"Гуфт, ака, инро ҳама дорад, чизе нест"
Маҳкамбой Сӯфиев, ки ба гуфтааш дар ҷанги дохилии Тоҷикистон аз тарафи ҳукумат размиду як пояшро аз даст дод, мақомотро ба беэътиноӣ танқид кард.
Вай гуфт, сездаҳ сол боз барои гирифтани як порча замин давутоз дорад, аммо ба ҷуз "имкон шуд, иҷро мекунем" чизи дигаре нашунид. Ҳоло иҷорнишин аст ва аз он метарсад, ки рӯзе бесарпаноҳ ва дар кӯча хоҳад монд. Шаш фарзанди ноболиғ дорад.
Раиси ҳукумати ноҳияи Фархор мегӯяд, онҳо омадаанд, ки ба Маҳкамбой Сӯфиев замин диҳанд, вале шарту талаби ӯ муносиб нест.
"Дар сездаҳ сол на кам аз 100 бор ба раисони ноҳия муроҷиат кардам. Ман маъюб ҳастам, иштирокдори ҷанг. Дар ҷанги шаҳрвандӣ паронданд, маъюб карданд, ҳоло аз дастам коре намеояд,” – шикоят кард Маҳкамбой Сӯфиев.
Ин сокини ноҳияи Фархор барои исботи гуфтаҳояш медали ширкат дар амалиёти ҷангиро нишон дод. Даргирие, ки панҷ сол идома карда, 150 ҳазор кушта барҷой гузошту ба иқтисоди ҷумҳурӣ беш аз 10 миллиард доллар зиён расонд.
“Як рӯз медалро кашол карда, рафтам. Гуфтам, раис, маро Вазорати мудофиа лоиқ дониста, ҳаминро дод. Ҷонкании мо барои барқарор кардани ҳукумати қонунӣ буд. Каллаашро меҷунбонад, аммо садо намебарорад. Ба берун баромадам, ки архитектор (меъмор) гуфт, ака, ин сипарони ватанро ҳама дорад, ин ҳеч чиз нест,” – ба нақлаш идома дод ӯ.
Дар ҳукумати ноҳияи Фархор муроҷиати Маҳкамбой Сӯфиевро тасдиқ карданд. Зариф Назрӣ, раиси ноҳия, гуфт, ӯ аз минтақае замин мехоҳад, ки дигар дар он маҳалла ҷойи холӣ намондааст.
"Дар назди мактаб замин мехоҳад. Мо дар онҷо замин надорем. Ман пешниҳод кардам, ки дуртар аз онҷо замин ҳаст, қабул накард. Мо ду-се маротиба пешниҳод кардем ба он одам,” – афзуд Зариф Назрӣ.
Маҳкамбой Сӯфиев ин нуктаро рад намекунад, вале мегӯяд, замини пешниҳодӣ дар минтақаи Олимтой аст ва равуояшро душвор мегардонад. “Даҳҳо километр дур аст, қабул накардам,” – гуфт ӯ ва афзуд, барои наҷоти худу фарзандонаш то охир аз муроҷиат даст нахоҳад кашид.
Видеоро дар инҷо бинед:
Тақсими замин дар минтақаҳои Тоҷикистон чанд сол боз ба як мавзӯи доғу баҳсӣ табдил ёфтааст.
Як таҳқиқи Радиои Озодӣ дар соли 2020 нишон дода буд, ки шуморе аз сокинон бо роҳи шубҳаовар ва осон дар ноҳияи Рӯдакӣ, канори шаҳри Душанбе, соҳиби қитъаи замин шудаанд. Баъзе аз онҳо ба раиси онвақтаи ноҳия наздикӣ доштанд.
Иддае дигар аз сокинон аз ғайриқонунӣ гирифта шудани заминҳояшон ва ришваситонӣ дар ин соҳа низ нигаронӣ мекунанд.