Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кори худатонро кунед, ин сиёсати давлат аст". Дастури бозрасон чӣ маъно дорад?


Студияи яке аз радиоҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Студияи яке аз радиоҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Ба моликони радиову телевизионҳои хусусӣ дар Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки бо ҳадафи "тарғиби худшиносии миллӣ" ва "ватандӯстӣ" барномаҳои таҳлиливу мизҳои гирд ташкил кунанд. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, Нуриддин Саид, ин дастурро ҳамчун "сиёсати давлат" пуштибонӣ кард, аммо ҳомиёни озодии баён онро ҳамчун "дахолат ба кори расонаҳо" интиқод мекунанд ва мегӯянд, пеш гузоштани чунин талабот "ғайриқонунӣ аст".

Дар як ҳафтаи охир радиову телевизионҳои мустақил дар Тоҷикистон аз номи сардори Бозрасии Давлатии Назорат дар соҳаи телевизион ва радио, Тоҷиддин Каримзода, ду барқия гирифтанд.

Дар барқияи рақами 1/08 аз 4-уми феврали соли 2020 ба радиову телевизионҳои хусусӣ дастур дода шудааст, ба тарғиби масоиле, ки аз он ҳамчун сиёсати давлати Тоҷикистон ном мебаранд, машғул шаванд. Дар барқияи дигар аз 31-уми январ таҳти рақами 1/04 талаб шудааст, ки ҷадвали пахши барномаҳои телевизиону радиоро "ҳар ҳафта рӯзи душанбе, соати 8, ба почтаи электронии бозрасӣ" фиристанд. Дар сурати беэътиноӣ, бозрасӣ гуфтааст, чора меандешад.

Нуриддин Саид
Нуриддин Саид

Раиси нави Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, Нуриддин Саид, ки охири моҳи январ ба ин вазифа таъин шуд, ба тамоси телефонии хабарнигори Радиои Озодӣ ва баъд аз шунидани суоли ин ки "оё дастури таҳияи барномаҳои вижаи таблиғотӣ дахолат ба сиёсати редаксионӣ нест?" гуфт: "Кори худатонро кунед. Ҳеч хел дахолат нест. Ин сиёсати давлат аст. Саломат бошед." Пас аз он гӯширо гузошт.

Ба андешаи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, чунин тарзи посух додани раиси Кумита "мутобиқ ба Оинномаи як мансабдори давлатӣ нест".

Нусхаи яке аз номаҳо
Нусхаи яке аз номаҳо

Ин ҳомии ҳуқуқи расонаҳо, ки бо матни ду дастури бозрасон шинос шуд, гуфт, "ба андешаи ман, ин бевосита назорат кардан ва маҳдуд кардани сиёсати идории радиову телевизионҳои хусусиро дар назар дорад. Радиову телевизионҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон бо иҷозатномаи Кумитаи телевизион ва радио кор мекунанд. Бинобар ин, дасту пойи ҳамкасбони мо ҳамеша баста аст. Агар иҷро накунанд, барои фаъолияти минбаъдаи онҳо паёмадҳои нохуш дорад."

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Қаршибоев афзуд, ин дастурҳо ғайриқонунӣ ҳастанд, чун "ҳеч касе ҳақи дахолат ба сиёсати редаксионии ин ё он расонаро надорад".

Масъулони чанд радиои мустақил дар Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврал тасдиқ карданд, ки барқияи раҳбари бозрасиро дарёфт кардаанд. Як сардабири радиои хусусӣ, ки мавзуъро "ҳассос" номид, ба шарти нашр нашудани номаш гуфт, "сеткаи барномаҳои мо шояд дар ним сол як бор иваз мешавад, зеро аксари барномаҳо ба таври доимӣ таҳия ва пешниҳод мешаванд. Мо барномаҳои адабӣ, фарҳангӣ, таърихӣ дорем ва аз аввал ҳам таҳия мешуданд..."

Манижа Аҳмадова, мудири радиои "Азия-Плюс" дар робита бо барқияе, ки таҳияи барномаҳои вижаро тақозо мекунад, гуфт, ин радио "бе дастури мақомот ҳам" ҳамеша дар фикри таҳияи барномаҳои вижаи тафреҳиву фарҳангӣ ва маърифатӣ будааст. "Аз ҷумла, барномаҳое, ки худшиносии миллӣ, дастгирии ҷавонон, маҳсулоти ватаниро тарғиб мекунанд. Мо ингуна барномаҳоро бе ягон дастуру супориш ҳам ҳамвора таҳия мекунем".

Манижа Аҳмадова
Манижа Аҳмадова

Вале Манижа Аҳмадова таъкид кард, ки ин барномаҳо бо ташаббус ва диди худи онҳо таҳия мешаванд.

Айни замон барои аксар ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ барқияи дуюм, ки гузориш додан дар бораи ҷадвали ҳафтаинаи барномаҳоро талаб мекунад, нороҳаткунанда будааст.

Масъули як радио дар шимоли Тоҷикистон, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад гуфт, ба онҳо низ дастури бозрасӣ ирсол шудааст ва ҳоло "ҳайронанд”, чӣ гуна ҳар ҳафта ҷадвали барномаҳоро фиристанд. Ин тасмим кору сарбории онҳоро бештар мекардааст.

Ӯ гуфт: "Шояд ҳам ин талабот қонунӣ бошад, лекин ҳар ҳафта, яъне ҳар давра ҳисобот додан барои мо, воситаҳои ахбори умум, мушкил мешавад. Чунки ҷадвал ё "сетка"-и барномаро мо якмоҳа таҳия мекунем".

Дар робита бо дастури талабкунандаи таҳияи барномаҳои вижаи таблиғоти давлатӣ ин масъули радио гуфт, сиёсати иттилоотии ин ё он васоити ахбори оммаро "мо худамон ҳал мекунем" ва "ба ин чиз ҳеҷ кас наметавонад дахолат кунад". Ӯ афзуд: "Қонуни телевизион ва радио дахолати ташкилоти сиёсӣ ё давлатиро ба кори васоити ахбори омма қатъиян манъ мекунад."

Дар ҳоле ки аксар расонаҳо аз содир шудани чунин дастурҳо изҳори норозигӣ мекунанд, мавқеи худи Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон қотеъ ва рӯшан аст.

Нусхаи номаи дувум
Нусхаи номаи дувум

Журналисти мустақил Иршод Сулаймонӣ мегӯяд, ин дастур ба он маъност, ки то ҳол мақомот рисолати радиову телевизионро дар таблиғоти давлат ё пропаганда мебинанд ва "тағйироте дар сатҳу сифати радио ва телевизиони мо аз нигоҳи ҳарфаӣ сурат нахоҳад гирифт."

Як ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ гуфт, расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон "бе ин ҳам мутобиқ ба вазъи мавҷуда амал мекунанд ва гузоришу барномаҳои шадидлаҳни интиқодӣ таҳия намекунанд." Вай афзуд, "дастурҳои нави ҳукумат барои таҳияи барномаҳо дар чаҳорчӯби пропагандаи давлатӣ онҳоро ба расонаҳои бенақшу ранг ва бешахсият табдил медиҳад, ки касе фарқи миёни мустақилу давлатиро дарк намекунад."

Дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 34 телевизион фаъолият мекунад. Шумораи телевизионҳои ғайридавлатӣ ҳудудан 20 адад гуфта мешавад. Дарёфти муҷаввизи фаъолият барои садову симои мустақил кори осон нест ва бархе баъди солҳои интизории иҷозаи Кумитаи телевизиону радио аз нияташон барои таъсиси як шабакаи нави хусусӣ даст кашидаанд.

Фаъолони озодии баён ва ҳам созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, ки дар Тоҷикистон солҳои охир озодии баён хеле маҳдуд шудааст. Гузоришгарони бидуни марз соли 2019 Тоҷикистонро дар мақоми 161-ум, яъне 12 зина поинтар назар ба нишондоҳои соле аз ин пеш қарор дода ва гуфтааст, дар ин кишвар расонаҳои мустақил баста шуда, расонаҳо ба худсензура рӯ овардаанд ва даҳҳо журналистон маҷбур шуданд тарки касбу кишвар кунанд. Ба навиштаи ин созмон, ин вазъият ба тамоюлҳои худкомагии раҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад. Ин созмон гуфтааст, ки мақомот назорат бар мухобиротро идома дода, масдудкунии вебсайтҳои асосии хабаррасон ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ ба як падидаи доимӣ табдил шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG