Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷрои қонуни афв шуруъ шуд. Садҳо нафарро озод карданд. ВИДЕО, САДО


Дар интизори маҳбусони афвшуда. Шаҳри Душанбе, 28-уми октябри 2019
Дар интизори маҳбусони афвшуда. Шаҳри Душанбе, 28-уми октябри 2019

Садҳо нафар дар Душанбе бо ашки чашм, гулдаста ва шириниҳо пайвандони аз маҳбас раҳошудаи худро пешвоз гирифтанд. Рӯзи 28-уми октябр аз зиндони низомаш шадиди рақами чаҳор дар пойтахт тақрибан 600 нафар бар асоси қонуни афв озод гардиданд. Мақомот гуфтанд, ки то кунун ҳудуди ду ҳазор нафар, аз ҷумла беш аз 160 занро аз зиндон раҳо кардаанд.

Аксари ин афрод бо ҷурми ифротгароӣ ва дуздӣ маҳкум шуда буданд. Вале қонуни афв нисбат ба афроде, ки бо гуноҳи терроризм ва таҳқири намояндаи давлат маҳкум шудаанд, татбиқ нахоҳад шуд. Ҳамчунин зиндониёни якумрӣ аз афв бебаҳра мемонанд. Маълум нест, оё қонуни афв ба афроде, ки ба гуфтаи пайвандонашон ва созмонҳои байналмилалӣ бо ангезаҳои сиёсӣ ва ҳимояташон аз мухолифин дар зиндон ҳастанд, дахл дорад, ё не.

Баробари боз шудани дарвозаҳои зиндони рақами чаҳор ба рӯйи маҳбусони авфшуда, дигар гирифтани пеши роҳи пайвандони онҳо номумкин буд. Ҳама мехост, баъд аз солҳои интизорӣ ҳарчи зуд падар, фарзанд ва ё бародари худро ба оғӯш гирад.


Аъзам Шарифов, ки борхалта дар даст аз дарвозаҳои зиндон берун шуд, гуфт, ду сол боз дар зиндон буд ва ҳар рӯз орзуи озодиро мекард. “Баёни ин эҳсос осон нест. Аввалин эҳсос дар озодӣ ин дидор ва оғӯши падару модар аст. Ҳар рӯз дуо мекардем, ки афвро зудтар татбиқ кунанду озод шавем”, -- гуфт ӯ.

Аъзам соли 2017 бо ҷурми ифротгароӣ 5 сол зиндонӣ шуда буд. Аксари онҳое, ки аз ин муассисаи ислоҳотӣ берун мешуданд, мисли Аъзам мегуфтанд бо ҳамин ҷурм, яъне ифротгароӣ, аз ҷумла гузоштани «лайк» зери матолиби ба гуфтаи мақомот ифротӣ панҷ сол ва бештар аз он аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Дар қатори ин афрод Ҷунайдулло Худоёров, яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам, ки бо ҷурми ифротгароӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум шуда буд, рӯзи 28-уми октябр озод шуд. Худоёров дар гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз кори мақомоти Рашт, кони ангишт, шӯъбаи маориф ва идораи андози ноҳия ба шиддат танқид мекард. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт соли 2018 ӯро ба ҷурми пайравӣ аз созмони дар Тоҷикистон мамнӯи салафия муҷрим шинохт. Вале худи ӯ ва наздиконаш ин айбро беасос мехонданд.

Шариф, як сокини шаҳри Роғун ҳам барои дидор ва истиқболи 14 ҳамдеҳаи худ ба назди зиндон омада буд. Вай гуфт, ки ин 14 нафар бар асоси моддаи «ифротгароӣ» маҳкум шуда буданд. Мақомот ба гунаҳкории онҳо пойфишорӣ доштанд, вале наздиконашон ба бегуноҳии онҳо.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Иҷрои Қонуни афв шуруъ шуд. Садҳо нафарро озод карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Абдулҳаннон Ғаффоров, бобои яке аз маҳбусони акнун собиқ гуфт, наберааш бегуноҳ зиндонӣ шуда буд. “Панҷ сол ҳукми зиндон дода буданд. Ду сол нишаст ва ҳоло озод шуд. Телефонашро касе гирифтаву куҷоеро зер кардааст.»

Аммо Муҳаммадюсуф Назирови 22-сола, ки пас аз ду соли адои ҷазо тибқи қонуни афв озод шуд, гуфт, воқеан иштибоҳ ва ҷиноят карда буд. Вай барои дуздии мошин зиндонӣ шудааст. Аз садҳо нафаре, ки дар атрофи зиндони воқеъ дар маҳаллаи “Якум Советский” ҷамъ омада буданд, бархе аз қабл медонистанд, ки пайвандонашон раҳо мешаванд. Аммо теъдоди онҳое ҳам кам набуд, ки то берун шудани охирин маҳбус пушти дари зиндон интизор монданд ва дар охир ноумед шуданд.

Иҷрои қонун дар бораи афви 20 ҳазор нафар шуруъ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:36 0:00
Линки мустақим

Малика Намозова, модари як маҳбус, ки ба фарқ аз аксари дигар натавонист писарашро дар беруни дарвозаи зиндон бубинад, гуфт: “Панҷуним сол ҳукм доданд, ду сол нишаст, лекин озод нашуд. Боз маълумотномаи тиббӣ овардем, ки 3 дафъа ҷарроҳӣ шудааст.”

Мансурҷон Умаров, муовини вазири адлия ва сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, гуфт, бархеи дигар пас аз бозбинии ҳуҷҷатҳояшон рӯзҳои оянда раҳо хоҳанд шуд. “Шумо ором бошед. Ҳама мебарояд. Боз ҳастанд маҳбусоне, ки дар дохили муассиса парвандаҳояшон каме шубҳаовар аст ва таҳлилу омӯзиши иловагиро талаб мекунад. Баъд аз ин бо чанд нафари дигар мебароянд», -- афзуд ӯ.


Маҳбусони авфшуда дар лаҳзаҳои аввали берун шудан аз дарвозаҳои зиндон дар бораи шароит дар маҳбас зиёд сӯҳбат кардан намехостанд. Онҳо ҳозир нашуданд, дар бораи чӣ гуна озод шудани худ нақл кунанд, дар ҳоле ки бархе тахмин мезананд, ин маърака орӣ аз фасод нахоҳад буд. Вале қаблан раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ба зердастони худ амр дода буд, ки ҷараёни татбиқи қонуни афвро ҷиддӣ назорат кунанд.

Қарор аст то ду моҳи дигар афроде, ки парвандаҳояшон шомили “қонуни авф” мешаванд, раҳо шаванд.

Аммо аксари онҳое, ки тибқи “қонуни авф” дар ду рӯзи аввал ба озодӣ баромаданд, мегуфтанд, ҳоло барои зиндагии ояндаи худ нақшаи хос надоранд. Фақат ба ин таъкид мекарданд, ки бояд кор кунанд ва рӯзгорашонро пеш баранд. “Қонуни авф” афроди масъулро муваззаф кардааст, ки маҳбусони озодшударо бо ҷойи кор таъмин кунанд, аммо барномаи кори онҳо ба ҷомеа маълум нест.

Қонуни афв ҳудуди 20 ҳазор нафарро фаро хоҳад гирифт ва дар маҷмӯъ наздик ба 7 ҳазор нафар аз зиндонҳо озод мешаванд. Вале ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, зидди амнияти давлат, зиндониёни якумрӣ, онҳое, ки барои таҳқири намояндаи давлат ва истифодаи зӯроварӣ нисбати онҳо маҳкум шудаанд, афв нахоҳанд шуд. Ҳоло суоли асосӣ ин ин аст, ки афв ба маҳбусоне, ки умдатан ҳамчун "зиндонии сиёсӣ" ном бурда мешаванд ва аксари онҳо бо иттиҳомоти ҷиноӣ адои ҷазо мекунанд, рабт мегирад ё не?

XS
SM
MD
LG