Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Made in Uzbekistan" бозори Тоҷикистонро фатҳ мекунад? ВИДЕО, САДО


Дар бозорҳои Тоҷикистон дар як соли охир молҳои рӯзгор ва либосҳои пахтагии бренди “Made in Uzbekistan” шӯҳрат касб карда, бо молҳои истеҳсоли Чин вориди рақобати сахт шудааст.

  • Баъди даргузашти президенти аввали Узбакистон Ислом Каримов дар моҳи сентябри соли гузашта ҳукумати нав ба раҳбарии Шавкат Мирзиёев барои барқарории ҳамкориву равобити наздик бо ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, иқдом кард. Мизони додугирифти молу коло миёни Тоҷикистону Узбакистон дар як соли охир шаш баробар афзуда, ба 70 миллион доллар баробар шудааст. Аз Узбакистон ба Тоҷикистон асосан нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва молҳои саноатии сохти ин кишвар ворид мешавад.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Рақобати "Made in Uzbekistan" бо "Made in China" дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00

То имрӯз моли Чин тақрибан бозорҳои Тоҷикистонро пур карда буд. Аксар харидорон мегӯянд, моли сохти Узбакистон аз назари нарху наво наздик ба моли чинист, вале сифатан беҳтар аз он мебошад. Ниёзмад Ҳабибов, як сокини пойтахт, рӯзи 22-юми август гуфт, бо вуҷуди онки солҳои гузашта тавонаш барои харидории сарулибоси мактабии истеҳсоли кишварҳои Аврупо намерасид, ҳоло мисли қабл на моли Чин, балки шиму костюми истеҳсоли Узбакистонро мехарад. Ӯ гуфт, бо 220 сомонӣ шиму костюм харидааст, ки арзиши моли чиниро дорад, аммо сифаташ ба куллӣ фарқ мекунад.

"Мисли молҳои Бишкеку Пекин нест"

“Ин моли Узбакистон аст ва ман дидам, ки 100% аз пахта омода шудааст. Медонам, ки мисли шиму костюми воридшуда аз шаҳрҳое ба мисли Бишкек ва Пекин инҳо сурх намешаванд”, - гуфт Ниёзмад Ҳабибов.

Як моҳ аст, ки дар Тоҷикистон намояндагии корхонаи “Ravon” фурӯши мошинҳои истеҳсоли Узбакистонро ба роҳ мондааст. Фаррух Замонов, мудири толори мошиншои “Ravon” дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ин ширкат номгӯи мухталифи нақлиёти сабукравро вориди бозорҳои Тоҷикистон кардааст. Ӯ гуфт, дар тӯли як моҳи фаъолият 56 мошини сабукрави ин ширкатро ворид карда, алакай 41 адади онро фурӯхтаанд.

"Made in Uzbekistan" бозори Тоҷикистонро фатҳ мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00
Линки мустақим

Шамсиддин Турдиев, соҳибкори тоҷик, ба ворид кардани молҳои Узбакистон ба Тоҷикистон машғул аст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло ширкати узбакии “Artel” то 15 намуди молу маҳсулоти худро дар бозори Тоҷикистон ворид карда, харидор пайдо намудааст. Ин соҳибкори тоҷик гуфт, ҳоло аксари харидоронаш аз ӯ молҳои истеҳсоли ин ширкатро мепурсанд, зеро сифати хуб дорад ва нархи дастрас.

Ба гуфтаи ӯ, “ҳоло мардум вобаста ба ҷайби худ мол мехаранд. Барои мисол, ба бархе сокинони Тоҷикистон, ки тавони харидории молҳои баландсифати истеҳсоли кишварҳои Аврупоро надоштанд, ҳамеша аз молҳои истеҳсоли Чин харидорӣ мекарданд. Ҳоло ин ширкат тамоми маҳсулоти худро бо нархи арзон ба кишвари мо ворид намудааст”.

Рақобат бо молҳои истеҳсоли Чин?

Ин ҳамсӯҳбати мо таъкид мекунад, ки воридоти зиёди молҳои узбакистонӣ боис ба рақобат бо молҳои чинӣ шудааст. Ба қавли ӯ, аз Узбакистон ба Тоҷикистон умдатан нуриҳои минералӣ, яхдону телевизор, маҳсулоти қаннодӣ ва либосу матои пахтагӣ оварда мешуд ва дар чанд моҳи ахир кишвари ҳамсоя доираи молҳои воридотияшро ба Тоҷикистон васеъ кардааст.

Азиз Бозоров, як тоҷири ҷавон дар бозори «Корвон»-и Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, солҳо боз ба фурӯши шиму костюм аз кишварҳои Аврупову Чин машғул аст, аммо як соли ахир аз кишвари ҳамсояи Узбакистон ҳам мол ворид мекунад. Ба бовари ин тоҷир, омили аслие, ки молҳои Узбакистон ҷойгоҳи молҳои Чинро дар бозори дохилӣ танг мекунад, ин ҳамсоягии ду кишвар ва наздикии Тоҷикистону Узбакистон аст. “Моли узбакӣ ба он хотир арзон аст, ки ба мо наздик аст ва он тавассути марз чанд рӯз омада мерасад. Ин боис мешавад, ки мо ҳам сарфу харҷи зиёд накунем ва молро барои харидорон арзонтар фурӯшем. Барои мисол, аз Туркия ё кишвари дигар аз 20 то 25 рӯз молҳо ба Тоҷикистон мерасанд. Ин хароҷоташ дигар аст. Аз ин хотир нарх ҳам гарон мешавад”, - таъкид кард Азиз.

Либос, бозича...

Ҳоло бозорҳои Тоҷикистонро натанҳо молҳои маишиву либос, балки бозичаҳои кӯдаконаи босифату арзон ҳам пур кардааст. Бо 40 ё 50 сомонӣ дар бозорҳои кишвар пайдо кардани як мошинчаи кӯдакона бо ҳаҷми калон ва сифати хуб мушкил нест. Бо онки сокинон ва тоҷирон аз воридоти зиёди молҳои кишвари ҳамсоя истиқбол мекунанд, иқтисоддонҳо мегӯянд, дар баробари ин, агар ҷониби ҳукумат ва шаҳрдорӣ, ҷалби таваҷҷӯҳи худро ба истеҳсолкунадагони ватанӣ бештар мекарданд, аз ҷумлаи иқдомҳое мешуд, ки метавонист натиҷаи бештар бидиҳад.

Акобир Давлатов, иқтисоддон ва устоди донишгоҳ воридоти молҳои хушсифати пахтагӣ ва ҳам техникаи маиширо бо сифати хуб аз Узбакистон бар фоидаи мардуми тоҷик донист. Зеро, ба таъкиди ӯ, харидорони молҳои чинӣ бо ин роҳ аз моли пастсифату зараровари синтетикӣ халос мешаванд. Ин ҳамсуҳбати Озодӣ гуфт, бо онки Чин бо дарназардошти вазъи молии сокинони Тоҷикистон бозорҳои ин кишварро ғарқи моли арзону пастсифату синтетикии худ кардааст, боз ҳам ин мол харидор дорад.

Муносибати гарм... баъди беш аз 20 соли "танаффус"

Дар 20 соли гузашта робитаҳои Тоҷикистону Узбакистон тадриҷан маҳдуд шуд ва мизони додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ низ аз 500 миллион доллар дар оғози солҳои 2000, то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфт. Умедворӣ барои тавсеаи додуругифту ҳамкориҳо миёни ҳамсояҳо дар сатҳи ҳукумати Узбакистон ҳам баён мешавад. Улуғбек Розиқулов, муовини нахуствазири Узбакистон дар як сафараш ба Душанбе баҳори имсол гуфт, ки дар ҷараёни намоишгоҳи фурӯши молу маҳсулоти кишвараш дар моҳи апрели имсол, миёни ширкат ва соҳибкорони ду тараф ба маблағи 50 миллион доллар қарордод имзо шудааст. Дар ин намоишгоҳ беш аз 160 ширкат ва ҳудуди 500 соҳибкори узбакистонӣ иштирок карда фурӯши 1500 навъи маҳсулоти саноатии сохтаи Узбакистонро пешниҳод карданд. Сентябри имсол қарор аст як намоишгоҳи дигари ҳамсон баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG