Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафдорони кам ва мухолифони зиёди ҳукми қатл дар Тоҷикистон


Коршиносон гуфтанд, ҳукми қатл ба коҳиши ҷинояткорӣ сабаб намешавад, вале додситон мегӯяд, дар баъзе мавридҳо интихоби дигаре ба ҷуз аз ин ҳукм дар миён нест.

Дар ҳамоиши "Роҳ ба сӯи бекорсозии пурраи ҳукми қатл дар Тоҷикистон", ки 15 апрел дар Душанбе баргузор шуд, бо он, ки аксарият лағви ин ҳукмро ҷонибдорӣ карданд, Баҳодур Саидов, муовини аввали додситонии вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ҷонибдори мавҷуд будани ин навъи ҷазо дар Қонуни ҷиноии Тоҷикистон аст. Вай афзуд ҳарчанд Тоҷикистон барои ҳукми қатл моратория эълон карда ва аз ҷониби додрасҳо мавриди амал ҳам қарор дорад, аммо беҳтар мебуд дар мавридҳои истисноӣ ва барои нафарони истисно ҷазои ҳукми эъдом боқӣ монад.

Зеро ба таъкиди ҷаноби Саидов мавориде аст, ки ба таъини ҷазои ҳукми қатл зарурат доранд. Вай барои мисол, аз ҷиноятҳое ном бурд, ки афроди муртакиб маконеро метарконанд ва дар натиҷа даҳҳо кас ҳалок мешавад ва бояд ин онҳо ҷазои қатл бигирад. Ба бовари ҷаноби Саидов, ин гурӯҳи одамон, кореро дар танҳоӣ анҷом намедиҳад ва дар сурати танҳо зиндонӣ шудани як тани онҳо, имкон дорад аз вай дохили зиндон нияти нопокашро бо кӯмаки дигар шариконаш амалӣ созад.
Ба ин далел муовини аввали додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, беҳтар аст, ҳукми қатл нисбати ин гуна ҷиноятҳо ва ҷинояткорон боқӣ монад, Вай гуфт: «Дар мо 5 моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷазои ниҳоӣ ба ҷойи ҳукми қатл ба таври як умри аз озодӣ маҳрум карданро пешбинӣ кардааст ва ин 5 моддаи мазкур вобаста ба ҳаракатҳо ҳар як шахс амалӣ мешавад. На ҳама вақт. Бинобар ин ҳукми қатл низ танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ва барои шахсонӣ истисноӣ бояд пешбинӣ гардад. Чунки ман гумон мекунам он нафаре, ки ҷиноятӣ бениҳоят мудҳиш содир мекунад, аз қабили ваҳшиёна қатл кардани нафаре, терроризм, таҷовуз ба номус ба таври ваҳшиёна. Ин категорияи одамон сазовори ҳеҷ гуна раҳму тараҳҳум нестанд ва онҳо ислоҳнашаванда низ мебошанд. Онҳо ҳатто дар ҷойҳои ҳабси якумра ҳам метавонанд проблема кунанд. Ё фаъолиятӣ ҷиноии худро идома диҳанд.»

Ҷаноби Саидов мегӯяд, албатта, ин масъала муносибати хеле нозукбинона мехоҳад. Ҳаётро Худо додааст ва онро бояд Худо гирад, аммо мавридҳое ҳаст, ки интихоби дигаре боқӣ намемонад.

Бо он ки як масъули додситонии Тоҷикистон тарафдори боқӣ мондани ҷазои ҳукми эъдом дар Тоҷикистон аст, аммо ба таъкиди мақомдорони кишвар Тоҷикистон ба тадриҷ дар пайи комилан лағв кардани ин ҳукм аз қонуни ҷиноӣ мебошад.
Маҳмадалӣ Ватанов.
Маҳмадалӣ Ватанов.
Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон дар ин ҳамоиш афзуд, то замони моратория эълон шудани ҳукми қатл дар соли 2004, дар қонуни ҷиноии кишвар барои 44 номгӯи ҷиноят ҷазои ҳукми қатл таъин шуда буд. Аммо баъдан ин номгӯ ба 14 адад расонда шудааст. Афзун бар ин ахиран дар пайи ислоҳи қонуни ҷиноии Тоҷикистон танҳо барои 5 ҷиноят ҷазои ҳукми қатл пешбинӣ шудааст: “Дар қонунгузории Тоҷикистон барои 5 навъи ҷиноят ҳукми қатл пешбинӣ шудааст. Якум, одам куштан дар ҳолатҳои вазнинкунанда, таҷовуз ба номус дар ҳолатҳои вазнинкунанда, терроризм ва ҷиноятҳои наслкушӣ (генотсид). ”

Ба гуфтаи ҷаноби Ватанов, ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, то ҷазои ҳукми қатлро комилан лағв кунад. Ин аст, ки ба гуфтаи Маҳмадалӣ Ватанов, порлумони Тоҷикистон ҳам барои омӯзиши афкор ҷомеаи кишвар роҷеъ ба ҳукми қатл моҳи июни июни соли гузашта гурӯҳи корӣ ташкил кардааст.

