Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати беҳдошт: "Мо Қувватовро бемори рӯҳӣ нагуфтаем"


Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон
Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон

Вазири беҳдошти Тоҷикистон гуфт, роҳбари созмони "Гурӯҳи 24"-ро "девона" эълон накардаанд ва чунин салоҳиятро ҳам надоранд.

Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон, рӯзи 10-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки онҳо Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гуруҳи 24"-ро бемори рӯҳӣ эълон накардаанд.

Масъулини вазорати беҳдошт изҳор медоранд, ки танҳо моҳи сентябри соли гузашта бо дархости ниҳодҳои қудратӣ маълумотномаеро пешниҳод намудаанд, ки Қувватов дар қайди беморхонаи ҷумҳуриявии касалиҳои руҳӣ қарор доштааст, вале аз чӣ гуна роҳ ёфтани ин иттилоъ ба расонаҳо хабар надоранд. Ба қавли онҳо, "воқеан, дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои рӯҳӣ коти амбулатории шаҳрванд Умаралӣ Қувватов мавҷуд аст, ки дар он маълумот дар бораи муоина ва табобати ӯ аз соли 1998 то соли 2008 сабт шудаанд."

Нусратулло Салимов таъкид кард, ки вазорати зертобеаш салоҳияти бемори руҳӣ эълон кардани Қувватовро надорад. Ба гуфтаи ӯ Қувватовро танҳо додгоҳ метавонад бемори руҳӣ эълон кунад.

Дар баробари ин масъулини вазорати беҳдошт зимни нишасти хабарӣ ба масъалаи бордоркунии сунъӣ, риш ва СПИД дахл карданд. Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, аз 35 зане, ки дар барномаи бордоркунии сунъӣ дар маркази "Насл" (шаҳри Душанбе) фаро гирифта шуданд, даҳ нафарашон ҳомиладоранд.

Шамсиддин Қурбонов, мудири Пажӯҳишгоҳи акушерию гинекологӣ ва перинтологияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва раҳбари маркази "Насл", рӯзи 10-уми январ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, аз ин ҳисоб, ду нафари онҳо 35 ҳафтаи ҳомиладориро пушти сар гузошта, ҳардуяшон "дугоник" доранд. Ӯ афзуд, қарор аст, фарзанди ин ду зане, ки тариқи бордоркунии сунъӣ ҳомиладор шудаанд, аз роҳи ҷарроҳӣ берун оварда шаванд.

Дар Тоҷикистон аввалин бор амалиёти бордоркунии сунъии занон дар баҳори соли гузашта дар маркази "Насл" анҷом дода шуд. Ҳамли сунъӣ ё экстракорпоралӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба падидаи муқаррарӣ табдил ёфтааст ва давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ талош доранд, чунин марказҳоро барои аҳолии хеш бунёд кунанд. Аммо тақрибан дар ҳама ҷо ин амал ба бархе аз мухолифатҳо, аз ҷумла норозигии рӯҳониён рӯ ба рӯ гаштааст.

Динҳои ҷаҳонӣ бордоркунии сунъии занро кори ғайриахлоқӣ мешуморанд ва бар инанд, ки мушкили бенаслии хонаводаҳо бо роҳи дигар, масалан, фарзанд хондани ятимон ё кӯдакони матрук ҳал шавад. Ҳангоми қабули қонунҳои марбут ба ҳамли сунъӣ дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ гуфта буд, ки ба сатҳи қонун баровардани ин масъала дар кишваре, ки аксарияти кулли аҳолияш мусулмонанд, раво нест. Вале нукоти марбут ба ин амалиёт дар қонунгузориҳои солҳои 2002, 2006 ва 2010 аз тарафи порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расиданд.

Дар ҳамин ҳол, Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, базудӣ аз хориҷа ба кишвар таҷҳизоте ворид хоҳанд кард, ки бемории ирсии навзодонро дар батни модарашон муайян мекунад. Ин, ба гуфтаи вазир, барои онҳое, ки никоҳи хешутуборӣ доранд ва бештар фарзандонашон бо нуқс ба дунё меояд, муҳим будааст.

Нусратулло Салимов дар ин нишасти хабарӣ ҳамчунин аз рӯҳониёну зиёиён давъат кард, то ба мардум фаҳмонанд, ки дар сурати фавти наздиконашон ҷузъе аз бадани онҳоро, ки солиманд, ба беморон тақдим намоянд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи вазир, феълан онҳое, ки ҷузъе аз бадани худ, аз ҷумла гурдаашонро дар ивази пул ба афроди бемор медиҳанд, хеле кам аст.

Дар гуфтугӯи рӯбарӯяш бо хабарнигорон вазири тандурустии Тоҷикистон ба масъалаи Вич-СПИД низ дахл кард. Ӯ гуфт, агар дар солҳои пеш 60 дарсад бо роҳи тазриқӣ мубталои ин беморӣ мешуданд, ҳоло ин рақам ба 46 поин омадааст. Аммо ҷаноби Салимов аз он нигаронӣ кард, ки сафи гирифторони ин беморӣ аз тариқи равобити ҷинсӣ ва "роҳҳои номаълум" афзудааст. Аз ин рӯ, вазири тандурустӣ гуфт, ба ҳамаи сартарошхонаҳои кишвар дастур шудааст, ки аз гирифтани риши мардон худдорӣ кунанд. "Ин ҳам яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз мубтало шудан ба бемории СПИД аст",-афзуд вазир.

Дар ин замина гуфта шуд, ки танҳо дар соли гузашта 79 кӯдак ба Вич-СПИД мубтало шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон чоруним ҳазор мубталои ин навъи беморӣ сабт шуда, аз ин теъдод 268 нафарашон фавтидаанд.
XS
SM
MD
LG