанд, ки наврасон имкони зиёди дастёбӣ ба китобҳоро надоранд.
Азизи Нақибзод, мудири фурушгоҳи “Китобкада” аз кам будани китобҳо ба забони тоҷикӣ китоб хеле кам тарҷумашудани онҳо мегӯяд. Ба гуфтаи Нақибзод, дар Узбекистон беҳтарин китобҳои нависандагони ҷаҳон тарҷума мешавад, вале дар Тоҷикистон солона ҳамагӣ 2-3 китоб тарҷума мешавад.
“Мешавад гуфт, ки тамоми асарҳои беҳтарини ҷаҳонӣ бо забони узбекӣ тарҷума шудаанд. Дар Қазоқистон ҳам вазъ ҳамин хел. Ҳатто Қирғизистон ҳам дар ин масаъала аз мо пеш рафтааст,»-вазъро шарҳ медиҳад Нақибзод.
Дар замони ҳамагирии вируси куруно, ки дар мактабҳо таътили иҷборӣ шуда буд, Вазорати маориф як рӯйхати китобҳои тавсиявиро таҳия ва пешниҳод карда буд. Ҳамчунин барои довталабони озмуни китобхонии "Фурӯғи субҳи доноӣ" низ чунин як рӯйхат пешниҳод шудааст.
Аммо волидон ин рӯйхатҳоро кори коршиносон намедонанд ва мегӯяд, бештари ин китобҳо китобҳои сиёсиву идеологӣ ҳастанд, на асарҳое, ки зеҳни донишомӯзи наврасро рушд диҳад. Бархе чеҳраҳои фарҳангӣ низ талоши таҳияи чунин феҳристро карда буданд, ки бештар ба таҷрибаи инфиродии худ такя намуда буданд. Вале соҳибназарон мегӯянд ин феҳристро бояд ниҳодҳои босалоҳияте таҳия кунанд, ки мисли кишварҳои дигар натиҷадор бошад.
Гуфтугӯ