Тақдими ҳуҷҷати хона ба як оилаи дигари серфарзанд аз Тоҷикистон, ки тамоми аъзояш шаҳрвандӣ ва шиносномаи Русияро доранд, дар шаҳри Нижнекамски Тотористон эътирозу моҷаро ба амал овард. Норозигиҳо дар шабакаҳо сабаб гардид, ки раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин таҳқиқи ҳодисаро талаб кунад. Акнун амалкарди мақомоти шаҳри Нижнекамскро месанҷанд.
Ҷанҷоли навбатӣ замоне аланга зад, ки шаҳрдори Нижнекамск Рамил Муллин дар шабакаи “ВКонтакте” супурдани шаҳодатномаи манзилро ба хонаводаи Муҳиддин Холзодаву Малика Тоирова, ки 4 фарзанд доранд, табрик кард.
Зери ин паём беш аз 100 шарҳи хашму ғазаболуд ва таҳқир гузошта шуд. Яке аз шарҳнависон дар зери паёми шаҳрдорӣ гуфтааст: “Мо аллакай ба муҳоҷирон манзил тақсим мекунем? Ба худиҳо додан ҳайф аст.”
“Дар ватанаш ин хел риш монда наметавонад. Чаро насаби онҳо гуногун аст?” -- навиштааст дигаре.
Ниҳоят шаҳрдорӣ навиштаҳои зери ин паёмро баста, шарҳ додааст, ки оилаи Холзода ва Тоирова ба тамоми меъёрҳои барнома ҷавобгӯянд, аз рӯйи навбат сертификат гирифтанд ва шаҳрванди Русия мебошанду ягон қонуншиканӣ накардаанд.
Ба навиштаи Маркази иттилоотии Кумитаи тафтишоти Русия, ин ниҳод рӯзи 5-уми март дар бораи оғози тафтиш дар шаҳрдории Нижнекамск "бар асоси маълумот дар бораи эҳтимоли қонуншиканӣ дар пешниҳоди шаҳодатномаи манзил ба оилае, ки таърихи муҳоҷират дорад" хабар дод.
Видео дар Инстаграм:
Пеш аз ин, моҳи феврали соли 2025, Кумитаи тафтишот зидди ҷонишини раиси ҳукумати шаҳри Митишӣ барои додани манзил ба зодагони Тоҷикистон Таҳмина Самадова ва Рамазон Раҳимов, ки 7 фарзандро тарбия мекунанд, парвандаи ҷиноӣ боз карда буд. Бо вуҷуди доштани шаҳрвандии Русия, онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба сабаби миллаташон зери таҳқиру хашму ғазаб монда буданд.
Вакили Думаи давлатӣ Сергей Миронов пешниҳод кард, ки оё онҳоро аз Русия ихроҷ кардан мумкин аст ё не. Он вақт як корманди шаҳрдорӣ ронда ва зидди ҷонишини раиси ҳукумати Митишӣ барои додани манзил парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Дар ниҳоят сертификати манзили Таҳмина Самадоваро аз ӯ гирифтанд.
Моҷарои дигар дар атрофи ҷудо кардани манзил ба як оилаи серфарзанди муҳоҷир дар вилояти Свердловск сар зад. Ба зодаи Тоҷикистон ва ҳоло шаҳрванди Русия Акрам Масаидов аз ҷониби шаҳрдори Качканар Андрей Ярославтсев шаҳодатномаи манзили нав супурда шуд. Пас аз ин, саҳифаи миллатгароён дар Телеграм ба навиштан сар карданд, ки дар шаҳр сокинони маҳаллӣ ҳастанд, дар рӯйхат барои манзил истодаанд, аммо онро навомадагон гирифтанд.
Ба гуфтаи коршиноси масъалаҳои муҳоҷират дар Аврупо Фарҳод Одинав, бо вуҷуди доштани шаҳрвандии Русия зодагони Тоҷикистон дар ин кишвар ҳуқуқи баробар надоранд.
“Агар шумо шаҳрванди Тоҷикистон бошед, ба ҳеҷ ваҷҳ баробарҳуқуқ бо қишри дигари ҷомеаи Русия наметавонед буд. Ва ин на фақат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ба ҳамаи шаҳрвандони омада, муҳоҷироне, ки аз дигар кишварҳо меоянд, рабт дорад,” – гуфт ӯ.
Ин коршинос мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд моҷароҳои тақдими манзил ба оилаҳои серфарзанд аз Тоҷикистон акнун ба як раванди дарозмуддат табдил меёбад, зеро мақомоти аршади Русия, аз ҷумла раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин ва сиёсатмадорони бегонаситез аз ин ҷанҷолҳо сармояи сиёсӣ ба даст меоранд.
Видео дар Фейсбук: