Сарфи назар аз талаби созмонҳои байнулмилалӣ ва хешу наздикон, ки ҳабси онҳоро беасос меноманд, ҳукумати Тоҷикистон касеро озод накард. Волидону зану фарзандони онҳо чӣ ҳол доранд?
ПАДАРИ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ БА МУҲОҶИРАТ РАФТ
Баъд аз зиндонӣ шудани хабарнигору блогер Далери Имомалӣ, ки ноновари хонавода буд, мушкилии пайвандонаш бештар шуд. Ба ин далел падараш ночор ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтааст.
Шодигул Бобиева, модари Далери Имомалӣ, мегӯяд, “набудани фарзанд сахт аст, аммо чӣ кор кунем, чора надорем.” Ӯ ҳар рӯз ба кандакориҳое менигарад, ки писараш дар зиндон сохтаву ҳадя фиристодааст. Дар рӯйи яке аз онҳо "Очаҷон, бубаш" нигошта шуда.
“Дар маҳбас рассомию кандакорӣ мекардааст. Дар яке аз кандакориҳо навиштааст, ки "Ба Шаҳноз аз падар. Ватан дигарай." Инро барои духтараш омода кардааст, барои рӯзи таваллудаш,” -- нақл кард Шодигул Бобиева.
Далери Имомалӣ, муаллифи машҳури гузоришҳои видеоӣ, рӯзи 15-уми июни соли 2022 боздошт шуда, бо айбномаи соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” ба 10 сол зиндон ва пардохти 12 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум шуд. Худи ӯ ҳукмро, ба ғайр аз насупурдани молиёт (андоз), беасос медонад. “Гурӯҳи 24” ҳам узвияти ӯро рад кардааст.
МОДАРИ АБДУЛЛОҲ: “ҶУДОӢ САХТ АСТ”
Хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ҳамкор ва ёвари Далери Имомалӣ, ба 7,5 сол зиндон маҳкум шудааст. Мақомот гуфтанд, ӯ гуё милисаро задааст. Наздиконаш мегӯянд, дар қабати парвандаи ӯ сабтеро, ки нишон медиҳад Абдуллоҳ касеро назадааст, ҷой надоданд. “Агар ин сабт нишон дода мешуд, беасос будани иттиҳом ошкор мешуд,” – гуфтанд онҳо.
Гулнора Шарифова, модари Абдуллоҳ Ғурбатӣ, мегӯяд, ҷудоӣ аз писараш барои аҳли хонавода сахт аст: “Ҳушу ёдамон ҳаминҷо ба фарзандҳояш аст. Ман кор мекунам, мераваму меоям. Аммо падараш бисёр зиқ мешавад. Тез-тез мегиряд. Вақте кӯдакаш гап мезанад, гиря гулӯгир мекунад."
Абдуллоҳ Ғурбатӣ пеш аз боздошташ ду бор аз тарафи шахсони номаълум барои гузоришҳояш дар бораи мушкили мардум латукӯб шуда буд.
МОДАРИ ЗАВҚИБЕК: "БЕГУНОҲ ДАР ЗИНДОН АСТ"
Завқибек Саидаминӣ, корманди пешини телевизиони давлатии Тоҷикистон, сипас таксирон ва хабарнигори мардумӣ акнун зиндонӣ аст. Барои модари чашм ба роҳи писар то ҳанӯз далели ҳабси ӯ маълум нест.
Ҳабиса Ятимова, модари Завқибек Саидаминӣ, мегӯяд, "ҳозир аз чизе шикоят надорад. Шикояти мо набудани фарзандам аст, ки ду сол боз бегуноҳ дар зиндон аст. Бори охир дар Додгоҳ баромад кард ва гуфт, ки ягон гуноҳ надорам, мехоҳам озод шавам."
Завқибек Саидаминӣ аз дарди сутунмуҳра ва қалб шикоят доштааст ва як муддат зери назорати пизишкони маҳбас будааст. Модараш мегӯяд, қазияи писараш аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳам рӯҳиву равонӣ ба онҳо таъсири сахт гузошт.
Додгоҳ Завқибекро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ба ҳафт сол зиндон маҳкум кард. Вай ин ҳукмро беасос меҳисобад.
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар солҳои 2022 ва 2023 дар умум ҳашт журналист ва блогерро аз 7 то 21 сол ба зиндон маҳкум карданд.
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева аз журналистону блогерони дигари зиндонӣ ҳастанд. Мақомот онҳоро ба амалҳои ҷиноӣ гунаҳкор кардаанд. Бархе аз онҳо дар номаҳои ҷудогона навиштанд, ки зери фишор ва латукӯб айбномаро пазируфтанд.
Ба назари доктори илми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов, хабарнигорону блогерони зиндонӣ ба ҷомеа хатар ё таҳдиде надоштанд ва онҳо бояд аз маҳбас раҳо карда шаванд: “Боис ба таассуф аст, ки ин парвандаҳо паси дарҳои пушида баррасӣ шуданд. На танҳо журналистон, балки ҷомеаи шаҳрвандӣ дастрасӣ надоштанд. Бино бар ин, дар бораи шаффофият ва то чӣ андоза риоя шудани адолати судӣ чизе гуфтан хеле мушкил аст”.
Хонаводаҳои хабарнигорони зиндонӣ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб доранд, ки онҳоро озод кунанд. Идораи зиндонҳои Тоҷикистон ба номаи расмии Радиои Озодӣ дар бораи вазъи хабарнигорони зиндонӣ посухе надод. Талаби баъзе аз созмонҳои байнулмилалӣ низ барои раҳоии хабарнигорон бепосух мондааст.
Видеоро дар инҷо бинед: