Абдусамеъ Додобоев, сардори раёсати равобити байналмилалии додситонии кулли Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, барои истирдоди Умаралӣ Қувватов, ки дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт ва нигаҳдорӣ мешавад, мӯҳлати ниҳоӣ гузошта нашудааст ва чунин мӯҳлат метавонад, беохир бошад. Ин акнун ба мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб бастагӣ дорад, ки қазияи Қувватовро тавассути додгоҳ ҳал мекунад, ва ё бо ҳукми додситонии куллии ин кишвар.
Ин дар ҳолест, ки мӯҳлати боздошти муваққатии Қувватов ба поён расидааст ва дар ин муддат Тоҷикистон натавонистааст вайро аз Дубай ба Душанбе бубарад. Абдусамеъ Додобоев мегӯяд: “Истирдод мӯҳлати ниҳоӣ надорад. Мисли ҳамин дигар парвандаҳо дар гузашта ҳам буд. Гумонбарон ду моҳ ва ҳатто то як сол мешинанд. Масъалаи дигар ин аст, ки мавод пешниҳод шудааст, бояд баррасӣ шавад, баъд ба таври расмӣ бояд ҷавоб гардонанд. Ҳоло мо ягон маълумоти дақиқ надорем. Гапе, ки мӯҳлаташ гӯё маҳдуд бошад, нодуруст аст”.
Аммо гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқии Умаралӣ Қувватов мегӯяд, истирдод нашудани ин соҳибкори норозӣ аз ҳукумат дар мӯҳлати пешбинишуда сабабҳои дигар дорад. Николай Николаев, ҳамоҳангсози ин гурӯҳ дар мусоҳибае ба радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи ҳимоят далелҳои мушаххас дорад ва тибқи ин далелҳо, иттиҳомоте, ки мақомоти интизомии Душанбе барои гунаҳгор кардани Қувватов ба Иморот фиристодаанд, мавриди эътимод нест. “Мо далелҳои қавӣ дорем, ки баъзе ҳуҷҷатҳо сохтаанд ва дар вақтҳои наздик, вақте ки вакилони мудофеи Қувватов бо иттиҳомот ошно мешаванд, мо ин далелҳоро дар ихтиёри ҷомеа қарор медиҳем”.
Николаев нахост дар бораи ин иттиҳомоти ба гуфтаи худаш дурӯғин сӯҳбат кунад ва ин корро ҳоло зуд медонад. Ба суоле дар ин бора, ки оё мақомоти додгоҳӣ ё додситонии Имороти Муттаҳидаи Араб иттиҳомоти воридаи ҷониби Тоҷикистон ба Қувватовро сохтаву бофта номидаанд, Николаев гуфт, ин ақидаи гурӯҳи онҳост, яъне ақидаи гурӯҳи ҳимояи ҳуқуқист.
“Ҳоло истирдоди Қувватов имкон надорад, зеро дар як ҷаласа, ки дар Иморот баргузор шуд, ин масъала баррасӣ нашуд. Ҷониби Тоҷикистон маълумоту далелҳои кофӣ нафиристодааст ва ин масъала умуман баррасӣ нахоҳад шуд. Дар марҳилаи кунунӣ додгоҳ таҳқиқ кардааст, ки ҳамаи маводе, ки ҷониби Тоҷикистон ба таври расмӣ барои гунаҳгор кардани Қувватов пешниҳод кардааст, онҳо ба таври комил ба муқаррароти Интерпол ё полиси байналмиллалӣ мутобиқат намекунад. Ба ин хотир додгоҳ мӯҳлати расидагӣ ба парвандаро то 10 март тамдид кард”.
Ин имкон низ вуҷуд дорад, ки агар шахси боздоштшуда исбот кунад, ки боздошти вай ангезаҳои сисёсӣ дорад, дар он сурат кишвари боздошткарда бояд ҳамаи далелҳоро таҳқиқ кунад, то боздоштшуда дар сурати истирдод ба кишвари худ мавриди шиканҷа қарор нагирад.
Умаралӣ Қувватов аз соҳибкорони наздик ба доираҳои ҳукумат буд, ки баъдан дар заминаи ҷанҷоли дохилии ширкати "Фароз" ва "Тоҷирон" аз кишвар берун рафт ва худро мухолифи ҳукумат эълон кард. Умаралӣ Қувватов 23 декабри соли 2012 дар ҷараёни як сафар дар Дубай боздошт шуд. Ин боздошт бар пояи дархости Тоҷикистон аз Интерпол сурат гирифтааст.
Дар айни замон дар Имороти Муттаҳидаи Араб расидагӣ ба парвандаи Қувватов барои истирдод то 10 марти соли ҷорӣ тамдид шудааст.
Таҷрибаи боздодани афроди мавриди ҷустуҷӯ миёни Тоҷикистон ва Иморот аз солҳои 2000-ум вуҷуд дорад. Истирдодҳое, ки то ҳол матбуотӣ шудаанд, марбут ба қазияи Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, собиқ рақиси Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва Неъмат Отамуродов, собиқ раиси намояндаи тиҷҷории Тоҷикистон дар Иморот мебошанд.