Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Ню-Йорк Мирзо Отаҷоновро ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард


Мирзо Отаҷонов, шаҳрванди Тоҷикистон муқими Амрико.
Мирзо Отаҷонов, шаҳрванди Тоҷикистон муқими Амрико.

Додгоҳи шаҳри Ню-Йорки Амрико, Мирзо Отаҷонов шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба қатли профессори яке аз донишгоҳҳои Ню-Йорк айбдор мешавад, то як моҳи оянда ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард.

Пулиси шаҳри Ню-Йорки Амрико Мирзо Отаҷонов, шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи профессори 66-сола боздошт кард. Ҷасади Ҷереми Сафран, устоди равоншиносии Донишгоҳи "The New School" шоми 8-уми май дар хонааш дар Бруклин ёфт шуд.

Телевизиони CBS гузориш дод, ки Отаҷонов бо болға ба сари профессор задааст. Расонаҳои дигар аз истифодаи корд дар ин ҳодиса хабар доданд.

Ҷей Свитчман, вакили дифои Отаҷонов рӯзи 15-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Ню-Йорк гуфт, мурофеаи нахустини зерҳимояаш Отаҷонов рӯзи 14-ум доир шуд. Ба гуфтаи Свитчман, додгоҳ Отаҷоновро то мурофеаи оянда 8-уми июн ба ҳабс маҳкум кард.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, ҷониби тафтишот айни замон Отаҷоновро ба "дуздӣ бо шикастани дари хона" ва "куштор", айбдор мекунад. Вакили дифои Отаҷонов гуфт "аз додани иттилои бештар дар мавриди ин қазия то замони анҷом ёфтани тафтишот худдорӣ меварзад". Ба Отаҷонов аз 25 соли ҳабс то зиндони абад таҳдид мекунад.

Волидони Мирзо Отаҷонови 28 сола -- Темур Отаҷонов ва Гулчеҳра Низомиддинова, ки ҳарду табиб ҳастанд, соли 2013 баъд аз бурди лотореяи "Green card" ба Амрико куч бастаанд. Яке аз пайвандони ин хонавода дар шаҳри Душанбе, ки нахост номаш бурда шавад гуфт, ба ҷуз аз Мирзо, бародаронаш Искандар ва Малик низ дар Амрико ба сар мебаранд.

Гулчеҳра Низомиддинова -- модари хонавода дар килиникаи Исроилӣ дар шаҳри Ню-Йорк ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекардааст. Худи Мирзо Отаҷонов яке аз донишгоҳои шаҳри Ню-Йоркро бо ихтисоси биолог хатм кардааст. Тавре Отаҷонов дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии "LinkedIn" навиштааст, ӯ соли 2012 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе хатм карда, дар яке аз бемористонҳои пойтахт фаъолият доштааст.

Расонаҳои амрикоӣ аз қавли пулис навиштанд, ки Мирзо Отаҷонов дар қатли бераҳмона ва ҳам ғорат дар манзили профессори сокини минтақаи Бруклин муттаҳам мешавад. Телевизиони CBS гузориш дод, ки Отаҷонов бо болға ба сари профессор задааст. Расонаҳои дигар аз истифодаи корд дар ин ҳодиса хабар доданд.

Аммо худи Отаҷонов дар наворе, ки расонаҳои амрикоӣ нашр карданд, мегӯяд, ӯ "гунаҳкор нест" ва танҳо "аз худ дифоъ кард". Нашрияи "Ню-Йорк Пост" аз қавли модари Отаҷонов навиштааст, "ба чунин рафтори писараш бовар надорад". Вай гуфтааст, писараш як бачаи нармтабиат буда, магистри улуми биология аст.

Расонаҳои амрикоӣ менависанд, Мирзо Отаҷонов хуб шоҳмот бозӣ мекард ва як муддат ба ҳайси устоди шоҳмот низ фаъолият кардааст. Ҳамзамон гуфта мешавад, Мирзо Отаҷонов соли 2016 бо иттиҳоми кӯшиши таҷовузи як сайёҳи 23-солаи канадагӣ боздошт шуда, баъдан ин иттиҳом аз номаш бардошта шуд.

XS
SM
MD
LG