Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамза ва модараш шиносномаи хориҷӣ гирифтанд. ВИДЕО


Исломиддин Зайниддинов, бобои Ҳамза (Иброҳим) Тиллозода шиносномаҳои духтар ва набераашро намоиш медиҳад
Исломиддин Зайниддинов, бобои Ҳамза (Иброҳим) Тиллозода шиносномаҳои духтар ва набераашро намоиш медиҳад

Ҳамза Тиллозода, набераи 4-солаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки аз бемории саратон ранҷ мебарад, шиносномаи хориҷиашро дастрас кардааст. Вай акнун метавонад, ҳамроҳ бо модараш Мижгона Зайниддинова, ки ӯ низ имрӯз, 1-уми август шиносномаи хориҷиашро дастрас намуд, барои муолиҷа ба хориҷ аз кишвар, сафар кунад.

Исломиддин Зайниддинов, бобои Ҳамза (Иброҳим - исми паспортии кӯдак) Тиллозода ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе шиносномаҳои модару кӯдакро нишон дод.

Ҳуҷҷатҳои Ҳамза Тиллозода ҳудуди як ҳафта қабл ба Идораи шиносномадиҳӣ супурда шуда буд ва модараш авохири ҳафтаи гузашта гуфт, ки мақомот ваъда додаанд, ки рӯзҳои наздик ба онҳо шиносномаи хориҷиро хоҳанд дод.

Баъд аз онки сарнавишти Ҳамза сару садои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт, мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳеҷ монеае барои рафтани Мижгона Зайниддинова ва писараш ба хориҷ вуҷуд надорад.

Ҳамза (Иброҳим) Тиллозода, фарзанди Руҳулло Тиллозода ва набераи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон аст, ки соли 2015 аз тарси боздошт ва зиндонӣ шудан, Тоҷикистонро тарк кард ва дар хориҷ ба сар мебарад.

Ба гуфтаи хешовандонаш, мақомоти Тоҷикистон охири соли 2015 санадҳои Мижгона Зайниддинова, модари Ҳамза Тиллозода ва дигар хешовандони Муҳиддин Кабириро гирифтаанд, то нагузоранд, ки онҳо ба хориҷ бираванд. Мижгона дар сӯҳбате дар гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "шиноснома ва шаҳодатномаи таваллуди ӯву фарзандаш, "гум шудааст" ва барои ҳамин онҳо наметавонанд ба хориҷ бираванд.

Иброҳим Тиллозода ба саратони узви таносул гирифтор аст ва хешовандонаш мегӯянд, ки бояд барои муолиҷа ба хориҷа бираванд. Ба гуфтаи онҳо, имкони муолиҷаи ӯ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аввали имсол табибони Тоҷикистон Ҳамзаро, ки чанд сол боз ба саратон мубтало аст, ҷарроҳӣ кардаанд, вале бенатиҷа.

Ҳамза Тиллозода соҳиби паспорт шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:19 0:00

Хонавода ва мутахассисон мегӯянд, ки муолиҷа дар хориҷ ягона роҳи наҷоти тифли 4-сола аст. Аммо Саида Умарзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 27-уми июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, Иброҳим Тиллозода гирифтори саратони дараҷаи чорум аст ва муолиҷаи ӯ дар ҳар ҷойи дигар ҳам имкон надорад.

​"Ин кӯдак дараҷаи паҳнгаштаи саратон дорад. Дараҷаи чорум. Мо ӯро куҷо фиристонем? Бо падару модараш муассисаҳои тандурустӣ, Маркази илми саратоншиносӣ сӯҳбат карданд. Тасмим ба худи онҳост. Медонанд хешу табор, лекин инро қабул кардан намехоҳанд" – гуфт, ӯ.

Баъд аз онки сарнавишти кӯдаки 4-сола аз ноҳияи Ваҳдат сару садои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт, мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳеҷ монеае барои рафтани Мижгона Зайниддинова ва писараш ба хориҷ вуҷуд надорад. Онҳо ваъда доданд, ки ба зудӣ дар таҳияи шиноснома ба ин хонавода кӯмак мекунанд.

XS
SM
MD
LG