Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 млн сомонӣ аз "Амонатбонк" -- қарз гирифтанд, ба ҷайб заданд


Масъулони як ширкат дар Конибодом аз "Амонатбонк" 12 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок барои рушди паррандаву моҳипарварӣ ва боғдорӣ ба даст оварда, вале онро барои эҳтиёҷоти худ масраф кардаанд.

Баҳогузор (эксперт)-и ин бонк ба ҷои фермаи харобу фарсудаи ин ширкат ба ҳайси гарав, аксҳои фермаи ободеро аз интернет гузошта, роҳро барои тасарруфи маблағи бузурги бонкаш ҳамвор кардааст. Бо ин роҳ, масъулони ширкати "Сайҳуни Бодом" дар моҳи апрели соли 2015 қарзи калони имтиёзноки "Амонатбонк"-ро гӯё ҷиҳати рушди фаъолияти соҳибкории худ ба даст овардаанд.

Мақомот Оҷонсии зидди фасод мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир нисбат ба мутахассиси дафтари марказии "Амонатбонк" Миралӣ Беков парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

Раёсати Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд мегӯяд, алайҳи се масъули ин ширкат дар ноҳияи Конибодом -- мудири он Ғаффор Тошев, муовинаш Ҷӯрабек Нуров ва сармуҳосиб Азиз Муродзода парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ин афрод бар пояи ду банди Кодекси ҷиноӣ -- "тасарруфи пулу молӣ ба тариқи кредит додашуда ба миқдори махсусан калон" (банди 246) ва "сохтакории аснод бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурўҳи шахсон" (банди 340), айбдор мешаванд.

Карим Иброҳимзода, сардори раёсати Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Суғд рӯзи 16-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, он қарз имтиёзнок ва барои рушди соҳибкорӣ дода шуда буд, аммо масъулони ширкати "Сайҳуни Бодом" онро гирифта, як қисмашро барои пӯшонидани воми пешинаи худ барои харидани худи ҳамон фермаи хароб ба моликони пештараи он медиҳанд ва қисми бештари қарзро барои худ масраф мекунанд ва як қисми хурди онро барои рушди кори ферма харҷ менамоянд.

Бино ба иттилои раёсати Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, моликони нави ширкати "Сайҳуни Бодом" 5 миллион сомонӣ қарзи аз бонк гирифтаи худро ба моликони пештараи ин ширкат, ба ҳайси нархи он додаанд. Онҳо ин ширкатро моҳи ноябри соли 2014 аз соҳибони пештарааш ба таври насия харида будаанд.

Сипас санадҳои сохтаро ҳам дар бораи гӯё харидани мурғ, моҳӣ ва таҷҳизоти парвариши мурғ бо ҳамдастӣ бо мутахассисони чандин корхонаву ташкилотҳо таҳия ва бо ин роҳ маблағи қарзро аз худ кардаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Иброҳимзода, қарзгирии масъулони ширкати "Сайҳуни Бодом" бо ҳамдастии кормандони "Амонатбонк" сурат гирифтааст. Ба қавли ӯ, аз қадами аввал қоидаи қарздиҳӣ аз ҷониби дафтари марказии “Амонатбонк” дар Душанбе зери по гардида, ба ҷои 3 коршинос (эксперт), барои баҳогузории фермаи мавриди гарав, ба Конидбодом танҳо як нафар фиристода шудааст.

"Он як эксперт ҳам омада мебинад, ки як фермаи харобу фарсуда, арзише надорад. Вале ӯ ба ҷои аксҳои фермаи аслӣ, аз интернет як фермаи ободи гӯё монандро, ки бахшҳои говпарвариву мурғпарварӣ дорад, берун оварда, дар парвандаи додани қарз ба ҳайси аксҳои фермаи ба гаравгузошта мемонад. Дар асоси ин санади сохта ба ширкати "Сайҳуни Бодом" 12 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҷудо карда мешавад",- гуфт ӯ.

Ӯ афзуд, ки дар рафти тафтиши парванда маълум гардид, ки дар ғайриқонунӣ гирифтан ва тасарруфи маблағи қарз, кормандони бонки мазкур низ мусоидат кардаанд. Дар ҳоли ҳозир нисбат ба эксперти дафтари марказии “Амонатбонк” Миралӣ Беков парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

Ба ҷуз ин, кормандони раёсати Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд дар соли гузаштаи 2017 як мавриди дигари “бо роҳи ғайриқонунӣ додани қарз” аз сӯи кормандони "Агронвестбонк"-ро ошкор кардаанд ва ҳоло тафтиш доранд.

XS
SM
MD
LG