Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлаталӣ Саид: Коронавирус ояндаи иқтисоди Тоҷикистонро тира кардааст


Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон. Акс аз сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ
Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон. Акс аз сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ

Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазир дар як нома ба президенти Бонки Осиёи Рушд навиштааст, пандемияи коронавирус иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳолати "форс мажор" ё "монеаи муқовиматнопазир" қарор дод ва кишвар ба кӯмак ниёз дорад. Номаи Давлаталӣ Саид ба Масатсугу Асакава, президенти БОР моҳи июн ирсол шудааст.

Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон дар нома навиштааст, Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз таъсири манфии COVID-19 барномае иборат аз ду қисмат таҳия кард, ки барои иҷрои он 364 миллион доллар зарур аст.

Ба гуфтаи ӯ, қисмати аввали барнома бо ҳазинаи 176,5 миллион доллар ё 1,8 миллиард сомонӣ барои бахши тандурустӣ ва ҳимояи қишри осебпазири ҷомеа равон шудааст.

Ба навиштаи муовини аввали нахуствазир, қисмати дуввуми барнома 188 миллион доллар ё 1,9 миллиард сомонӣ буда, барои таъмини бехатарии озуқаворӣ ва дастгирии соҳибкорон аз ҷумла соҳибкорзанон нигаронида шудааст.

Давлаталӣ Саид гуфтааст, пандемия барои иқтисод ҳолати изтирорӣ ва ё "форс мажор"-ро пеш овард ва аз ин рӯ кӯмаки Бонки Осиёи Рушд ба Тоҷикистон фавқулода муҳим аст, чун кишвар ба камбуди молӣ рӯ ба рӯ аст. Дар ин нома, дар бораи вазъи ҷумҳурӣ дар ним соли охир тафсилоте омадааст, ки мақомот онро ба расонаҳо ва сокинони кишвар нагуфтаанд.

Давлатӣ Саид навиштааст, бинобар хуруҷи коронавирус интизор меравад, мизони бекорӣ дар кишвар то поёни сол 6,1 дарсад боло рафта, шумори бекорон ба 100 ҳазор нафар расад. Дар ҳоле, ки то шурӯъи пандемия дар моҳи феврал бекорӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи 2 дарсад қарор дошт.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, рушди иқтисоди Тоҷикистон бинобар пешбинии ҳукумат аз 7,5 фоиз, ки қаблан пешбинӣ мешуд то ба 2,4 дарсад поин меравад.

Ин нома зидунақизии пешбиниҳои ҳукумат дар рушди иқтисодро бармало мекунад. Дар ҳоле ки Давлаталӣ Саид аз рушди 2,4 дарсадӣ мегӯяд, ҳафтаи гузашта Файзиддин Қаҳорзода вазири молияи Тоҷикистон дар ҳузури вакилони порлумон зимни баррасии тағйирот ба қонуни будҷаи 2020 гуфт, рушди иқтисод 4,7 дарсад хоҳад буд.

Давлаталӣ Саид дар ҳоле аз пастравии иқтисод ва эҳтимоли афзоиши бекорӣ мегӯяд, ки расонаҳои давлатӣ хусусан телевизион аз рушду нумӯъ ва боз шудани ширкату корхонаҳои нав пайваста гузориш медиҳанд.

Ҳеч мақоми давлатӣ то ба ҳол дар бораи то 2,4 дарсад поин омадани рушди иқтисод лаб накушодааст. Зоҳиран баёнияҳо дар бобати вазъи иқтисодӣ барои аудиторияҳои дохилӣ ва берунӣ аз ҳам фарқ доранд. Баёнияҳо барои дохил бояд баёнгари пешрафт ва субот бошанд ва барои хориҷ наздик ба ҳақиқат ё бештар аз он ба хотири ҷалби сармоя ва кумакҳо.

Аммо Элдар Абакиров, иқтисоддон ва муовини пешини вазири рушди иқтисоди Қирғизистон, мегӯяд, кишварҳои минтақа танҳо акнун зарбаи сахти буҳронро эҳсос мекунанд.

"То ба ҳол ширкатҳо ва идораҳо захираҳое доштанд, аксаран тамом шуд. Одамон кӯшиш доранд пасандозҳояшонро танҳо барои хӯрок ва дору сарф кунанд. Талабот хеле поин рафт ва ин ба таври занҷираӣ ба дигар шохаҳои иқтисод зарба мезанад", - шарҳ дод ӯ.

Абакиров мегӯяд, иқтисодҳои азиме чун Иттиҳоди Аврупо ва Амрико миллиардҳо доллар ба бозор мерезанд, то дубора тақозоро барқарор кунанд ва иқтисодро ба ҳаракат доранд: "Аммо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон чунин иқтидор надоранд. Таърифу тавсиф аз тариқи телевизион ва ё дигаргуна вонамуд кардани вазъият фоидае надорад. Коршиносони созмонҳои байналмилалӣ мисли Бонки Осиёии Рушд вазъиятро хеле хуб медонанд, онҳоро фиреб карда намешавад."

Абакиров афзуд, дар шароити камбуди молӣ кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро месазад даст ба ислоҳоти бунёдӣ зананд, идораи давлатро шаффоф ва муассир кунанд ва бо мардум муколамаи ошкору боварбахш ба роҳ монанд.

"Дар шароите, ки ҳукумат тавони молии зиёд надорад, танҳо муколамаи ошкор бо мардум ва эҷоди боварӣ ба давлат метавонад кишварро солим аз буҳрон берун биорад. Дар ғайри сурат вазъият метавонад аз контрол хориҷ шавад", -- иброз дошт ӯ.

Давлаталӣ Саид дар номааш ба БОР гуфтааст дар сурати ҷорӣ шудани "реҷаи гӯшанишинӣ рушди иқтисод ба сифр баробар мешавад ва ё ҳатто метавонад ба зери сифр фурӯ равад."

"Бинобар пандемияи коронавирус иқтисоди миллӣ ҳудуди 20 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиашро аз даст медиҳад"- хулоса кардааст, Давлаталӣ Саид.

Бо он ки Ҳукумати Тоҷикистон барномаи зидди буҳронии худро 364 миллион доллар арзёбӣ мекунад, то кунун Бонки Осиёи Рушд ба Тоҷикистон 50 миллион доллар грант ва ё кумаки билоиваз тақдим кард. Ҳамчунин ин бонк барои дастгирии хонаводаҳои муҳоҷирони дар шароити мушкил қарор гирифта 30 миллион доллар ихтисос дод.

Сандуқи Байналмилали Пул 189,5 миллион доллар қарзи боимтиёз ва Бонки ҷаҳонӣ 11,3 миллион доллар барои мубориза бо COVID-19 ва асари манфии он ба иқтисод ба Тоҷикистон ҷудо карданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG