Додгоҳи вилояти Хатлон мегӯяд, Илҳомиддин Алланазаров, сокини ноҳияи Хуросонро, ки бо номи “Худо нигаҳбон” бо радиои интернетии “Zello” ҳамкорӣ намуда, узви созмони фаъолияташ мамнӯи "Гурӯҳи 24" будааст, ба се соли зиндон, маҳкум кард.
Дафтари матбуоти Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 31 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми додгоҳ дар нисбати Илҳомиддин Алланазаров ҳафтаи гузашта эълон шуд. Илҳомиддин Алланазаров бар асоси моддаи 307, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон) гунаҳкор дониста мешавад.
Додгоҳи вилояти Хатлон мегӯяд, Илҳомиддин Алланазаров ҳамкориаш бо "Гуруҳи 24"- ро иқрор карда ва аз он пушаймонӣ намудааст. Аз ин рӯ ба гуфтаи манбаъ, додгоҳ ҳангоми содир кардани ҳукми худ пушаймонии ӯ ва ҳамин тавр соҳиби фарзанд буданашро ба эътибор гирифта, ӯро ба се соли зиндон маҳкум кард.
Илҳомиддин дар авоили моҳи апрели соли 2015 бо телефон тариқи интернет дар бораи фаъолияти радиои «Zello» маълумот гирифта, бо номи рамзии «Худо нигаҳбон» ба созмони "Гурӯҳи 24" шомил шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ӯ бо аъзои барномаҳои «Тоҷикистони нав-1», «Тоҷикистони нав-2» ва «Шерони Ватан»-и радиои «Zello» ошно шуда, бо машварати аъзои ин гурӯҳ дар хориҷи кишвар бо намояндаҳои “Гурӯҳи 24” шинос шудааст. Сипас бо машварати аъзои ин гурӯҳ дар хориҷи Тоҷикистон, бо намояндаи ин созмон дар дохили кишвар бо номи “Машрафӣ” мулоқот намуда ва узвияти "Гурӯҳи 24"-ро пазируфтааст.
Илҳомиддин ҳамчуноне, ки дар баёноти худ гуфтааст, аз тариқи радиои "Zello" баромад карда, ҳамдеҳаҳои худро ба тарафдории созмони "Гурӯҳи 24" даъват намуда, онҳоро ба гӯш додани барномаҳои ин радио ташвиқ кардааст.
Маҳкум ба зиндон шудани ин сокини Хуросон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Гурӯҳи 24" дар ҳолест, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сокини шаҳри Душанбе Илҳомиддин Алиевро барои ҳамкорӣ бо ҳамин созмон, ба се соли зиндон маҳкум кард.
“Гурӯҳи 24” як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки тоҷирони дар гузашта муваффақ Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев се сол пеш, баъди фирорашон аз кишвар ва айбдор кардани яке аз наздикони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ғасби тиҷоратҳояшон, онро таъсис доданд.
“Гурӯҳи 24” бо кӯмаки созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 дар чанд шаҳри Русия гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷик алайҳи ҳукумати Тоҷикистонро ташкил дод ва мардумро рӯзи 10 октябр ба як тазоҳуроти бузург дар майдони марказии Душанбе даъват кард.
Ин тазоҳурот, дар ниҳоят, доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро расман манъ ва дар моҳи декабр ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.