Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати адлия хостори қатъи фаъолияти "ғайриқонунии" ҲНИТ шуд


Вазорати адлияи Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро ғайриқонунӣ хонд ва хостори қатъи фаъолияташ шуд. Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ин мавзӯъро Раёсати олии ҳизбаш баррасӣ мекунад.

Вазорати адлияи Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) тақозо кардааст, ки ба фаъолияти, ба қавли масъулони ин ниҳод, ғайриқонунияш хотима бахшад.

Ҳакими Мирсайзод, муовини вазири адлия, рӯзи 28 август бо нашри гузориши расмӣ дар торнамои Оҷонсии "Ховар" гуфт, дар ҳоли ҳозир дар 58 шаҳру навоҳии кишвар созмонҳои ибтидоии ҲНИТ барҳам хӯрдаанд ва ин ҳизб ҳақ надорад, худро умумиҷумҳуриявӣ эълон карда ва анҷуман баргузор намояд. Қаблан ҲНИТ эълон кард, рӯзи 15 сентябри соли ҷорӣ анҷумани ҳисоботӣ ва интихоботии худро баргузор мекунад, ки дар он эҳтимоли тайғироти кадрӣ низ вуҷуд дорад.

Ҳакими Мирсайзод барои тақвияти гуфтаҳояш нусхаи 76 қарори созмонҳои маҳаллии Ҳизби наҳзати исломиро дар бораи қатъи фаъолияташон низ чоп кардааст. Ӯ гуфтааст, нусхаи ин қарорҳо ба Вазорати адлия ва ҳамзамон ба Раёсати олии ҲНИТ дастрас шудаанд.

"Аъзои ҳизб бо хоҳиши худ узвияташон дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро қатъ кардаанд," -- илова кардааст ӯ. Ҳакими Мирсайзод мегӯяд, "дар чунин шароит баргузории анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мухолифи қонунҳо ва Оинномаи ҳизб буда, оқибатҳои ҳуқуқиро ба бор намеорад."

Ҳакими Мирсайзод
Ҳакими Мирсайзод

Ӯ афзудааст, "мутобиқи моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ" Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон огоҳ карда мешавад: Фаъолияти ғайриқонунии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро, ки дар вайрон кардани талаботи Конститутитсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" ва Оинномаи ҳизб зоҳир мегардад, қатъ намояд."

Вазорати адлия мегӯяд, ҲНИТ ин огоҳномаи мазкурро бояд дар мӯҳлати 10 рӯз баррасӣ намуда, аз натиҷааш ба вазорат ба таври хаттӣ иттилоъ бидиҳад. Вагарна, ин ниҳод аз чораҳои дигар кор хоҳад гирифт.

Дар нахустин вокуниш ба ин иддаои Вазорати адлияи Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мавзӯъро Раёсати олии ҳизбаш дар ҷаласаи изтирорӣ ба баррасӣ гирифта ва натиҷаашро баъдан эълон хоҳад кард. Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, номаи расмии Вазорати адлияро субҳи 28 август расман қабул кардаанд. Вай гуфт, пурра ба нукоти ин нома ошност ва афзуд, "ин таҳдид ба ҲНИТ барои пурра бастани фаъолияташ мебошад, ҳарчанд танҳо Додгоҳи олӣ ҳаққи қатъ кардани фаъолияти ҳизбро дорад".

Саидумар Ҳусайнӣ
Саидумар Ҳусайнӣ

​"Ба ростӣ, мо аз изҳороту баёнияҳо ва таъқибу фишорҳои мақомоти ҳукумат сардаргум задаем ва намедонем ҳадафи аслии онҳо ба як ҳизби қонунманд чӣ аст ва чӣ мехоҳанд?," -- суол гузошт Саидумар Ҳусайнӣ.

Аз ин пеш мақомот дари қароргоҳи марказии ҳизбро бо сабаби вуҷуди баҳси мулкӣ дар миёни соҳибмулки қабливу кунунии ин сохтмон баста, дари чопхонаи ҳизбро, ки бо нашри ҳафтаномаи "Наҷот" ва дигар маводи ин ҳизб машғул буд, мӯҳр заданд. Дар ҳоле ки раҳбарияти ҲНИТ анҷумани навбатии ҳисоботӣ ва интихоботияшонро муҳим мешумориданд, зуд аз пайи пайдо кардани қароргоҳи нав шуданд. Рӯзи 27 август онҳо эълон карданд, ки муваққатан дар манзили яке ин масъулони ҲНИТ ҷойгир шуда, анҷуманро баргузор хоҳанд кард.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо 45 ҳазор узваш аз аҳзоби умдаи мухолиф ба ҳисоб мерафт. Ин ҳизб дар интихоботи моҳи марти парлумонӣ аз ду курсияш маҳрум шуд ва мақомот гуфтанд, ки ҲНИТ нуфузашро аз даст додааст ва видеои зиёди сокинон ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд, ки мегуфтанд, баъди ин аз узвият дар ҲНИТ даст кашидаанд. Аммо масъулни ҲНИТ мегӯянд, ки ин аризаҳо таҳти фишори мақомот навишта шуда, аз эътибор соқит дониста мешаванд.

XS
SM
MD
LG