Беш аз 20 оҳангсози тоҷик барои ширкат дар озмуни “Навои Ваҳдат", бахшида ба “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон”, ки Эмомалӣ Раҳмонро сари қудрат овард, асарҳои худро пешниҳод карданд. Шарти аслии озмун, ки аз ҷониби мақомоти фарҳанг таъсис ёфтааст, ба гуфтаи онҳо, "васфи дастовардҳои замони истиқлолият" ва "Пешвои миллат" аст.
Мунтақидон мегӯянд, ки дар асл озмун ба хотири таблиғи сиёсати ҳукумат, шахси раиси ҷумҳур ва ба тақвияти кеши шахсияти президент равона шудааст.
Дар ҳоле, ки худи ташаббускорон ин озмунро баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии мардуми Тоҷикистон унвон кардаанд, бархе дигар мегӯянд, маъракаҳои дорои мазмуни идеологӣ хоси ҳукумати Шӯравӣ ва аломати кеши шахспарастӣ буд.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки дар авҷи оғози ҷанги шаҳрвандӣ, моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифт, Эмомалӣ Раҳмоновро ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ ба қудрат овард. Баъди ду сол оқои Раҳмон барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон шуд ва тӯли 25 соли ахир раҳбари Тоҷикистон аст.
"Иҷлосияи 16-ум моро аз фаношавӣ нигоҳ дошт"
Озмуни “Навои Ваҳдат” бо ибтикори Ҳаракати “Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон”, вазорати фарҳанг ва Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Мирзошоҳрух Асрорӣ, раҳбари ҳаракати “Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” рӯзи 27-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин иҷлосия ватани моро аз фаношавӣ нигоҳ дошт. Тавассути эҷоди оҳангу суруд ва асарҳои ҳунарӣ мо метавонем андешаи мардумро бори дигар ба ин санаи муҳим ҷалб кунем ва ин оҳангҳо дар боло бурдани эҳсоси ватандӯстии мардум созгор хоҳад буд."
Яке аз ҳадафҳои дигари озмун – кашфи истеъдодҳои нав гуфта мешавад. Масъулини Иттиҳодияи оҳангсозони Тоҷикистон мегӯянд, ба озмуни бахшида ба таҷлили рӯзи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, асарҳои мусиқии касбӣ дар қолаби адвор ва ё нота эҷодшуда пазируфта мешавад, ки қаблан ҷое садо надода бошад.
Нахустин озмун дар васфи ватандӯстӣ
Хуршед Низомов, раҳбари Иттифоқи оҳангсозон мегӯяд, ҳоло ба озмун чанд оҳанги сатҳи баланди касбӣ дар васфи Тоҷикистон ва раҳбари давлат пешниҳод шудааст. “Ҳоло як контата аз Фирӯз Баҳор, як асари дигари вокалӣ аз Иттифоқи композиторон, чанд асар бахшида ба Пешвои миллат ва Тоҷикистон пешниҳод шудаанд. Ҳар як суруду оҳанг бояд ифтихор аз ватани азиз ва ифтихор аз дастовардҳи 26 соли истиқлолият иборат бошад."
"Моли замони имрӯз нест"
Ба бовари журналист Азиз Нақибзод, идеяҳои мисли ин, моли замони имрӯз нест. "Дигар мо бояд пеш равем. Набояд ба асри 17-19 баргардем. Амалу рафтори коммунистони замони шӯравиро ба хотир меорад ва мисли як одат шудааст. Ҳеҷ манфиате надорад ин ба ҷуз мардумро як навъ ба хушомадгӯӣ ва тамаллуқкорӣ тарғиб кардан."
Солҳои ахир дар мавзӯъҳои сиёсӣ ва марбут ба президенту дастовардҳои замони раҳбариаш дар алоҳидагӣ аз ҷониби овозхонони эстрада ҳам чандин оҳангу таронаҳо эҷод ва суруда шудааст. Аз ҷумла соле пеш, Ҷовидон Нозимов суруде бо номи “Эй пешвои миллат”-ро аз тариқи Шабакаи аввали телевизон нашр кард, ки барои таблиғи овозхон дар телевизиону радиои давлатӣ мусоидат кард.
"Суруд аз дил эҷод шавад, ба дил зудтар роҳ меёбад"
Фирӯз Ҳакимов, як оҳангсози мусиқии замонавӣ мегӯяд, таҷрибаи ҷалби овозхонон ба мавзӯъҳои сиёсӣ ва ватандӯстӣ нав нест ва ба гуфтаи ӯ дар тамоми асру замон оҳангсозон дар бораи бузургии кишварҳои худ ва шахсиятҳои он оҳангу тарона офаридаанд. Ба бовари Фирӯз Ҳакимов, ҳунар ягон марзу қонуне надорад ва эҷодкор як шахси озод аст.
"Барои эҷод кардан касеро маҷбур кардан мушкил аст. Масалан, 2 соли пеш як тоҷик дар бораи Путин суруде бо номи “ВВП” хонд ва назарҳо дар бораи ӯ мухталиф буд. Дар интернет бархе ба ҳолаш хандиданд. Аммо дар маҷмӯъ суруд хеле маъруф шуд."
Тоҷикистон ба сурати умум бисёр таҷрибаҳои таблиғотии даврони Шӯравиро ҳифз кардааст. Дар замони шӯравӣ ҳар як овозхон дар "репертуараш" таронаҳои бахшида ба Владимир Ленин ва Партияи коммунистиро дошт. Дар замони истиқлолият шеъру таронаҳои ватандӯстӣ, бахшида ба фаъолияти президент Раҳмон, мардонагӣ ва якпорчагии миллат бештар шуданд. Чанд сол пеш, дар авҷи шавқу шӯри бунёди "Роғун" бисёр овозхонҳо дар бораи ин иншооти стратегӣ таронаҳо суруданд. Овозхонҳо бовар доранд, ки ин таронаҳо метавонанд ҳузури онҳоро дар консертҳои давлатӣ ва Садову Симои ҷумҳурӣ таъмин кунанд.