Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Салимҷон Иномзода дар Узбекистон. Дар Душанбе чӣ гуфтанд?


Хабарнигор Салимҷон Иномзода дар моҳи июли соли 2024 дастгир шуд
Хабарнигор Салимҷон Иномзода дар моҳи июли соли 2024 дастгир шуд

Намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар бораи қазияи Салимҷон Иномзода (Азметов), мудири гурӯҳи “Тоҷикони Узбекистон” дар шабакаи Фейсбук, изҳори назар карданд. Баъд аз ним соли боздошти ӯ ва пас аз пурсиши хабарнигорон дар нишасти матбуотӣ.

"Ин кори тафтишот аст"

Иномзода ба “истеҳсол, нигаҳдорӣ ва паҳни маводи дорои хатар ба амнияту тартиботи иҷтимоӣ” дар Узбекистон гумонзад аст. Мурофиааш идома дорад.

Мақомоти Узбекистон парвандаро шарҳ намедиҳанд. Шахсони наздик ба Салимҷон Иномзода гуфтанд, ки ӯ барои бознашри таронаи “Самарқанду Бухоро”-и Афзалшоҳи Шодӣ, овозхони маъруфи тоҷик, ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Муаллифи шеър Лоиқ Шералист. Баста шудани мактабҳои тоҷикӣ дар Узбекистон аз мавзӯъҳои асосии он аст.

Раҳмоналӣ Мирализода, намояндаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 27-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, “таронаеро, ки Афзалшоҳи Шодӣ дар бораи Самарқанду Бухоро сурудааст, нав нест”.

“Таъсири ин суруд то чӣ андоза ба барҳам задан ва ноором кардани ҷомеа дар кишвари ҳамсоя расидааст, чизе гуфта наметавонем. Ин кори тафтишот аст ва онҳо худашон муайян мекунанд. Мо фақат бо роҳи дипломатӣ метавонем масъалаҳоро баррасӣ кунем,” – афзуд ӯ.

"25 сол пеш сурудам, ҳоло даркор нест"

Муаллифи таронаи “Самарқанду Бухоро” Афзалшоҳи Шодӣ дар ҳамин нишасти хабарӣ гуфт, таронаро 25 сол пеш иҷро кардааст. Замоне ки муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон хуб набуд.

“Он вақт, воқеан, ба тоҷикҳо кам-кам бахилӣ мекарданд. Мактабҳоро мебастанд. Роҳҳои байни мо баста буд. Ин чизҳо гузашт, ҳоло дӯстӣ шуд. Бархе дӯстии ду давлатро халалдор мекунанд. Ман борҳо гуфта будам, ки ин таронаро гиранд, дар шабакаҳо нагузоранд, дигар даркор нест,” – афзуд ӯ.

Равобити Душанбе ва Тошканд дар солҳои роҳбарии Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Узбекистон, сард ва сарҳадҳо баста буд. Ин равобит баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 беҳбуд ёфт.

Хабарнигор Салимҷон Иномзода дар моҳи июли соли 2024 дастгир шуд. Муҳокимаи парвандааш дар Додгоҳи ноҳияи Мирзо Улуғбек дар шаҳри Тошканд аз ҳаштуми январ ҷараён дорад.

То кунун се мурофиа гузаштааст. Се манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 22-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар мурофиаи севум таронаи “Самарқанду Бухоро” ва омӯзиши шеърҳои Лоиқ Шералӣ, шоири маъруфи тоҷик, дар мактабҳои кишвари ҳамсоя мавриди суолу ҷавоб қарор гирифт.

“Дар ҷавоб яке аз шоҳидон посух дод, ки дар китобҳои адабиёт ва забони тоҷикӣ барои синфҳои 5, 9 ва 10 аз ашъори Лоиқ Шералӣ намуна оварда шудааст,” -- гуфт яке аз мусоҳибони мо. Ба далели амниятӣ номаш навишта намешавад.

“Ором ва бидуни фишор”

Дар ин мурофиа баъзе аз шоҳидону наздикон ва вакилони мудофеъ ширкат кардаанд. Чанде аз шоҳидон бо шарти фош нашудани ном гуфтанд, ки ҷараёни суолу ҷавоб “ором ва бидуни фишор” сурат гирифт.

“Салимҷон Иномзода дар дохили панҷара нишаста буд. Ҷараёни мурофиаро медид. Ором буд ва осори фишору маъюсӣ дар ӯ дида намешуд,” -- гуфт яке аз онҳо.

“Тоҷикони Узбекистон”, ки ӯ Иномзода роҳбарӣ мекард, як гурӯҳи маҷозӣ дар шабакаи “Фейсбук” аст ва асосан матолиби фарҳангиро дар бораи тоҷикони Узбекистон ва ё робитаҳои ду кишвар нашр мекунад. Ин гурӯҳ 15 ҳазор пайрав дорад.

Солҳои охир дар Узбекистон даҳҳо хабарнигору блогер барои танқиди ҳукумат мавриди таъқиб, азияту озор ва ҳабс қарор гирифтаанд. Созмони байнулмилалии "Гузоришгарони Бидуни Марз" соли 2024 гуфт, нишондодҳои озодии баён дар Узбекистон бадтар шуда, ин кишвар аз ҷойи 137-ум ба 148-ум фаромадааст.

XS
SM
MD
LG