Дуруд ҳаммеҳани азиз,
Ангор аз як ҷое ба баъд одам аз ҳама чиз, аз гуфтан, аз талош, аз такопу, аз орзу кардан хаста мешавад. Расидан ба ҳадаф як нуқтае фаротар аз дастрас менамояд ва инсон гӯӣ дар миёнаи бузургроҳи зиндагӣ худашро дасттанҳо меёбад. Дигар умеде ба ҳеч наҷотгаре нест. Ҳеч ҷое, ҳеч дасти кумаке ба сӯят дароз нахоҳад шуд. Шояд бо худат мегӯӣ, чиро ин дафъа ҳарфҳоям ба назар фарсахҳо дуртар аз асли матлабам ҳастанд. Шояд ҳақ бо ту бошад...
Охир худам низ ҳис мекунам, пас аз шунидани ин хабари шум, ҷамъу ҷур кардани афкору эҳсосотам хеле душвор аст. Тасаввури чеҳраи бовиқору ҳайкали солори нависандаи тавоно Абдуқодири Рустам дар зиндон, бароям шабеҳи кобуси шиканҷаоварест, ки дилу равонамро ҳар сония озурдатар аз пеш мекунад.
Гумон намекунам баъд аз ин ҳама сару садову иттилоърасонӣ дар мавриди қазияи дастгир шудани Абдуқодири Рустам ва Абдухалили Холиқзод, тоҷикистоние монда бошад, ки дар бораи кӣ будани эшон бехабар бошад. Ба ҳар ҳол ҷой дорад барои мабодо чанд ҷумлае дар барои эшон бинависам.
Абдуқодири Рустам, нависанда, тарҷумон ва адабиётшиноси тоҷиканд, ки моҳи октябри имсол 66-сола мешаванд. «Бурси дуреша» соли 1986, «Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар» соли 2003, «Чойхонаи “Роҳат”. Қисса ва ҳикоёт барои хониши пеш аз хоб» соли 2010, «Пойҳо ва рӯйҳо» соли 2018 аз ҷумла китобҳое ҳастанд, ки аз ин муаллиф то ба имрӯз ба нашр расидааст. Бознашр ва шарҳи китоби даҳсолаҳо фаромушшудаи донишманди рус А. Шишов «Таджики» соли 2005, таҳияи матни интиқодӣ ва шарҳи муфассали «Девон»-и Рӯдакӣ" соли 2007 ва тарҷумаи осори Акутагава ва чанде нависандагони шинохта низ ҳосили заҳматҳои ӯст. Абдухалил Холиқзодаи 57-сола молик ва мудири Бемористони Ибни Сино ва муаллифи китобҳои “Моҷарои рафта” ва "Ҳаводиси рӯзгори ман" аст.
Ин ҳукм, ки ду рушанфикри меҳангаро ва миллатдӯстро барои солҳо пушти милаҳои зиндон фиристод, беихтиёр маро ёди Олексондр Сулженитсин, Варлам Шаламов, Эдуардо Галеано, Нелсун Мондело, Воле Шойинка, Нозим Ҳикмат ва чанде дигар аз нависандагону афроди барҷастаи торихи кишварҳои мухталифи ҷаҳон меандозад. Инҷо намехоҳам бо нақл аз саргузашти ҳар як аз ин афроде, ки ном бурдам, матлабро ба дарозо кашам ва вақти ту, ҳаммеҳани азизамро, бигирам. Чун ҳар вақт дилат хост метавонӣ дар бораашон аз китобхонаву интернет огаҳӣ пайдо кунӣ. Лек ваҷҳи муштараке байни моҷарои зиндагии ин афроди машҳур бо он чӣ имрӯз аз сари Абдуқодири Рустам ва Абдухалил Холиқзода мегузарад, вуҷуд дорад. Ҳамаи онҳо танҳову танҳо ба далели равшанфикр ё дигарандеш буданашон аз тарафи ҳуқуматҳои истибдодӣ зиндонӣ шудаанд. Ман медонаму ту низ бехабар нестӣ, ки Абдуқодири Рустам огоҳтарин, ҷасуртарин нависанда ва рушанфикри тоҷик аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ назарашро ошкоро баён мекард. Бидуни шак иллати аслии боздошт ва зиндонӣ шудани ӯ ҳамин ҷасорат ва ошкоргӯиҳояш аз норасоиҳои ҷомеа ва нокоромадии мақомат будаву ҳаст.
Пас чӣ тавр мумкин аст бо донистани ин воқеияти талх дар баробари хабари зиндонӣ шудани ин ҳаммеҳанонам бетараф бошам? Ҳанӯз ҳукми расмии додгоҳ ба дасти рӯзноманигорон нарасидааст. Ҳарчанд аз натиҷаи мурофиа дигар ҳама хабар доранд. Ба назар мерасад, ҳукумат мехост, бо камтарин сару садои мумкин озодиро аз Абдуқодири Рустам ва Абдухалили Холиқзода бигирад. Бехабар аз он, ки тақдири афроде дар ин сатҳ ҳеч гоҳ пушти парда нахоҳад монд. Зеро танҳо гурӯҳе бехирад ё дуруфтода аз андешаи созанда мумкин аст инсонҳои бозарфият ва соҳибистеъдоде чун Абдуқодири Рустамро дасти кам бигиранд ё бадхоҳи эшон бошанд. Зеро кофист танҳо яке-дуто аз осори ин нависандаи муосирро хонд, то дарк кард бо чӣ зарофати хосе ҳолу ҳавои мардуми Тоҷикистонро дар осорашон тарсим кардаанд.
Пурсиши бепосухе дар зеҳнам мечархад. Ҷаноби Раҳмон ва аъзои ҳукуматаш фикр мекунанд, то ба кай метавонанд хок ба чашми мардум бипошанду панба ба гӯшашон гузоранд? Яъне воқеан бар инанд, ки дар миёни ҷамъияти 10-милионии кишвар, ҳеч кас дарк намекунад, дар тули солҳои раёсатҷумҳурии ин нафар тоҷик бо сифоте чун марди кор, ифротӣ, тундгаро, тероррист, маҳбус ва даҳҳо сифати манфии дигар “музайян” шудааст, ки чароияш мустақиман марбут ба худкомагии ҳукумати вақт аст! Ҳаминҳое, ки замоне ходими мардуми ин сарзамин гумошта шудаанд, ҳоло худро махдуми миллат мешуморанд.
Дар ин сиюанд соли ҳукумати ҷаноби Раҳмон пушти мила рафтани хеле аз аъзои ҳизбу ҳаракатҳои мухталифро дидем. Чандин тан аз тоҷирони номдору корофарини кишвар чун Маъруф Орифов, Ҷурабек Охунов, Зайд Саид, Раҷабалӣ Одинаев зиндонӣ шуданд. Ҳуқуқшиносону вакилони кордон чун Бузургмеҳр Ёров, Шуҳрат Қудратов, Фаромуз Эргашовро барои ҷилавгирӣ аз иҷрои вазифаи корияшон зиндонӣ карданд. Сипас рӯзноманигороне чун Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Улфатхонум Маҳмадшоева ва чандин нафари дигарро зиндонӣ карданд. Ҳоло ба назар мерасад, навбатӣ ҳам бошад, навбати нависандагону рушанфикрони кишвар аст, на? То ба кай қарор аст сиёсати душмантарошӣ ва нафратпароканӣ нисбат ба ҳар нафаре, ки ба сози ҳукумат намерақсад, дар кишвар ҳукмфармо бошад?
Ҳаммеҳани азизам, рафиқи дарду дилҳоям, вақте хабари зиндонӣ шудани Абдуқодири Рустамро шунидам, доштам яке аз мақолаҳои Васлав Ҳавел нависанда, сиёсатмадор ва аввалин раисҷумҳури Ҷумҳурии Чек (Чехия)-ро мехондам. Аз қазо ӯро низ ба хотири дигарандешияш солҳо зиндонӣ кардаанд. Ангор, муқаддар шуда буд ин ҷумалоти он матлабро бо ту дар миён бигзорам, ки ҳам ташреҳи ҳолу ҳам давои дарди имрӯзи ҷомеаи мост. Ҳавел дар соли 1984 дар мақолааш “Сиёсат ва Виҷдон” навиштааст:" Ман тарафдори “сиёсати зиддисиёсӣ”, яъне сиёсат на ба унвони фанноварии қудрат ва дасткориву ҳукумати сойбернетик бар инсонҳо ё ба унвони ҳунари фоидагаро; балки ба унвони яке аз роҳҳои ҷустуҷӯ ва дастёбӣ ба зиндагии маънодор ва ҳифозат аз инсонҳо ва хидмати ба онҳо ҳастам. Ман тарафдори сиёсат чун ахлоқи амалӣ, чун хидмат ба ҳақиқат, чун рисолати инсон ва навъе муроқибат аз ҳамнавъон мебошам. Ба гумонам, ин рӯйкардест, ки дар ин дунё бисёр ғайриамалӣ ва корбурдаш дар зиндагии рӯзмарра душвор аст. Бо ин ҳол, ман ҳеч ҷойгузини беҳтареро намешиносам..."
Ҷойи дареғ аст, ки дар кишвари мо эҳсоси ноамнии ҳукуматдорон боис шуда, ҳама ҷабҳаҳои зиндагии одии мардум ҷанбаи сиёсӣ гирад. Ба ҷои ҳифозат ва хидмат ба мардуми кишвар дар роҳи расидан ба зиндагие шарофатмандона, ҳукумат аз сиёсат чун абзори фишор рӯи мардум истифода ва онҳоро зери ҳисори номаръие аз тарс қарор додааст.
Ин навъ ҳамоқати сиёсӣ он қадр дар ҳоли рушд аст, ки кучактарин пайомадҳо аз вуҷуди дигарандешон боис мешавад, ҳукумат “чораҳои зарурӣ” бияндешад. Яъне агар нафаре бардошташ аз зиндагияшро ба шакли китобе нашр кунад, ҳам муаллиф, ҳам муҳаррир ва ҳам ношир бояд зиндонӣ карда шаванд.
Ману ту дар марҳилае аз торихи кишвар қарор дорем, ки ҳар гуфта ё корамон метавонад бедалел ҷомаи сиёсӣ бипӯшад. Лек инро ҳам набояд фаромӯш кард, агар қарор бошад аз тарси ин ки ба гуфтаҳо ё корҳоямон ҷомаи сиёсӣ мепӯшонанд, ҳеч чиз нагӯем ва коре накунем, фардои Меҳану мардумамон чӣ хоҳад шуд?
Бузурге гуфтааст: “Агар ту аз тарси зиндонӣ нашудан маҷбур ба сукут ҳастӣ, пас кайҳост, ки дар зиндон ба сар мебарӣ”. Ва ҳунарманди машҳури рус Юрий Шевчук гӯё ҳамин нуктаро идома медиҳад: “Агар ҳақиқатро танҳо бо пичирос гуфтан мумкин бошад, пас кишварро душман ишғол намудааст”.
Ин ҳамаро навиштам ва дар дилам гули умеде шукуфт. Шояд касе сонияе бозмеистад ва мегӯяд, иштибоҳ шуд, набояд аз ин роҳ рафт?
Ту чӣ мегӯӣ, ҳаммеҳани азизи ман?
Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.
Гуфтугӯ