Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи газ дар Тоҷикистон боз гарон шуд. Омили берунӣ ё натиҷаи нобаробарӣ?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Гази моеъ, ки қисми зиёди мошинҳои Тоҷикистон бо он ҳаракат мекунанд, дар ду ҳафтаи охир дар Душанбе камчин шуда, дигарбора нархи он боло рафтааст.

Сафаралӣ Қурбонзода, муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, рӯзи 31-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе афзоиши баҳои гази моеъро “муваққатӣ” донист ва ба “омилҳои мавсимӣ” пайванд дод.

“Сабаби болоравии нарх ба таъмир дар корхонаҳои истеҳсоли сӯзишворӣ дар хориҷа, асосан дар Қазоқистон, вобаста аст. Албатта, тағйирёбӣ дар бозор ба мушоҳида хоҳад расид,” -- афзуд, ӯ.

Агар ду ҳафта пеш як литр гази моеъро дар Душанбе то 5 сомониву 60 дирам мефурӯхтанд, ҳоло то 7 сомониву 20 дирам боло рафтааст.

Фозилҷон Фатуллоев, иқтисоддони тоҷик, як сабаби гаронии гази моеъро ба он вобаста донист, ки на ҳама ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ аз имтиёзу сабукиҳо баҳрманданд. Ба назари ӯ, нобаробарӣ дар дарёфти имтиёзҳо боис шудааст, “ки рақобат миёни ҳама ширкатҳои воридкунандаи газ ба назар намерасад”.

“Бар илова, ҳукумати Тоҷикистон метавонад ба Қазоқистон муроҷиат кунад. Дархост кунад, ки барои Тоҷикистон бо як нархи муайян ва поинтар, ҳамчун як шарики наздик, гази моеъро фурӯшад,” – шарҳ дод ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Афзоиши нархи газ: Омили берунӣ ё натиҷаи нобаробарӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Дигар ақида ин аст, ки рақобати носолим миёни ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон сабаби ҷаҳишҳои ногаҳонии нархи газу бензин мешавад. Дар ин миён сокинон, ба хусус ронандаҳои таксӣ, нигаронанд, ки болоравии қимати газ бештар ба ҷайби онҳо зарба мезанад.

Фирӯз Каримов, ронандаи таксӣ, рӯзи 31-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, “ширкатҳо роҳкироро иваз намекунанд ва нархро як хел нигоҳ медоранд. Дар чунин ҳолат, вақте нархи сӯзишворӣ боло меравад, ба мо ҷабр мешавад”.

Ҳаргуна тағйирот дар нархи маводи сӯхт бахусус газу бензин ба ҷайби мардуми Тоҷикистон таъсир мерасонад, чун болоравии нархи сӯзишворӣ ба нархи дигар молу маҳсулот бетаъсир намемонад.

Дар Тоҷикистон 14 ширкати воридкунандаи гази моеъ аст, вале намояндагони чунин ширкатҳо намехоҳанд ошкоро дар бораи сабабу омилҳои афзоши нарх суҳбат кунанд.

Тоҷикистон дар ним соли гузашта аз хориҷа бештар аз 200 ҳазор тонна гази моеъ ворид кардааст ва 90 дарсади он ҳам аз Қазоқистон омадааст. Бақияро аз Русияву Узбекистон меоранд, чун дар худи кишвар гази моеъ истеҳсол намешавад. Ба иттилои расмӣ, ҳаҷми воридоти гази моеъ нисбат ба ним соли гузашта бештар аз 12 ҳазор тонна кам шудааст.

XS
SM
MD
LG