Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Гулмурод Ҳалимов нуқсони равонӣ дорад


Гулмурод Ҳалимов
Гулмурод Ҳалимов

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон собиқ фармондеҳи ОМОН ё дастаи таъиноти махсуси ВКД ва ҳоло узви гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро нафари дорои нуқси рӯҳӣ ва равонӣ номид.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов -- сардори пешини ОМОН ё дастаи таъиноти махсусро "дорои нуқси рӯҳӣ ва равонӣ" номид. Рамазон Раҳимзода 25 июл дар сӯҳбати рӯбарӯ бо хабарнигорон гуфт, аз нигоҳи рӯҳӣ ва равонӣ солим набудани Ҳалимовро дар пайи ташхис муайян карда, пеш аз пайвастанаш ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" қасд доштаанд, ки ӯро аз кор дар ниҳоди умури дохилӣ берун кунанд.

"Мо корҳои оперативӣ пеш мебурдем. Вақте аз ҷиҳати рӯҳӣ ва равонӣ дуруст наомад, эрод гирифтем. Санҷиш гузарондем. Ӯ фаҳмид, ки оқибаташ ба хубӣ намеанҷомад, ба он гурӯҳ пайваст," -- гуфт Раҳимзода.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар ҷавоб ба ин савол ки чигуна "афроди дорои нуқси рӯҳӣ ва равонӣ" ба ниҳоди таҳти итоати ӯ ба кор даромадаанд? гуфт: "Баъд аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ баъзеҳо бе санҷиши рӯҳӣ ба мақомот дохил шудаанд. Солҳои охир мо чунин ашхосро тоза кардем. Нисбат ба Ҳалимов ҳам гумонбар будем, ки аз нигоҳи рӯҳиву равонӣ солим нест."

Гулмурод Ҳалимов "дорои нуқси рӯҳӣ" буд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Рамазон Раҳимзода дар идома иддаои полковники фирориро, ки қаблан гуфта буд, аз бархӯрди номуносиби Вазорати корҳои дохилӣ бо ҳиҷобдорону намозгузорон ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст, бе поя хонд. Ӯ гуфт, онҳо баръакс дар талоши ҳифзи расму оинҳои миллӣ буданд ва "агар аз ин кори мо хафа шуда, зану фарзанд ва падару модари худро партофта ба ҷанг рафта бошад, худатон қазоват кунед. Худатон баҳо диҳед, ки то чи андоза ба ақл рост меояд?"

Полковник Гулмурод Ҳалимов рӯзи 27 майи соли ҷорӣ, баъд аз як моҳи бе ному нишон шуданаш, бо нашри видео эълон кард, ки ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст ва ҳушдор дод, ки бо "ҷиҳод" ба Тоҷикистон бармегардад.

Дар ин навори тақрибан 13-дақиқаӣ фармондеҳи пешини ОМОН гуфт, бо норозигӣ аз шеваи кори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита бо намоз ва либоси исломӣ ва, инчунин, тамринҳои ҳарбияш дар Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба ин роҳ рафтааст. Ба гуфтаи ӯ, яке аз ин машқҳояш дар иёлати Луизиана баргузор шудааст ва Вазорати корҳои хориҷаи Амрико низ иддаои Ҳалимовро таъйид намуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар нахустин вокуниши расмии худ дар робита ба "Давлати исломӣ" пайвастани Гулмурод Ҳалимов, ӯро барои хиёнат ба давлат айбдор кард. Ин ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон рӯзи 3 июн бо нашри иттилоияи расмӣ гуфт, алайҳи полковники ОМОН бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ -- 305 (Хиёнат ба давлат), 187, қисми 2 (Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 401 (Иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо) парванда боз шудааст.

Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дарафонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст ва пас аз таҳсил дар Академияи олии ВКД-и Тоҷикистон ва давраҳои омӯзишӣ дар Русия ва Амрико аз сержанти хурд то полковник ва фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расидааст. Ӯ дар амалиёти ҳарбии зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт ва Хоруғ ширкат карда, соҳиби чандин ҷоизаи давлатӣ гаштааст.

Рӯзи 23 июни соли ҷорӣ дар ҳоле ки расонаҳои ахбори ом бар пояи хабари сомонаи "Arabi-Press"-и Лубнон аз ҳалокати Гулмурод Ҳалимов дар Сурия гузориш доданд, тарафдорони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксеро нашр намуданд, ки захмӣ шудани сардори собиқи ОМОН-и Тоҷикистонро нишон медиҳад. Дар ин акс дида мешавад, ки Ҳалимов аз пой ва сараш ҷароҳат бардоштааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки то кунун 519 шаҳрванди кишвар барои иштирок дар ҷангҳо ба Ироқу Сурия рафта, то ин дам хабари марги 150 тани онҳо расидааст. Вазорати умури дохилӣ гуфт, бештари "ҷиҳодиён" аз минтақаи Кӯлоб ва вилояти Суғд будаанд.

XS
SM
MD
LG