Маҳдия 48-сол дорад ва соҳиби панҷ фарзанд аст. Вай ду гов дорад ва ҳар рӯз ба андозаи 18 литр шир медӯшад. Маҳдия аз ин ду литрашро барои фарзандон ва хусури бемораш мегузорад ва боқимондаро ба шаҳри Душанбе оварда мефурӯшад.
Вай дар баробари моли худ, аз ҳамсояҳо ҳам шир мегирад ва ҳамроҳ бо шавҳараш ҳар рӯз 60 литр ширро ба пойтахт оварда мефурӯшад. Шавҳари Маҳдия баъди ҷанги шаҳрвандӣ комилан бекор монд, ҳарчанд замоне кораш сердаромад буд. Вай дар тарабхонаи «Гулдаста» ба ҳайси ошпаз фаъолият мекард ва таомҳои аврупоӣ мепухт.
Ҳоло даромади аслии ин хонавода маҳз аз фурӯши шир ба даст меояд. Ҳар як литр ширро Маҳдияву шавҳраш 4 сомонӣ мефурӯшанд ва гоҳе, вобаста ба тавони молии харидор, қимати ширро то 3,5 сомонӣ арзон мекунад. «Ҳар рӯз ба пуле, ки аз фурӯши шир ба даст меорам, тухм мехарам, нон мехарам. Барои зиндагӣ сарф мекунам, ҷамъ карда наметавонам».
Маҳдия нигарон аст, ки даромади собити хонаводааш аз имрӯза камтар нашавад.
Ахиран шаҳрдории Душанбе Комбинати шири пойтахтро муваззаф кард, ки минбаъд як литрро ширро беш аз 3,5 сомонӣ нафурӯшад ва ҳар рӯз пагоҳӣ аз соати 6.00 то 9.00 ва бегоҳӣ аз соати 18.00 то 20.00 тавассути мошинҳо сокинони пойтахтро бо ҳамин нарх бо шири хушсифат таъмин намояд. То имрӯз шири истеҳсоли Комбинати ширро мардум аз дӯконҳо бо нархи 6-6,5 сомонӣ мехариданд.
Ҳабибулло Табаров, мушовири раҳбари Комбинати шири Душанбе мегӯяд, яке аз ҳадафҳои ин тасмим аз бозор берун кардани ширкатҳои хусусӣ ва тоҷирони инфиродист, ки ширро бидуни коркард ба мардум мефурӯшанд. Вай мегӯяд шири тоҷирони инфиродӣ аз ҳеҷ санҷиш намегузарад, маълум нест, ки он аз гови солим ё бемор гирифта шуда, ба он об омехта шудааст, ё на.
Ба таъкиди Ҳабибулло Назаров ҳоло ин ширкат 3 мошини ширкашонӣ харидааст, ки гунҷоиши ҳар кадоме то 700 литр аст. Барои ҳар мошин бо нархи сад сомонӣ най харидаанд, то бо садои он мардумро ба харидани шир даъват кунанд. Аммо ҷаноби Табаров меафзояд, ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 150-200 литр шири мошинҳо бозпас мегардад. Амри ахири шаҳрдорӣ, ба гуфтани Табаров, ба даромади корхона зарба зада, хароҷоти онҳоро бароварда намесозад. Ҳабибуло Табаров мегӯяд, ки таъйини нарх дар ҳудуди 3,5 сомонӣ бар зарари корхонаашон анҷом меёбад. Айни замон, ӯ мегӯяд, ки илоҷи дигаре ба ҷуз қабули муқаррароти нави корро надоранд: «Мо худамон аз фермаҳо ширро бо нархи қимат мегирем, ҳар рӯз 50 литрӣ бензин мехарем. Аммо гуфтем, ки зарар ҳам мебинем, ҳамин корро мекунем. Раиси шаҳр фармон баровардааст, чӣ тавр иҷро намекунем», гуфт ӯ.
Корхонаи шири Душанбе дар маҷмуъ дар як шабонарӯз то 40 тонна ширро коркард мекунад ва дар баробари шир ба истеҳсоли сметана, йогурт, қаймоқ, ҷурғот ва дигар маҳсулоти ширӣ машғул аст.
Аммо Консантин Бондаренко, раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон чунин нархгузориро хилофи қоидаҳои бозаргонии иқтисодӣ медонад ва таъкид мекунад, ки чунин тасмимҳо наметавонанд самарабахш бошанд. Ба гуфтаи ӯ, чун Комбинати шири Душанбе ширкати хусусӣ аст, шир молияти ӯст ва корхона ҳақ дорад мувофиқи салоҳдиди худ ба он нарх монад. Ҷаноби Бондаренко афзуд, «чунин тасмим метавонад ду оқибат орад: аввалан боиси ба касод дучор шудани корхона гардад, ё сабабгори баланд шудани нархи дигар маҳсулоти корхона шавад. Зеро корхона ба хотири арзон кардани нарх метавонад истеҳсоли ширро коҳиш диҳад».
Аммо Дилором Табарова, сардори шӯъбаи корҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ қарори шаҳрдориро дуруст меҳисобад ва ба гуфтаи ӯ, нархе, ки барои шири истеҳсоли комбинати шир муқаррар гардидааст, ҷавобгӯи талабот аст.
Бону Маҳдия бошад, мегӯяд, дар сурати поин шудани қимати шир дар фурӯшгоҳҳо ва комбинати шири Душанбе, вай ҳам бояд ба қоидаҳои бозор итоат кунад ва каме нархи ширро поин фарорад. Ҳарчанд, мегӯяд вай, ҳама гуна коҳиши нарх наметавонад барои ҷониби тиҷораткунанда писанд ояд. Вай танҳо умед ба он дорад, ки собиқаи кории тӯлонӣ ва равобити гармаш бо мизоҷон, ки дар тӯли ин солҳо эҷод шудааст, ба тиҷорати ӯ таъсири бад нахоҳад расонд.