Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури низомии НАТО дар Тоҷикистон ноаён ба поён расид


Сарбозони Фаронса дар гашти низомӣ ба шарафи 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон. 9 сентябри соли 2011
Сарбозони Фаронса дар гашти низомӣ ба шарафи 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон. 9 сентябри соли 2011

Ҳудуди 170 сарбози фаронсавӣ, ки тайи 12 сол аз фурудгоҳи Душанбе ба амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон кумак мекарданд, бо анҷоми як маросим пойгоҳи хурдашон дар ин фурудгоҳро тарк гуфтанд.

Гурӯҳе аз нерӯҳои фаронсавии паймони низомии НАТО, ки 12 сол боз дар Тоҷикистон мустақар буданд, ба маъмурияти низомии худ хотима додаанд ва қарор аст ба зудӣ ба Фаронса баргарданд. Сарбозони Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе, ки дар ҷанг ба зидди Толибону тундравони дигар дар Афғонистон кӯмак мекарданд, рӯзи 28-уми август бо баргузории як маросим парчами Фаронсаро дар фурудгоҳ поин оварданд ва бо ҳамин ҳузури низомии онҳо дар Тоҷикистон хотима ёфт.

Як манбаъ дар сафорати Фаронса баргузории ин маросим дар фурудгоҳи Душанберо таъйид кард, вале гуфт, ба далели ҳузур надоштани сафири Фаронса дар Тоҷикистон хабари мазкурро шарҳ дода наметавонад. Ба қавли ӯ, ҳоло на ҳамаи сарбозони фаронсавӣ Душанберо тарк кардаанд.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи Душанбе рӯзи 29-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ маросими хотимаи маъмурияти нерӯҳои фаронсавӣ дар Тоҷикистон бо ҳузури фармондеҳони нерӯҳои он кишвар ва мақомоти Тоҷикистон баргузор шудааст. Баъди оғози амалиёти байналмилалии зиддитеррористӣ ва ҷанг бар зидди Толибон дар Афғонистон, Тоҷикистон бо вуҷуди мухолифатҳои Русия, ки дар ҳамин фурудгоҳ пойгоҳ дошт, бахше аз фурудгоҳи Душанберо дар ихтиёри нерӯҳои Фаронса, як узви бузургу муҳими НАТО аст.

Дар ин пойгоҳи хурд тайи 12 соли гузашта, 170 сарбози нерӯҳои ҳавоии Фаронса барои мусоидат дар амалиётҳо дар Афғонистон ва кӯмак дар ҷангҳо ба зидди тундравону террористон мустақар буданд. Масъулияти ин сарбозон кӯмак ва дастгирии воҳидҳои низомии Фаронса дар Тоҷикистону Афғонистон ва аз ин роҳ мусоидат кардани онҳо дар амалиётҳои ҷангии байналмилалӣ буд. Аз тариқи ин пойгоҳи хурди Фаронса, ки солҳои аввал пойгоҳи низомӣ ва ҳавопаймоҳои Русия низ дар канори он буд, ҳазорон нафар аз сарбозони нерӯҳои НАТО ба шумули худи Фаронса, Испания ва Олмон ба саҳнаҳои ҷанг ва барои маҳв кардани ҷангҷӯёни Толиб ва дигар гурӯҳҳои тундрав ба Афғонистон рафта ва дар онҷо ҷангидаанд.

Сарбозони фаронсавӣ дар солҳои 2005 то 2007 ба нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон ва аз ҷумла ба нерӯҳои ҳавоӣ, таъмини ҳавопаймоҳои ҷангӣ бо маводи сӯхт кӯмак кардаанд. Нерӯҳои ҳавоии Фаронса то кунун дар фурудгоҳи Душанбе ҳавопаймои борбари С-160 Транзал доранд. Пойгоҳи ҳавоии Фаронса дар Душанбе, ҳамчунин ҳангоми табдили нерӯҳои Фаронса дар Афғонистон дар интиқоли сарбозони ин кишвар ба Аврупо ва аз онҷо ба кишвари ҳамсояи Тоҷикистон кӯмак кардааст.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, дар расми хотимаи маъмурияти нерӯҳои Фаронса дар Тоҷикистон, фармондеҳони ин нерӯҳо ба давлати Тоҷикистон барои кӯмаку мусоидат дар иҷрои вазифаҳое, ки сарбозони Фаронса дар як даҳсолаи гузашта анҷом доданд, изҳори ташаккур кардаанд. Дар ин маросим аз рӯи лавҳе пардаборӣ шуд, ки дар он лавҳ ному насаби сарбозони фаронсавие дар Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки дар Тоҷикистон хидмат карданд.

Терминали нави фурдугоҳи Душанбе
Терминали нави фурдугоҳи Душанбе

Ҳарчанд давлати Тоҷикистон пойгоҳи мазкурро ройгон дар ихтиёри Фаронса гузошт, аммо дар муддати ҳузур дар кишвар, хатти парвози фурудгоҳи Душанбе аз ҳисоби Фаронса барои қабули ҳавопаймоҳои бузургу вазнин тармим шуд ва чанде пеш ҳам терминали нави фурудгоҳи Душанбе мавриди истифода қарор гирифт, ки онро ширкати фаронсавии “VINC” ва кӯмаки 20-миллионевроии Фаронса сохта ва муҷаҳҳаз кардааст.

Давлати Фаронса ҳамчунин дар ивази ҳузури пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон ба ин кишвар дар тармими мактабҳои миёнаи Душанбе, таълими забони фаронсавӣ дар ин мактабҳо кӯмак кардааст. Маъмурияти низомии нерӯҳои Фаронса дар Тоҷикистон ду моҳ пеш аз итмоми ихроҷи нерӯҳои ҷангии хориҷӣ аз Афғонистон сурат мегирад.

Қарор аст, то рӯзи 31-уми декабри имсол аксарияти сарбозони хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд, ба истиснои 10 ҳазор сарбози Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки бар асоси созишномаи дуҷониба метавонанд дар Афғонистон бимонанд. Душанберо тарк кардани сарбозони фаронсавӣ бешак ба вазъи молии фурудгоҳи Душанбе низ таъсир мегузорад, зеро фурудгоҳ бо хидматрасонӣ ба сарбозони фаронсавӣ ва ҳавопаймоҳои онҳо манфиати молӣ медид.

XS
SM
MD
LG