Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистони асри 21 аз нигоҳи 20 донишманд


Дар Ҳиндустон китобе бо номи “Тоҷикистон дар асри 21” нашр шудааст, ки дар он роҳи мушкили то имрӯз тайкардаи ин кишвар ва чолишҳои имрӯзааш ба риштаи таҳлил кашида шудааст.

Нашриёти “Пентагон Пресс”-и Ҳинд китоби наверо таҳти унвони Tajikistan In The 21st Century: Society, Politics And Economy (“Тоҷикистон дар асри 21: Ҷомиа, сиёсат ва иқтисод”) бо забони англисӣ нашр кард. Дар ин китоб дар таҳрири профессори донишгоҳи Ҷавоҳирлаъл Неҳрӯи шаҳри Деҳлии нав доктор К.Варику ва иқтисодшиноси тоҷик профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров 20 асари илмию публитсистӣ гирдоварӣ шудааст. 13 муаллифи мақолаҳои нашршуда донишмандон аз Тоҷикистон, чори дигар аз Ҳинд ва се нафар аз кишварҳои Ғарб будаанд.

Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон, ки дар расми муаррифии китоби “Тоҷикистон дар асри 21” ширкат кардааст, рӯзи 3 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ташаббуси таълифи чунин китоб як ибтикори худҷӯши ҷамъиятҳои илмии ду кишвар буд, ки барои муаррифии Тоҷикистон ва шинохти хубтари ин кишвар, албатта, кӯмак хоҳад кард: “Ин як китоби ҳама илмию публитсистӣ ва ҳам илмист. Ҳамчун кори илмӣ ин як маъхаз аст. Ин китоб ҳамчунин баёнгари рағбати олимону коршиносони кишварҳои дигар ба Тоҷикистон аст.

Мирзошариф Ҷалолов
Мирзошариф Ҷалолов

Албатта, онҳо аз дидгоҳи манфиатҳои кишварҳои худашон таҳқиқ мекунанд, вале ба сурати умум, ин як ташаббуси хуб буд.”

Доктор Варику дар Мактаби таҳқиқоти байналмилалии Донишгоҳи Неҳрӯ масоили Осиёи Миёнаро пажӯҳиш мекунад ва ҳамчунин дабири кулли Сандуқи таҳқиқотиву фарҳангиии Ҳимолой аст ва “Тоҷикистон дар асри 21” бо ҳимояти молии ҳамин Сандуқ чоп шудааст. Ин ниҳоди таҳлилӣ масоили марбут ба Кашмир, кишварҳои атрофи кӯҳистони Ҳимолой ва Осиёи Марказиро таҳқиқ мекунад.

Дар китоб бо мурури кӯтоҳе ба таърихи Тоҷикистон аз замони таъсисаш дар соли 1924, гуфта мешавад, ин кишвари кӯҳистонӣ ва маҳрум аз роҳҳои дастрасии мустақим ба бандарҳои баҳрӣ дар байни Афғонистон дар ҷанубу Чин дар Шарқ ва коридори кӯтоҳи Вахон, ки то ба минтақаи Гилгити Покистон мебарад, дар як ҳоли осебпазир қарор дорад.

Аз нигоҳи амниятӣ, осебпазирии Тоҷикистон, ба ақидаи муаллифон, дар баробари чолишҳое, чун терроризми фаромарзӣ, ифротгароии мазҳабӣ ва қочоқи маводи мухаддир хеле маҳсус аст. Тоҷикистон, ки дар солҳои 90 панҷ соли ҷанги хунин ва харобиовари шаҳрвандиро таҷриба кардааст, ба навиштаи муаллифони китоби “Тоҷикистон дар асри 21”, дар замони Шӯравӣ фақиртарин кишвари он паҳно маҳсуб мешуд ва то ҳол фақиртарин кишвар дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва дар муқобили таконҳои беруна сахт осебпазир боқӣ мондааст.

Бино ба гузориши нашрияи ҳиндии “The Asian Age”, дар расми муаррифии китоб, Лукаш Чандра, вакили собиқи парлумони Ҳинд ва раиси Шӯрои равобити фарҳангии он кишвар гуфтааст, Тоҷикистону Ҳиндро муштаракоти зиёди фарҳангӣ муттаҳид мекунанд, ки аз замони

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик яке аз муҳаррирони ин китоб мебошад.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик яке аз муҳаррирони ин китоб мебошад.

зиндагии Мирзо Абдулқодири Бедил дар асри 17 сарчашма мегирад. Ин шоири шинохта дар аксари солҳои умрашро дар Деҳлӣ ба сар бурдаву дар ҳаминҷо хок шудааст ва дар Ҳинд то имрӯз бештар бо номи Бедили Деҳлавӣ маъруф аст.

Равобити дипломатии Ҳинд бо Тоҷикистон аз соли 1992 оғоз мегирад ва дар ин муддат байни ду кишвар дар соҳоти иқтисодиву низомӣ ва фарҳангӣ 59 санади ҳамкорӣ имзо шудааст. Бузургтарин тарҳи ҳамкории Душанбеву Деҳлии нав бозсозии фурудгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар тақрибан 10-километрии ғарби пойтахти Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 200-ум аст. Ҳинд барои иҷрои ин барнома ба Тоҷикистон 20 миллион доллар кумак карда буд.

Китоби “Tajikistan in the 21st Century: Society, Politics and Economy” дар китобфурӯшиҳои Ҳинд ва ҳамин тавр, дар фурӯшгоҳҳои интернетӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Барои мисол, дар amazon.com, яке аз бузургтарин фурӯшгоҳҳои Интернет ин китобро 65 доллару 95 сент нарх гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG