Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарси "Пешвои миллат" дар бархе донишгоҳҳои Тоҷикистон


Сар аз нимсолаи дувуми соли хониш дар бархе факултаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ бо номи "Эмомалӣ Раҳмон - меъмори давлати навини Тоҷикистон" ба роҳ монда шудааст.

Дар факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ ё худ курси таълимӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон -- меъмори давлати навини Тоҷикистон” ба роҳ монда шуда ва донишҷуён ба омӯзиши он оғоз кардаанд.

Наҷмиддин Тоҷов, устоди факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин дарси таълимӣ таърихи фаъолияти сиёсии президенти Тоҷикистонро аз соли 1992 то ба имрӯз дарбар мегирад. Вай гуфт, ин дарс интихобӣ аст ва 32 соат дарси назариявӣ ва 32 соат дарси амалиро дар бар мегирад ва ҳар нимсола ба донишҷӯён таълим дода мешавад. Вай афзуд, "ин дарс ба донишҷӯён ниҳоят писанд омадааст ва ҳангоми баррасӣ, донишҷӯён суолҳои зиёд матраҳ мекунанд."

Як устоди дигари факултаи таърихи Донишгоҳи миллӣ 29 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, "Эмомалӣ Раҳмон - меъмори давлати навини Тоҷикистон" фанни алоҳида набуда, як курси муайян аст, ки барои донишҷӯён тадрис мешавад. Ба гуфтаи вай, “дарси мазкур таърихи талошҳои президенти Тоҷикистон, пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро аз солҳои нахустини ба сари қудрат омадан ва ба хусус даврони саъю талошҳои президент дар амри ба даст овардани сулҳи тоҷикон ва даврони музокироти сулҳро дар бар мегирад. Инчунин китобҳое, ки президент дар солҳои гуногун навиштаст, ба таври хулоса маълумот дода мешавад.”

Саймиддин Раҷабов, декани факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар дарсҳои ин факулта, қонун “"Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"” шарҳ дода мешавад. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир раёсати таълими донишгоҳ бо вазорати маориф барои таълими ин мавзӯъ ҳамчун фанни алоҳида машварат доранд ва дар сурати тасдиқи он, омӯзиши ин фан роҳандозӣ мешавад.

Роҳандозии давраҳои омӯзишӣ дар бораи корномаҳои Эмомалӣ Раҳмон дар бархе донишгоҳҳои кишвар дар ҳолест, ки ҳудуди ду моҳ кабл, Сиёвуш Наботов, як устоди кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон пешниҳод карда буд, дар макотиби миёна ва олии кишвар омӯзиши “Вазъи ҳуқуқии Пешвои миллат” ба роҳ монда шавад.

Дар матлабе, ки хабаргузории давлатии “Ховар” он замон нашр карда буд, Cиёвуш Наботов навишт, ки бо назардошти хизматҳои шоёни Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешавад, ки мавзӯи “Вазъи ҳуқуқии Пешвои миллат” дар макотиби олӣ дар фанҳои сиёсатшиносӣ ва дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ дар фанни таърих мавзӯоте мавриди баррасӣ ва омӯзишу таҳқиқ қорор гиранд, то насли нави имрӯз, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро надидааст, бе гумон бидонад, ки барҳамзанандаи алангаи ҷанги хонумонсӯз маҳз Пешвои имрӯзаи миллат Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ин устоди донишгоҳ дар идома гуфта буд, “омӯзиши таҷрибаи таърихи ҷаҳонӣ ва назарбандиҳои илмӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки доштани “Пешвои миллат”, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ дар ҷаҳони ноором шарт ва зарур аст”.

Моҳи декабри соли гузашта дар Тоҷикистон қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" тасвиб шуд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон расман мақоми «Пешвои миллат» ва як силсила имтиёзҳову салоҳиятҳои нав медиҳад.

XS
SM
MD
LG