Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфаттишон: ҳама фарзияҳоро таҳқиқ мекунем


Маликаву Сабина Араловаҳо рӯзи 25-уми марти соли 2013 аз майдончаи бозии бачаҳо дар хиёбони Айнии шаҳри Душанбе гум шуданд ва то ҳол паёме аз онҳо ба даст наомадааст.

Танҳо чизе таскинбахши волидон ва садҳо сокинони кишвар, ки дар ҷустуҷӯи духтарҳо иштирок мекунанд, ин аст, ки овозаҳо роҷеъ ба эҳтимоли кушта шудани кӯдакон тасдиқ намешаванд. “Мо умедамонро аз даст надодем”, гуфт мухтасар дар сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ Улуғбек Аралов, падари яке аз духтарҳо.

Ҷараёни тафтиши қазияи нопадидшавии кӯдаконро муфаттишони додситонии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба ӯҳда дошта, тамоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи дигарро барои ин кор ҷалб кардаанд. Ба иттилои Умед Каримов, додситони ноҳияи Шоҳмансур, барои ҷустуҷӯи кӯдакон ситоди махсусе таъсис ёфтааст:

- 15 ҳазор варақаҳоро бо акс ва нишонаҳои либосашон, ки дар рӯзи гумшуданашон дар тан доштанд, дарҷ карда, паҳн кардаем. Тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба шумули милиса ва аҳолӣ сафарбар шудаанд. Аз рӯи ин қазия як штаб ҳам таъсис ёфтааст ва мо ҳар бегоҳ дар ин ситод ҷамъ омада гузориш медиҳем. Мутаассифона, ҳанӯз онҳоро наёфтем ва ҷӯстуҷу идома дорад, - гуфт Каримов.

Масъулини додситонӣ мегӯянд, ки ҳоло ҳамаи фарзияҳои эҳтимолии нопадид шудани духтарҳо тафтиш мешавад ва то ҳол аз ҳеҷ як фарзия даст накашидаанд. Абдусамеъ Дадобоев, сардори Раёсати равобити байналмилалии додситонии кулли Тоҷикистон дар сӯҳбати мухтасар бо Озодӣ гуфт, фарзияҳо мухталифанд:

- Дар ҳолате, ки кӯдак нопадид шуд, мо мебинем, ки ӯ метавонад бемор шуда ба муассисаи тиббӣ бурда шуда бошад, ё фарзияи сангинтараш кушта шудан ва дуздида шудани ӯ ҳам вуҷуд дорад, - гуфт ӯ.

Ба иттилои муфаттишон, дар ҳолати дар мӯҳлати кӯтоҳ пайдо нашудани шахси нопадидшуда, парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи “ғайбзании бедарак” боз мешавад. Муҳаммадризо Халифазода, сардори раёсати иҷрои қонунҳои Вазораи умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ин модда баробар бо куштор аз парвандаҳои хеле сангин ба шумор меравад. Вай гуфт:


  • Азбаски яке аз фарзияҳо марг аст, ҳама сардхонаҳо, таҳхонаҳои биноҳо, маконҳои пинҳонӣ ва лаби соҳилҳо дида мешаванд. Кӯшиш мекунанд, ки ҷасадро пайдо кунанд. Фарзияи зинда будани одам ҳам ҳатман таҳқиқ мешавад. Дар доираи ин фарзия, хонаи тамоми хешу табор дида мешавад. Ҷудогона тамоми гузаргоҳҳои марзӣ, автовокзалҳо, фурудгоҳу Роҳи оҳан тафтиш мешавд. Аз одамон пурсида мешавад, ки оё чунин шахсро дидаанд ё на. Дар ҳолате, ки шахси калонсол гум мешавад, мебинанд, ки оё ӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ нарафтааст? Чунин ҳолатҳо ҳам мешаванд. Яъне ҳама фарзияҳоро ба таври сареъ мебинанд, ки базудӣ он шахс пайдо шавад, - гуфт Халифазода.

Ба саволи Озодӣ оид ба ин ки оё дар чунин ҳолатҳо ба кишварҳои берун аз Тоҷикистон ё давлатҳои ҳамсоя ҳам хабар медиҳанд, ӯ гуфт, танҳо дар сурати пайдо шудани хабарҳо роҷеъ ба эҳтимоли тарки кишвар кардани он шахс чунин дархосте ба полиси он давлат фиристода мешавад. Муҳаммадризо Халифазода гуфт, ки пайдо кардани кӯдаки дар як шаҳри калон гумшуда кори осон нест.
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи ихтиёриёне, ки нахустин шуда бо ҳадафи ҷустуҷӯи дастаҷамъонаи Маликаву Сабина дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифаи вижа таъсис додаанд, кофтукоби кӯдаконро бо роҳи худ ва дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти тафтишотӣ идома медиҳанд.

“Бо вуҷуди ин ки то ҳол ҳеҷ нишонаи духтарҳо пайдо нашудааст, мо умедворем, ки базудӣ хабари хуши зиндаву саломат будани онҳо ба дасти мо мерасад”, навиштааст Мария, пешвои гурӯҳи ҷустуҷӯи кӯдакон дар Фейсбук. Бо талошҳои ӯ ва даҳҳо дигар ихтиёриён, дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе ва фаротар аз он - дар навоҳии атрофи пойтахт варақаҳо бо аксу нишонаҳои атфоли гумшуда пахш шудаанд. Илова ба ин, ҳар субҳ ва нисфирӯзӣ гурӯҳи ҷавонони ихтиёрӣ барои ҷустуҷӯи кӯдакон ба кӯча мебароянд, то ки шонси пайдо кардани хоҳаронро бештар кунанд.

Ба мушоҳидаи рӯзноманигорон ва ҳам корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, хабари нопадидшавии кӯдакон дар ҷомеа нигарониву воҳимаи зиёдро эҷод кардааст. Гоҳе миёни корбарони Фейсбук хабарҳое пахш мешаванд, ки роҷеъ ба кӯшиши рабуда шудани атфоли нав дар хиёбонҳои Душанбе нақл мекунанд. Вале мақомоти интизомӣ афзоиши мавридҳои кӯдакрабоӣ дар Тоҷикистонро рад мекунанд ва талош мекунанд, ҷомеаро ором кунанд, ки ба воҳимаву ҳангома дода нашаванд.
XS
SM
MD
LG