Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории Мирзохӯҷа Аҳмадов


Мирзохӯҷа Аҳмадов
Мирзохӯҷа Аҳмадов

Фармондеҳи собиқи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюн мегӯяд, ба синни 60 даромадаву давлати пирӣ меронад. Ӯ як сол пеш ҳамчун сармушовири баталйони зудамалаи куҳнавардии Вазорати дифоъ ба кор сар карда буд.

Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи собиқи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ), ки ҳамчун сармушовири баталйони зудамали Вазорати дифоъ дар Рашт кор мекард, аз мақомаш барканор шудааст. Оқои Аҳмадов рӯзи 29 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ҳоло бознишаста (нафақахӯр) шудаву давлати пирӣ меронад.

Ҳарчанд мусоҳиби мо нагуфт, кай аз ин масъулияташ сабукдӯш шудааст, вале афзуд, тӯли тақрибан як сол ба ҳайси сармушовири баталйони зудамали кӯҳнавардии Вазорати дифоъ дар минтақаи Рашт ба сарбозон машқи низомӣ медод. “Синнам ба 60 расид. Дигар бознишастаам ва дар хона менишинам, давлати пирӣ меронам. Ҳеч машғулияте надорам. То замоне тавонистам ва аз дастам ҳар чизе омад, ба сарбозон таълим додам. Худо амониро диҳад”,-афзуд ӯ.

Мирзохӯҷа Аҳмадов афсари Вазорати дифоъ буда, моҳи августи соли гузашта ҳамчун сармушовири баталйони зудамали кӯҳнавардии ин ниҳоди қудратӣ дар минтақаи Рашт ба кор шуруъ кард. Он вақт як мақоми Вазорати дифои Тоҷикистон гуфта буд, дар замони таъини Мирзохӯҷа Аҳмадов ба ин вазифа "таҷрибаи фаъолияти ӯ дар шароити кӯҳистон ба назар гирифта шудааст."

Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифин дар водии Рашт буд, баъд аз имзои қарордоди сулҳ сардори Шӯъбачаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар ин водӣ таъин шуд. Дар соли 2008 Аҳмадов ва зердастонаш ба қатли Олег Захарченко, муовини фармондеҳи ОМОН, як воҳиди вижаи Вазорати умури дохилӣ айбдор шуданд, ки ба иддаои мақомот барои ширкат дар ҷаласаи шӯъбачаи Аҳмадов ва аммо ба иддаои ӯву тарафдоронаш, барои боздошти онҳо ба Рашт омада буд. Таниши бархоста байни ӯву ҳукумат дар он сол танҳо баъд аз дахолати мустақими раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, халъи силоҳи афроди Аҳмадов ва судури як афви вижа барои онҳо хунсо шуд.

Бори дигар исми Мирзохӯҷа Аҳмадов ва зердастони ӯ дар соли 2010, дар пайи амалиёти махсуси нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло Раҳимов вирди забонҳо шуд. Мақомот ибтидо Аҳмадовро ба ҳамдастӣ ва паноҳ додан ба ҷангиёни Мулло Абдулло айбдор карданд ва манзили ӯ дар рустои Ниширёни ноҳияи Рашт ҳадафи ҳамла низ қарор гирифт. Вале баъди чанд рӯзи дар ҳоли фирор ба сар бурданаш Мирзохӯҷа Аҳмадов тавонист дар ивази ваъдаи ҳамкорӣ дар амри саркӯби нерӯҳои Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоҳ худашу аксари зердастонашро аз ин гирдбод низ раҳо кунад.

XS
SM
MD
LG