Кумисюни марказии интихоботи Қазоқистон рӯзи 7-уми октябр хабар дод, ки тақрибан 8 миллион нафар ё бештар аз нисфи мардуми бархурдор аз ҳаққи раъй гуфтаанд, тарафдори бунёди нерӯгоҳи атомӣ ҳастанд.
Мухолифон мегӯянд, бунёди нерӯгоҳи атомӣ харҷи зиёд дорад ва муҳити зистро олуда мекунад. Нозирони раъйпурсӣ дар бораи нерӯгоҳ дар рӯзи 6-уми октябр гуфтаанд, ки ҷараёни ин корзор олуда ба қонуншиканиҳо буд.
Чину Фаронса ва Русияву Куриёи Ҷанубӣ саъй доранд, ҳаққи бунёди нерӯгоҳро ба даст биёранд.
Қазоқистон бузургтарин тавлидкунандаи ураниум дар ҷаҳон аст ва захираҳои бузурги нафту газ дорад, вале айни замон аз норасоии нерӯи барқ ранҷ мекашад.
Қосимҷомарт Тоқаев, ки соли 2019 раисҷумҳур интихоб шуд, гуфтааст, нерӯгоҳ “бузургтарин тарҳ дар таърихи Қазоқистони соҳибистиқлол мешавад”. Ӯ рӯзи якшанбе ишора кард, ки “мехоҳад гурӯҳи ширкатҳои байнулмилалии муҷаҳҳаз бо техноголияҳои навтарин” нерӯгоҳро бисозанд.
Дар ҷараёни корзори тарғиботӣ бештар тарафдорони бунёди нерӯгоҳ садои баландтар доштанд, вале садои мухолифон аз ҳар роҳе фурӯ нишонда мешуд. Даҳҳо нафарро, ки ба зидди сохти нерӯгоҳи атомӣ садо баланд мекарданд, дар тӯли чанд ҳафтаи охир мақомоти интизомӣ дастгир карданд.
Дар Қазоқистон истифода аз нерӯи атомӣ бисёр ҳассос аст, зеро аз соли 1949 то соли 1989 дар аҳди Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар қаламрави он кишвар тақрибан 450 озмоиши атомӣ сурат гирифта, якуним миллион нафар зери олудагиҳои заҳрогини он мондаанд.
Нерӯгоҳи атомӣ дар наздикии деҳаи нимаматруки Улкен дар даштҳои Қазоқистон ва дар канори Кӯли Балхаш дувумин кӯли азим дар Осиёи Марказӣ сохта хоҳад шуд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед: