Мардону занони яҳудӣ имкон пайдо хоҳанд кард, ки дар як гӯшаи Девори Нудба ҳамроҳ ниёиш кунанд. Ин девор, ба бовари яҳудиён, охирин боқимондаи ҳайкали Сулаймон аст ва қиблаи яҳудиёни Исроил ва саросари дунё маҳсуб мешавад.
Фарнӯши Ром, таҳлилгари масоили мазҳабии муқими Байтулмуқаддас мегӯяд, дар ин шаҳри бостонӣ, ки даҳсолаҳои ахир сатҳи ифротгароии яҳудиҳои мазҳабӣ хело боло рафтааст, як гурӯҳ аз яҳудиҳои мӯътадил ва миёнарав ҳукуматро водор сохтанд то барои ташкили як гӯшае дар Девори Нудба барои ибодати муштараки хонаводагӣ, аз ҷумла ҳангоми баргузории маросими балоғати кӯдакон ё рӯзи сӯри арӯсӣ тасмим бигирад. Рӯҳониёни сахтгир ва ифротӣ ҳам оқибат розӣ шуданд, ки як бахши хурди девор барои ибодати якҷояи зану мардҳо ва маросимҳои хонаводагӣ ихтисос дода шавад.
Ҳоло мардону занони яҳудӣ дар канори девори Нудба чун пештара ҷудо аз якдигар ниёиш мекунанд. Дар ҷое, ки бояд бахши саввуми девор пайдо шавад, айни ҳол ҳафриёти боқимондаҳои даврони салтанати Рум идома дорад.
Мусулмонон девори Нудбаро «Девори Буроқ» меноманд ва мегӯянд, ки дар шаби меъроҷ паёмбари Ислом маркаби худро дар он ҷо баста буд.
ЗАБОНИ «ТАВРОТ» Ё КИТОБИ ДОСТОН НАВ МЕШАВАД?
Ниёш дар канори Девори Нудба асосан бо забони арамӣ ва ибрии қадим сурат мегирад. Ҳатто яҳудиҳое, ки забони модарияшон идиш, ладино ё арабӣ аст, ба ниёиш бо забонҳои қадима бартарӣ медиҳанд.
Фарнӯши Ром мегӯяд, ибрии қадим аз ангуштшумор забонҳои бостонист, ки ҳатто кӯдакон то ҳадде онро мефаҳманд. Ибрии қадима бо забони арамӣ шабеҳ аст ва хело аз ниёишҳо низ бо ҳамин забонанд.Аммо ҳарчанд ин забон дар баъзе мактабу донишгоҳҳо тадрис мешавад, гурӯҳе аз якҳудиҳо барои он пойфишорӣ доранд, ки ниёшҳо комилан бо забони модерни ибрӣ бошанд ва мӯътақиданд, ки барои ин забони «Таврот» ҳам бояд барои мардум осонтару фаҳмотар карда шавад.
Ба гуфтаи зонум Фарнӯш, худи яҳудиҳо «Таврот»-ро «китоби муқаддас» намегӯянд ва онро «Китоби Достон» мехонанд, зеро аз панҷ достони гуногун дар бораи таъриху таҳаввули минтақа дар чанд ҳазор соли пеш иборат аст. Аммо китобҳои ниёиш дар воқеъ як маҷмӯаи ашъори ашъори дилкаш аз мазомир ё сураҳо дар бораи Ҳазрати Довуд аст, ки аз ҷумла, онро шоири бузурги эронӣ Аҳмади Шомлу, ба забони форсӣ баргардон кардааст, мегӯяд ӯ.
Ҷонибдорони «модерн» кардани забони «Таврот» ва мазомири Ҳазрати Довуд мегӯянд, ҳадафашон он аст, ки теъдоди ҳарчӣ бештари ҷавонон аз онҳо огаҳ бошанд. Аммо рӯҳониёни муҳофизакор мегӯянд, беҳтар аст, ки ҷавонон забонҳои бостониро омӯзанд ва ба ин васила онҳоро барои наслҳои оянда ҳифз кунанд.Хонум Фарнӯши Ром бо таассуф меафзояд, дар Эрон забонҳои қадимаи паҳлавию авестоӣ хело кам тадрис мешаванд ва аҷаб нест, ки рӯзе боди таърих аз ин забонҳо нишоне боқӣ нагузорад…
ИМОН ВАЛЕРИЯ: СУРАҲОРО БО ЗАБОНИ ХУД ҚИРОАТ КУНЕД!
Қолабшиканӣ дар дину мазҳаб аслан кори сангину бебаракат аст, зеро он ба нозуктарин торҳои эҳсосоти мардуме, ки ойинҳои мазҳабиро аз аҷдоди худ ба мерос гирифтааст ва онро азиз мехонад, нохун мезанад, мегӯяд Имон Валерия Порохова, мутарҷими Қуръони Шариф ба забони русӣ. Аз нигоҳи мардуми мазҳабӣ ойинҳои динӣ шабеҳи кӯзаи ҳазорсолаенд, ки хело пурарзиш аст ва он бояд ҳатман барои фарзанду набераву абера ҳифз шавад.
Баҳси бо кадом забони хондани намозу дуо дар дини ислом матраҳ нест- тақрибан ҳама мусалмонҳо бо забони арабӣ намоз мегузоранд ва дуо мехонанд, мегӯяд хонум Имон-Валерия. Аз сӯи дигар, ӯ иқрор мекунад, ки ҳоло иддае аз намояндагони насли нав намехоҳанд, ки кӯр-кӯрона ва тақлидкорона дуову ниёиш кунанд ва мехоҳанд бо Парвардигораш бо забони худашон муошират кунанд. Ба вижа, онҳое, ки дини исломро пазируфтаанд ва дар омӯхтани забони арабӣ мушкил доранд.
Худованд ҳама забонҳоро мефаҳмад ва ягона шарти ибодат ба Парвардагор сидқу самимият дар дуову намоз аст, меафзояд мусоҳиби мо.
Ба гуфтаи хонум Имон Валерия, ӯ дар Шарқи Дури Русия шоҳиди он буд, ки бештари афроди дини исломро пазируфта дар масҷид на ба забони арабӣ, балки ба забони русӣ намоз мегузоштанд. Барои ин сокинони Камчатка, ки ба дини ислом гаравидаанд, омӯзиши забони арабӣ хело сахт аст аст ва аз рӯ ҳангоми намоз сураҳои ба забони русӣ тарҷумашударо тиловат мекунанд.
Аз сӯи дигар, мусоҳиби мо мутмаин аст ҳар як мусалмон бояд возеҳу равшан бидонад, ки муноҷоту намозу дуо ба чӣ хотир аст ё ӯ аз Офаридгор чӣ мехоҳад. «Пеш аз он ки сураеро аз ёд кунед, аввал онро бо забони худатон мутолиа кунед ва ба мӯҳтавояш сарфаҳм равед ва фақат сипас онро бо забони арабӣ қироат намоед. Ҳоло Қуръони Шариф ба 60 забони олам тарҷума шудааст. Аммо агар шахс ин гуна қобилият надошта бошад, пас бигузор бо забони худ намоз гузорад", мегӯяд ӯ.
Хонум Имон-Валерия аз сӯҳбатҳояш бо мардум дар Чеченистон ва чанд шаҳраки хурди Доғистон ёд оварда мегӯяд, тақрибан ҳама бо забони арабӣ намоз мегузоранд, аммо одамоне ҳастанд, ки сураҳои арабиро ҳеҷ наметавонанд азёд кунанд. Баъзеи онҳо иқрор карданд, ки талошҳояшон барои "қориазёд" кардани сураву дуово ноком шуд, аз ин рӯ маҷбуранд намозҳояшонро бо забони русӣ ё забони маҳаллии худ хонанд.
ТУРКНАЖОДҲО БО ФОРСӢ НИЯТИ НАМОЗ МЕКАРДАНД
Саидаҳмади Қаландар, пажуҳишгари масоили мазҳабӣ низ мегӯяд, ба Худованд рӯ овардан ва аз Худованд чизе ё ҳоҷате хостан бо кадом забоне, ки набошад, фарқ надорад. Аммо намоз бояд ҳатман бо забони арабӣ гузошта шавад. Дуоҳои маснун ё суннат ҳам ҳастанд, дуоҳое, ки Ҳазрати Паёмбар Муҳаммад (с) айёми зиндагияш дар намозҳо ва ҳангоми рӯ задани мушкиле истифода мекард - бигирем, дуои иҷобат аз даргоҳи Худованд дар хостани борон ё аз сармо наҷот ёфтан, дуои сафар ё дуои дар киштӣ савор шудан, яъне дуоҳои марбут ба ҳоҷатҳои ҳамарӯза дуоҳои маснунанд ва ба хотири он ки ягон қисматаш кам ё зиёд нашавад, онҳоро ба забони арабӣ мехонанд, мегӯяд ӯ.
Аммо дуоҳое аз қабили талаби баровардан сохтани ниёзҳо, барои бахти фарзанд, дар муносибати хонаводагӣ ва дигар дуоҳое, ки банда аз Худованд иҷобаташонро мехоҳад, бо забони модарии мусалмон хонда мешаванд.
Саидаҳмади Қаландар меафзояд, дар ҳама қаламрави форсинишин аз Эрон то Афғонистону Тоҷикистону Покистону Ҳинд на фақат дар намози паҷвақта, балки дар намози ҷумъа ҳам баъд аз ибодат дуо ба забони форсӣ қироат мешавад. То миёнаҳои қарни гузашта мардуми туркзабони Осиёи Марказӣ ҳам бо забони форсӣ-тоҷикӣ нияти намоз мекарданд, мегӯяд муҳаққиқи тоҷик.
Таърихи ислом ҳокист, ки дар аҳди Сомониён дар Бухоро баъди омадани Қутайба ибни Муслим эътирозҳое алайҳи бо забони арабӣ хондани дуоҳоу намозгузорӣ сар зада буданд, зеро мардум ба мӯҳтавои намозу дуоҳо сарфаҳм намерафтанд. Бино ба «Таърихи Наршахӣ», он вақт тасмим гирифта шуд, ки як тарҷумон матни сураҳои Қуръонро барои мардум баргардон кунад. Аммо баъдан бо ривоҷ ёфтани омӯзиши забони арабӣ ин зарурат аз байн рафт.
«СРЕДА»: МАРДУМ БО ЗАБОНИ РУСӢ ИБОДАТ КАРДАНИАНД
Баҳси бо кадом забон дуо хондану ниёиш кардан дар калисои ортодокси Русия ҳам доман зада шудааст. Бар пояи назарпурсие, ки ахиран хадамоти СРЕДА дар манотиқи гуногуни Русия бо ширкати 1500 нафар доир кард, 37 дар сади пайравони калисои православӣ ҷонибдорои онанд, ки ибодат фақат бо забони муосири русӣ сурат бигирад, зеро ба бисёр вожаҳои забони славянии қадим сарфаҳм намерасанд.
Теъдоди ҷонибдорони фақат бо забони русӣ доир кардани ибодат ба вижа миёни занон зиёд аст. Асосан афроди бекор ва шаҳрвандони дорои маълумоти нопурраи миёна мехоҳанд, ки дар калисо фақат забони русӣ садо диҳад, афроди дорои маълумоти олӣ, бозаргонҳову раҳбарон, донишмандону кормандони бахши маориф ҷонибдори боқӣ мондани забони славянии қадима ё забони славянии маъбадӣ (тсерковославянский) будаанд.
Дар кишварҳое, ки пайравони дини католикӣ зиёданд, ибодатҳо асосан бо забони лотин сурат мегиранд. Дар Белорус католикҳо ба ҷуз забони лотин бо забони белорусӣ ва солҳои ахир ҳарчӣ бештар бо забони лаҳистонӣ дуову ниёиш мекунанд. Дуову ниёш бо забони лаҳистонӣ миёни католикҳои Украина ҳам ҳарчӣ бештар роиҷ мешавад. Дар кишварҳои испанизабон дуову ниёш ҳам бо забони лотиниӣ ва ҳам бо забони лотинӣ сурат мегирад. Попи Рум дар ҷашну маросимҳои мазҳабӣ мардумро бо ҳамаи забонҳои кишварҳое табрик мегӯянд, ки он ҷо католикҳо ба сар мебаранд.
Дар дини ҳиндӣ мантра ё дуоҳо бо забони қадимаи сангскрит хонда мешаванд.