Ҳуқуқдонҳои тоҷик низ ҷонибдори бекор кардани ҳукми қатл ҳастанд. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон ва раҳбари ташкилоти «Перспектива +» дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, акнун вақти он аст, ки Тоҷикистон ҳукми қатлро лағв кунад. Зеро будан ё набудани эъдом ба коҳиш ё афзудани сатҳи ҷиноят ҳеҷ таъсире расонида наметавонад. Ба гуфтаи хонум Бобоназарова он намуд ҷинояте, ки барои он ҷазои ҳукми қатл пешбинӣ шудааст, пас аз эълони моратория дар робита ба лағви ҳукми қатл амалан каму зиёд нашудааст: «Дар мулоқоту ҳамоишҳое, ки иштирок кардам, аллакай қисми бештари аҳолӣ, алалхусус мутахассисон ҷонибдори ҳукми қатл нестанд. Намояндаҳои суду прокуратура ҳам афзуданд, ки имрӯз вақти он аст, ки ҳукми қатл бекор карда шавад. Зеро таҳлили эшон нишон додааст, ки будани ҳукми қатл ба кам шудани ҷиноят таъсир намегузорад.»
Ба қавли хонум Бобоназарова, беҳтар мебуд агар Тоҷикистон низ аз таҷрибаи Қирғизистон дар ин росто истифода мекард. Зеро ба гуфтаи хонум Бобоназарова қирғизҳо тариқи ислоҳоти конститутсионӣ тавонистанд, эъдомро лағв кунанд.

Дар ҳамоиши рӯзи сешанбе дар Душанбе низ гуфта шуд, бештари аҳолии Тоҷикистон мехоҳанд то ҷазои ҳукми қатл аз қонуни ҷиноии кишвар бардошта шавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки созмони "Лигаи занҳои ҳуқуқдони Тоҷикистон» пажӯҳишеро дар ин робита анҷом додааст, ки беш аз 2 ҳазор сокини кишвар назари худро дар робита ба мавҷуд будан ё набудани ҳукми қатл баён кардаанд. Тавре масъулони «Лигаи занҳои ҳуқуқдони Тоҷикистон» афзуданд, аз миёни беш аз 2 ҳазор сокинон наздики 1400 нафари онҳо зидди будани ҷазои ҳукми эъдом ҳастанд.Дар ин миён наздики 400 нафари дигар ҷонибдори ҳукми қатл ва боқимонда назарҳои гуногун доранд.

Аммо сӯҳбати сарироҳии мо низ бо иддае аз сокинони Душанбе маълум кард, ки шумораи ками аҳолӣ аз ҳукми қатл ҷонибдорӣ мекунанд. Беш аз 15 нафаре, ки мо дар хиёбонҳои Душанбе пурсидем «Дар Тоҷикистон оё ҳукми қатл бошад ё не?» 12 нафари онҳо дар посух афзуданд, ки тарафдори аз байн бурдани ҳаёти инсонҳо нестанд. Боқимонда нафароне, ки ҳукми қатлро ҷонибдорӣ карданд, дар сӯҳбат бо мо афзуданд, ки «ҳукми қатл бояд барои террористон ва нафароне, ки ба номус таҷовуз мекунанд, раво дида шавад. Алалхусус онҳо бояд қатл шаванд, ки ба кӯдаконро таҷовуз мекунанд.»

Саодат Холова як сокини 45 солаи пойтахт афзуд: «Довари мо дар осмон, яъне Худо инсонро офарид. Пас мо чӣ гуна офаридаи Худовандро қатл мекунем? Ман зидди эъдомам.»

Аммо Фарзона, як донишҷӯдухтар бар ин бовар аст, ки афроде, ки бо ҷинояти вазнин маҳкум ба зиндон мешаванд, ҳатто ҷинояти дигареро дар дохили зиндон содир мекунанд. Фарзона ба унвони мисол аз маҳбус Умед Тешаев ном бурд, ки бо ҷурми одамкӯшии ваҳшиёна зиндонӣ шуд, аммо боз сардори маҳбасхонаро низ ба қатл расонид: «Аз нигоҳи ислом ҳукми қатл ҷоиз нест, аммо аз нигоҳи қонунҳои давлат он ҷоиз аст. Будани он ба гумони ман хуб аст. Зеро онҳое, ки ба терроризму нашъаҷалобӣ машғуланд бояд қатл шаванд.»

Зимнан, дар қонуни ҷазои Тоҷикистон ҳукми қатл вуҷуд дорад, вале дар соли 2004 барои иҷрои ҳукми қатл моратория эълон шуд ва аз он сол то ба ҳол додгоҳҳои Тоҷикистон барои ҷинояткорон ҳукми қатл содир намекунанд ва то ҳол ҳеҷ кас эъдом ҳам нашудааст.

Вале истифодаи ҳабси якумра ё ҳабси абад ҳамчун алтернативаи асосии ҳукми қатл дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ононе, ки ба ҳабси абад маҳкум мешаванд, мавриди афв қарор нагирифтаанд ва қарор ҳам нахоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG