Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лубнониҳо аз ҳар роҳе кишварашонро тарк мекунанд


Зоҳия, Бейрут. 7-уми октябри 2024
Зоҳия, Бейрут. 7-уми октябри 2024

Ҳамлаи Исроил аз замину ҳаво ба Лубнон давом дорад. Дар се ҳафта зиёда аз 1400 кас кушта ва ҳазорон нафари дигар захмӣ шудаанд.

Исроил чанд рӯз пеш гуфт, ки барои ҷанг бо гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" 15 ҳазор сарбоз сарфарбар кард. "Ҳизбуллоҳ" ҳам гурӯҳи ҷангҷӯ ва ҳам ҳизби сиёсист. Эрон аз он пуштибонӣ мекунад, аммо Амрико созмони терроистӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро дар феҳрасти сиёҳ ворид кардааст.

Бомбаборони Бейрут, пойтахти Лубнон ва гӯшаҳои дигар дар ин кишвар боис ба қатъи парвози ҳавопаймоҳо шудааст. Хориҷиён ва шаҳрвандони Лубнон роҳҳои фирор аз оташи ҷангеро ҷустуҷӯ доранд, ки маълум нест, кай хомӯш хоҳад шуд.

Фирор аз Лубнон ба Туркия

Бандари хурди Ташуку дар вилояти Мерсини Туркия аз ҷойҳои камшуморе барои фирор аз оташи ҷанг дар Лубнон шудааст. Киштии мусофирбарӣ дар ду ҳафтаи охир аз бандари шаҳри Триполии Лубнон наздик ба 1300 нафарро то Туркия овард. Масъулони бандари Ташуку мегӯянд, шумори фирориён бештар мешавад.

Ҳусейн Аёз, яке аз мусофирони киштӣ, гуфт, “парвози ҳавопаймо нест. Агар бошад ҳам, нархи билет осмонӣ аст. Ҳудуди 900 доллар. Аз ин рӯ, бо роҳи баҳрӣ аз Лубнон берун шудам. Ин ҳам гарон аст, аммо чораи дигар набуд.”

“Имрӯз мо аз Триполӣ ба инҷо омадем ва бояд ба Ғанаи Африқо парвоз кунем. Ҷойи корам дар он ҷост. Ҳафт сол дар Лубнон будам. Бори якум буд, ки бо киштӣ сафар кардам. Бад набуд, 12 соат дар роҳ будем,” – гуфт мусофири дигар Самӣ ал-Кинг.

Пас аз ду ҳафтаи ҳамлаи Исроил аз осмону замин ба Лубнон ҳазорон нафар маҷбур шудаанд, ки ин кишварро тарк кунанд. Бархе дар Туркия нигаронанд, ки мавҷи дигаре аз паноҳҷӯён ба ин кишвар мерезад. Бе ин ҳам, Туркия мизбони 3,5 миллион паноҳҷӯ, ҷомеаи бузургтарини паноҳҷӯён дар ҷаҳон, аст.

Соҳиби киштие, ки фирориёнро аз Лубнон то Туркия овард, мегӯяд, аксар паноҳҷӯён дар Туркия муддати дароз монданӣ нестанд.

Алӣ Турур, мудири ширкати киштиронӣ, гуфт: “Баъд аз ҳодисаҳои охир, бомбаборонҳои Исроил ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз парвоз ба Лубнон бо далелҳои амниятӣ худдорӣ карданд.”
Поёни ҷанг дар Лубнон маълум нест ва шиддати он дар ҳоли афзоиш аст. Маълум нест, ки паноҳҷӯён кай дубора ба ватанашон бармегарданд.

Гузоришро дар инҷо бинед:

Лубнониҳо аз ҳар роҳе кишварашонро тарк мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00
XS
SM
MD
LG